AСАЛ - ДАВОИ САД КАСАЛ

Асал, ки ба қавле давобахши сад дарду бемориҳост, иммунитетро мустаҳкам мекунадИн маҳсулоти табиии давобахшро мардум аз қадимулайём то имрӯз барои табобату муолиҷаи касалиҳои гуногун истифода мебаранд.


Истеъмоли асал тағояк ва буғуму устухонҳои баданро мустаҳкам сохтабемориҳои шамолхӯрӣвирусӣ ва сироятиро рафъ менамоядАсал хосияти асаборомкунӣ доштаэҳсоси тарсу ваҳмро бартараф месозадАсалро бо чойи кабуд ё оби ҷӯшомадаи хунуккардашуда якҷоя карда, пеш аз наҳорӣ истеъмол намудан фаъолияти рӯдаву меъда ва дигар узвҳои ҳозимаро муътадил менамояд.

Истеъмоли асал барои кӯдакони аз 6 сола боло дар як шабонарӯз аз 15 то 30 грамм (1 қошуқча) иҷозат дода шудааст, (агар дар бадани онҳо аз истеъмоли он аломатҳои аллергия мушоҳида нашавад). Барои муайян намудани таъсири асал ба кӯдакон нахуст дар ягон ҷои бадани кӯдак каме асал бимоледАгар давоми 1 шабонарӯз дар тифл нишонаҳои хориш ё сурхии пӯсти бадан мушоҳида нашавад, пас метавон хулоса намуд, ки истеъмоли асал ба онҳо зараровар нест.

Истеъмоли асал барои паст фаровардани таби баланди кӯдакон ва бартараф намудани бемориҳои камхунӣ мусоидат намуда, меъёри гемоглабинро дар хуни инсон зиёд карда, чашмро аз хирашавӣ эмин медорадҲамчунинасал ба кӯдаконеки пешоби худро дошта наметавонандтавсия дода мешавад.

Добавить комментарий