Бойгонӣ
Июнь 2026 (4)
Май 2026 (43)
Апрель 2026 (27)
Март 2026 (12)
Февраль 2026 (31)
Январь 2026 (22)

ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ ДАР ЯК ХОНАДОНИ ТОҶИК


Ё чанд лаҳза дар меҳмонии оилаи китобдӯсту фурӯғпарвар аз шаҳри Кӯлоб
Китоб танҳо сарчашмаи дониш нест, балки чароғест, ки роҳи зиндагии инсонро равшан месозад. Вақте муҳити оила бо мутолиа, маърифат ва эҳтиром ба илму дониш пайванд мехӯрад, фарзандон низ бо руҳу андешаи солим ба камол мерасанд. Сафар ба хонадони омӯзгороне аз шаҳри Кӯлоб, ки се фарзанди онҳо аз ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мебошанд, бори дигар собит намуд, ки оилаи солим аз маърифати баланд оғоз меёбад.
Зиндагии инсон ба роҳе шабоҳат дорад, ки ҳамвору чароғон будани он аз китобхонӣ ва рӯ овардан ба илму маърифат вобаста аст. Агар инсон аз дониш дур монад, роҳи зиндагияш низ пурпечутоб, торик ва душвор мегардад.
Ҷомеаи солим аз оилаи солим сарчашма мегирад. Оилае солим ва устувор маҳсуб меёбад, ки аз ҷиҳати маънавӣ ғанӣ бошад. Хоса, дар замоне ки бе дониш, ҷаҳонбинӣ ва маърифати баланд ба зиндагии шоиста расидан мушкил аст, нақши китоб ва муҳити маърифатпарвар бештар эҳсос мешавад.
Ин навбат роҳи ман ба сӯи хонадоне буд, ки зиндагии онҳо бо китоб рангу рӯшноии дигар гирифтааст. Ба назарам, пояи ин оила маҳз бар китоб ва маърифат устувор шудааст. Ҳамаи аъзои хонадон аҳли мутолиа буда, се фарзанди онҳо аз ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мебошанд.
Ҳарчанд ин оила ҷавон аст, аммо падару модар, ки худ омӯзгор ва тарбиятгари насли ояндаанд, таълиму тарбияро аз муҳити хона оғоз намуда, онро то мактабу донишгоҳ идома додаанд. Се гулдухтари ин хонадон, ки ҳастии худро бо китоб пайванд додаанд, намунаи равшани тарбияи дуруст ва нигоҳи дурандешонаи волидон ба ояндаи фарзандонанд.
Ҳар қадар ба шаҳри Кӯлоб наздик мешудам, ҳаяҷонам бештар мегардид. Хеле дилписанд аст суҳбат бо нафароне, ки дӯсту ҳамнафаси ҳамешагиашон китоб аст.
Табиати зебои диёр, гулҳои шукуфтаи дарахтон ва талу теппаҳои сабз роҳи сафарро хотирмон месохтанд. Ончунон мафтуни манзараҳо шуда будам, ки чӣ гуна ба манзили мақсад расидам, эҳсос накардам.
Рӯзи якшанбе буд. Махсус ҳамин рӯзро барои суҳбат интихоб карда будам, зеро тамоми аҳли хонадон дар ин рӯз сарҷамъ мешуданд.
Дарвоза кушода шуд ва ман вориди ҳавлӣ гардидам. Падари хонадон – Ҳасанзода Бахтиёр маро самимона пешвоз гирифт. Ӯ саромӯзгори кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ буда, солҳои зиёд ба таълиму тарбияи шогирдон ва омода намудани мутахассисони ҷавон машғул аст. Ин марди хоксору донишманд аз сулҳу суботи кишвар шукргузорӣ мекард, ки барояш имкони хизмат ба халқу Ватанро фароҳам овардааст.
Ҳангоми ворид шудан ба ҳавлӣ, дар як гӯша модари хонадон – Дилором Мадбекова машғули нонпазӣ буд. Ӯ низ омӯзгор буда, аз фанни забони давлатӣ дарс мегӯяд. На танҳо фарзандонаш, балки чандин шогирди ӯ низ аз иштирокчиён ва ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мебошанд.
Дар гӯшаи дигари ҳавлӣ бошад, Малика ва Шукрона ба корҳои рӯзгор машғул буданд. То он рӯз ғолибони озмунро танҳо ҳамчун аҳли китоб тасаввур мекардам, аммо ин манзара нишон дод, ки духтари китобхон дар баробари мутолиа, ҳунари зиндагидориро низ хуб аз худ кардааст.
Суҳбат бо падари хонадон аз нақши падар дар тарбияи фарзанд ва дастовардҳои ҷавонон оғоз гардид. Ҳанӯз суҳбат идома дошт, ки модари хонадон бо нони гарм вориди меҳмонхона шуд. Аз пушти ӯ Шукрона дастархон ва Малика табақи оши палавро оварданд. Атрофи дастархони тоҷикона суҳбат боз ҳам гарму самимӣ гардид. Ростӣ, оши палави пухтаи барандаи Шоҳҷоизаи озмун мазаи дигар дошт.
Ин оилаи намунавӣ соҳиби чор фарзанд – се духтар ва як писар мебошанд. Духтари калонӣ айни замон дар Қазоқистон таҳсил дорад. Малика донишҷӯи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Шукрона хонандаи синфи ҳафтум буда, фарзанди хурдӣ – писарбачаи панҷсола мебошад.
Шукрона ғолиби ҷойи дуюм аз рӯйи номинатсияи «Адабиёти ҷаҳон» дар соли 2024 аст. Ӯ нақши волидайнро дар китобхон гардидани худ муҳим арзёбӣ намуда, мегӯяд, ки ҳамеша кӯшиш мекунад асарҳои тозанашри адибони ҷаҳонро мутолиа намояд.
Малика бошад, барандаи Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз рӯйи номинатсияи «Адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ» дар соли 2024 мебошад. Ӯ зимни суҳбат чунин иброз дошт: «Аввалин китобе, ки хонда будам, афсонаҳои халқии тоҷик буд. Ҳамин китобҳо маро ба ҷаҳони хаёлу ҳикмат ворид карданд. Аз ҳамон вақт муҳаббат ба китоб дар дилам ҷой гирифт. То имрӯз зиёда аз 500 китоб мутолиа кардаам. Падару модарам ҳамеша намунаи ибрат буданд ва моро ба донишомӯзӣ ҳидоят мекарданд. Дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” панҷ сол пайиҳам иштирок намудам. Лаҳзаи соҳиб шудани шоҳҷоиза барои ман эҳсоси бузурги ифтихор буд. Ман тавонистам бо ин дастовард меҳнати падару модар ва устодонамро қадр намоям».
Сайёҳат низ ғолиби ҷойи якум аз рӯйи номинатсияи «Адабиёти ҷаҳон» дар соли 2025 мебошад. Ӯ айни замон дар муассисаи таълимии Қазоқистон таҳсил дорад.
Ба гуфтаи ӯ, муҳаббат ба китоб аз модар оғоз шудааст: «Дар кӯдакӣ бештар модарамро китобхон медидам. Мо бо ҳам байтбарак мекардем ва ҳар дафъа аз ӯ шеърҳои нав мешунидем. Ин шавқи моро бештар мекард. Пирӯзӣ дар озмун натиҷаи шаш соли талош буд. Аз китобҳое, ки мутолиа кардаам, романи “Гузаргоҳи тӯфонӣ”-и Эмили Бронте бештар писандам аст. Орзу дорам дар оянда мисли падару модарам китобхонаи шахсии худро дошта бошам».
Суҳбат ончунон самимӣ ва ҷолиб буд, ки тарки он муҳит душвор менамуд. Пеш аз хайрухуш соҳибони хона китобхонаи шахсии худро нишон доданд. Дар рафҳои китоб ҳазорон нусха адабиёти ҷаҳон ҷой гирифта буд. Болои мизи китобхонӣ бошад, китоби «Шоҳнома» кушода гузошта шуда буд.
Воқеан ҳам, ин хонадон намунаи ибрат аст. Дар баробари тарбияи фарзандони донишманд, онҳо ҳунарҳои миллиро низ фаромӯш накардаанд. Духтарон пухтупаз, дӯзандагӣ, тоқидӯзӣ ва чакандӯзиро низ уҳдабаро мебошанд.
Ба чунин оилаҳои маърифатпарвар, ки бо китоб чароғи зиндагии худро равшан нигоҳ медоранд, ҳазорон аҳсан бояд гуфт.

Раҳимҷони ВАТАН, рӯзноманигор
Похожие новости:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Варзиш / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019
Серхонандаҳо