Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
09 июл 05:01Маърифат ва тандурустӣ
МАРКАЗИ УМЕДУ ДАСТГИРӢ
“Мо ба раванди солимгардонии маъюбон, дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакони ятиму бесаробонмонда, оилаҳои камбизоат ва дастрасии онҳо ба хизматрасонии тиббиву иҷтимоӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дар ин самт ҳамаи тадбирҳои саривақтиро амалӣ карда истодаем”.
Ҳар шахс дар ҷомеа мақсад, вазифа ва ҳадафҳои худро дорад. Яке мехоҳад дар ҷомеа соҳиби обрӯву нуфуз шавад, дигаре мехоҳад ба Ватан - Модар хизмат намояд. Сеюмӣ тинҷиву оромии меҳанро аз ҳама хушбахтиҳои зиндагӣ боло дониста, ҳадиси шукрона ба лаб қаноатмандона умр ба сар мебарад.
Дар ҷомеа ҳастанд оилаҳое, ки кӯдакони дорои имконияташон маҳдуд дошта, ниёз ба кумаку дастгирии саховатмандонанд. Шукри осоиштагию пешравиҳои Ватани азизамон, ки имрӯз соҳибкорону хайрхоҳони зиёде дорем, ки бо роҳу василаҳои гуногун ба шахсони эҳтиёҷманд кумак мерасонанд, ки ба кӯдакони дорои имконияташон маҳдуд ва оилаҳои онҳо кумак мерасонад, Ташкилоти ҷамъиятии “Эҳё ва дастгирӣ” дар вилояти Хатлон яке аз чунин ташкилоҳое мебошад. Оид ба самтҳои фаъолияти ташкилоти мазкур суҳбате доштем бо намояндаи он Ҳоҷизода Ғайбулло Шодӣ.
-Муҳтарам Ғайбулло Шодӣ вобаста ба таъсис ва фаъолияти ташкилоти ҷамъиятии “Эҳё ва дастгирӣ” дар вилояти Хатлон чанд сухан мегуфтед.
-Ташкилоти ҷамъиятии “Эҳё ва дастгиртӣ” аз соли 2008 инҷониб дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон фаъолият дорад. Мақсади асосии ташкилот тандармонии кӯдакони дорои имконияташон маҳдуди вилояти Хатлон аст. Дар фаъолияти беш аз даҳсолаи худ ташкилоти мо ба зиёда аз ҳазор нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд кумакҳои гуногуни молию тиббӣ расонидааст. Вазифаи асосии мо беистифода аз маводҳои доруворӣ ва сӯзандоруҳо тандармонӣ намудани кӯдакони маъюб аст.
- Ташкилоти шумо бештар дар кадом шаҳру ноҳияҳои вилоят фаъолият мекунад?
- Дар ҳудуди вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар маркази ташкилот ва дар ноҳияҳои Хуросону Абдураҳмони Ҷомӣ нуқтаҳои Марказ фаъолият доранд. Бо беҳтар шудани вазъияти молиявии ташкилот дар ноҳияҳои Хуросон ва Абдураҳмони Ҷомӣ нуқтаҳои ташкилот ба марказ табдил гардида, мустақил шуданд. Аз ин метавон гуфт, ки бештар ба ташкилоти мо сокинону шаҳрвандони шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Леваканд, Кӯшониён, Вахш, Хуросон ва Абдураҳмони Ҷомӣ муроҷиат мекунанд.
- Аз кадом усулҳои тандармонӣ истифода мебаред?
-Мо барои беҳтар намудани солимии кӯдакони маъюб аз усулҳои гуногун, беистифода аз маводҳои доруворӣ машғулиятҳо мегузаронем. Ба мо бештар кӯдаконеро меоранд, ки нутқи равон надоранд. Сухан гуфта ва ё роҳ гаштаву нишаста наметавонанд. Мо барои барқарор намудани солимии кӯдакон бо онҳо машқҳои шавқовар, маҳсҳои гуногун, машғулиятҳои равонӣ, таълимӣ, машқҳои инкишофдиҳандаи нутқ мегузаронем ва бо истифода аз гиёҳҳои шифобахш тандармонӣ мекунем. Айни ҳол 17 нафар кормандоне, ки бо кӯдакони маъюб сару кор доранд, мутахассисони дорои маълумоти тиббӣ буда, курсҳои махсусро гузаштаанд.
-Ба ташкилоти ҷамъиятии “Эҳё ва дастгирӣ” чӣ гуна бояд муроҷиат кард?
-Дилхоҳ шахс метавонад ба мо муроҷиат намояд. Мо кормандони махсус, кейс - мененҷер дорем, ки вазифаашон тарғиб намудани ташкилот аст. Онҳо оилаҳои дорои кӯдакони маъюбро ёфта, бо волидонашон ҳамсуҳбат мешаванд ва шарту шароитро ба онҳо мефаҳмонанд. Ҳамзамон бо ташкилотҳое, ки ба ҳамин масъалаҳо сару кор доранд, ҳамкорӣ дорем ва онҳо ба ин гуна оила ё шахсон ташкилоти моро тавсия медиҳанд. Дар Маркази мо кӯдакону наврасони имконияташон маҳдуди аз як то 20 соларо қабул мекунем.
- Оё тамоми хизматрасониҳои мутахассисони шумо барои кӯдакон ройгон аст?
- Оре, Марказ аз ягон тан маблағ талаб намекунад, аммо омаду рафти онҳо аз кадом шаҳру ноҳияе, ки набошанд, аз ҳисоби худи оилаҳо сурат мегирад. Мувофиқи оинномаи ташкилот шартномаи мо бо кӯдакони имконияташон маҳдуд ба муддати то шаш моҳ баста мешавад. Дар ҳолати дар муддати муайяншуда барномаи таҳиянамудаи мо пурра иҷро нагардад, шартнома тамдид карда мешавад. Вақте барнома пурра иҷро шуду вазъи маъюб беҳтар гардид, шартнома дар муддати муайяншуда, ё пеш аз муҳлат қатъ карда шуда, нафари таҳти назорат аз қайди мо бароварда мешаванд. Вале, агар кӯдакон хоҳиши ба марказ омаданро дошта бошанд, ягон монеа дар ин ҷо мавҷуд нест.
- Машғулиятҳои шумо дар куҷо гузаронида мешавад?
- Машғулиятҳои мо асосан дар хонаи худи кӯдакони маъюб ё дар утоқҳои Марказ гузаронида мешавад. Аммо таҷрибаи кории мо нишон дод, ки гузаронидани машғулиятҳо дар хона чандон самаранок нест. Аз ин рӯ, мо кӯшиш мекунем бештар кӯдаконро аз хона берун барорем. Онҳо ҳангоми ба Марказ омадан одамони гуногунро мебинанд, дар ин ҷо бо кӯдакони ҳамтақдиру ҳамсоли худ вохӯрда, бо омӯзгорону равоншинсон ва дигар кормандони мо ҳамсуҳбат шуда, фикру андешаашон ба зиндагӣ тағйир меёбад. Онҳо бо мурури вақт ба ҳаёти муқаррарӣ одат карда, маъюбии худро каме фаромӯш мекунанд. Дар таҷрибаи фаъолияти мо дар ин ҷода даҳҳо кӯдакону наврасони беморро солим гардонидаем, ки то имрӯз бо мо дар иртиботанд. Вақте дар чеҳраи модарону пайвандонашон хандаро мебинем, рӯҳу илҳоми тоза мегирем. Пешрафту комёбиҳои назаррас дар самти солимгардонии кӯдакони имконияташон маҳдуд аст, ки имрӯз ҳар нафар аз корманди ташкилоти мо вазифаи касбии худро чун рисолати муқаддас дӯст медорад.
-Ба ҷузъ аз тандармонӣ ТҶ “Эҳё ва дастгирӣ” боз чигуна корҳоро ба анҷом мерасонад?
-Дар ҳамкорӣ бо шарикони гуногун ташкилоти ҷамъиятии “Эҳё ва дастгирӣ” дар ҳар иду ҷашнҳои гуногун ба парасторони марказҳо кумакҳои гуногуни молиявӣ, иқтисодӣ ва тӯҳфаҳо расонида мешавад. Дар ин ҷо метавон ҳамкориҳои Сарраёсати молияи вилояти Хатлон, КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон шаҳри Бохтар ва ғайраро бо Марказ самарабахш арзёбӣ намуд. Ҳамзамон мо метавонем, дар доираи ҳамкориҳоямон ба кӯдакони маъюб барои идомаи тандармонӣ роҳхатҳо ба осоишгоҳҳо ва санаторияҳои тиббӣ – давлатӣ диҳем. Аз ҷумла, чунин роҳхатҳо ба санаторияҳои шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Варзоб, Муъминобод, Ҷайҳун, Ҳамадонӣ ва ғайра дастрас карда мешавад.
- Дар оянда чӣ нақшаҳое рӯи даст доред?
-Аз 1 майи соли ҷорӣ лоиҳаи нави мо таҳти унвони “Пешсаф” бо дастгирии ЮНИСЕФ оғоз гардид, ки мақсади он дастгирии ҷавонони соҳибистеъдоди маъюб мебошад. Дар доираи лоиҳа наврасон ва ҷавонони аз 14 то 24 ҷалб карда мешавад. Дар умум метавон гуфт, ки мақсади лоиҳаи “Пешсаф” дастгирии ҷавонони маъюб, муаррифии онҳо ва корҳояшон мебошад. Аз ҷавонони маъюбе, ки дорои истеъдод мебошанд ва лоиҳаҳо доранд, даъват менамоям, ки ба маркази мо муроҷиат намоянд, то лоиҳаҳои онҳо муаррифӣ гардида, дар амал татбиқ шаванд.
Дар охир ба ҷавонон, махсусан шахсони дорои имконияташон маҳдуд муроҷиат карда, гуфтаниям ки ҳеҷ гоҳ худро танҳо эҳсос накунанд. Зеро ТҶ “Эҳё ва дастгирӣ” дар роҳнамоии онҳо ба ҳаёти солиму зиндагии шоиста омода аст.
Ташаккур барои суҳбат!
Толиб Толибзода
Добавить комментарий
Ахбор
Наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд 14:48БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ 14:10ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 15:25ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 13:51Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ 12:11Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ” 14:31Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда 13:54Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад 14:12
Серхонандаҳо
БЕШ АЗ 2940 КОМПЮТЕР ТАЪМИР КАРДА ШУД
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН ЕВРО
Кӯшониён. Тақдими сару лисоби зимистона ба ятимони кул
“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД
ВАХШ. 23 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
САОДАТИ БУЗУРГ - РӮЗИ ЭҲЁИ ВАТАН
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ХАТЛОН
Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД