Бойгонӣ

Терроризм ва экстримизми динию сиёсӣ дар замони муосир

     Тоҷикистон ҳамчун субьекти муносибатҳои байналмилалӣ ва ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз рӯи мавқеи географии худ дар минтақаи бархурди манфиатҳои мамлакатҳои абаркудрати дунё қарор дорад. Аз ин ҷост, ки аз солҳои 90-уми қарни гузашта, дар натиҷаи инқирози сохти ҷаҳонии сотсиализм ва фурӯпошии давлати Шӯравӣ, фаъолияти мақсадноки гурӯҳои террористиву экстримистии байналмилалӣ аз тарафи як қатор мамлакатҳои манфиатҷӯй ва мақомотҳои махсуси онҳо пуштибонӣ ва мағлабгузорӣ гардида, роҳ ва усулҳои гуногуни амалисозии лоиҳаҳои зиддиинсонии онҳо тарҳрезӣ мешаванд.
     Ҷангҳои дар Ҷумҳуриҳои Ироқ, Сурия ва Афғонистон ба амал омада ва иштироки бевоситаи баъзе шаҳрвандони ноогоҳи кишвари мо  дар ин муноқишаҳо, ҳамчунин афзудани ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстримистӣ дошта дар дохил ва хориҷи кишвар аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар мамлакатҳои Осиёи Миёна дар солҳои охир таъсири ҷараёнҳои ифротии  Ҳизб-ут-таҳрир, Ваҳҳобия , Ҷамоати Таблиғ, ба ном  Давлати исломии Ироқу Шом (ДиИШ) ва Салафия, ки яке аз шохаҳои ташкилоти экстримистӣ-террористии «Бародарони мусалмон» мебошанд, зиёд гардидааст. Мақсади ниҳоии ин ташкилотҳои иртиҷоӣ, махсусан ҷараёнҳои Салафия ва Давлати исломӣ  дар тамоми  давлатҳои мусулмонтабори олам, аз ҷумла дар Осиёи Миёна созмон додани давлати исломӣ дар шакли  «Хилофат»-и асримиёнагӣ мебошад.Ин аст, ки баробари ба миён омадани инқилобҳои   «Баҳори арабӣ» онҳо ба қатлу куштори даҳшатангез оғоз намуда, ёдгориҳои беҳамтои таърихиро ваҳшиёна несту нобуд сохтанд то аҳолии осоиштаро аз хотираи  таърихӣ ва тамаддуни  гузаштагонашон  маҳрум   намоянд.
Дар Тоҷикистон аксари шаҳрвандон пайрави мазҳаби бузургтарини дини мубини ислом-Ҳанафия ба шумор рафта, танҳо наздики 3 фоизи аҳолиро пайравони  шиа ( равияи исмоилия) ташкил медиҳанд. Ворид шудани мафкураи салафӣ-ваҳобӣ дар ҳаёти маънавӣ ва арзишҳои динии  мардуми тоҷик аз мудохилаи бевоситаи ташкилотҳои иртиҷоии байналмилалӣ шаҳодат дода, афкори онҳо ба муқобили мазҳаби  мо равона буда, бидуни асосҳои илмӣ, эътиқоди динӣ ва равонию ақлонӣ шаҳрвандонеро, ки бо онҳо ҳамфикр нестанд «кофар» ва бедин» эълон менамоянд. Салафиҳо худро пайравони салафи солеҳ (арабӣ, салаф-гузаштагони накӯкор) ҳисобида, баъд аз 1400-соли густариш ва ҷаҳонишавии дини мубини ислом, даъвои баргаштан ба исломи давраи пайғамбари гиромӣ (с.а.)  ва замони саҳобагони солеҳро доранд. Аммо онҳо аз рӯи ғоя ва ақаидаҳояш идомаи мантиқии ваҳҳобияи асри 18 ба шумор мераванд. Тарафдорони  таълимоти салафия дар иҷрои баъзе фарзиятҳои динӣ  бо тамоми мазҳабҳои исломи суннатӣ, ки зиёда аз 75 фоизи кулли мусулмонони оламро ташкил месозанд зид буда, масъалаи тавҳид, василаи паёмбар (с.а.), зиёрат кардани мазорҳо, хондани оят баъди адои намозҳои панҷвақта, дуову гиромидошти гузаштагон дар сари қабрҳо, хайру садақа, эҳтироми волидайн, ҳурмати устодону соҳибилмон, пос доштани ёдгориҳои миллию таърихӣ  ва дигар эътиқодоти суннатии исломро инкор месозанд.
Миёнаҳои солҳои 80-уми асри ХХ пешвоёни равияи номбаршуда дар минтақаҳои ҷанубии ҷумҳурӣ пайравони худро пайдо карда, таълимоти динии ҷараёни "ваҳҳобия"-ро густариш доданд, ки боиси зиддиятҳои мазҳабӣ гардида ба оғози ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонид.   Аз таърихи фоҷиабори миллати тоҷик дар солҳои 90-уми асри ХХ   ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ муддати зиёде нагузаштааст. Қувваҳои бадхоҳи дохилию хориҷӣ ва гумоштагони зархариди онҳо мардуми зудбовар ва софдили моро ба гирдоби ҷангу хунрезӣ кашида, дар байни минтақаҳои ҷудогонаи кишвар бо вуҷуди он, ки аксарият пайрави маҳзаби ҳанафӣ буданд, тавонистанд сангарҳои маҳаллӣ бунёд сохта, миллатро қисмат намоянд. Ноогоҳӣ аз  таъриху тамаддуни миллат,  набудани ҳисси худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва дигар арзишҳо буд, ки душманони миллат тавонистаанд мардуми кишварро бо ёрии таблиғоти ғаразноки яктарафаи динӣ ва маҳалгароӣ ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ   кашида, нақшаи нобуд сохтани давлат ва миллати тоҷикро тарҳрезӣ созанд. Дар ҳоле, ки давлатҳои соҳибистиқлоли ҳамсоя нақшаҳои ободию созандагӣ доштанд ва ба дигар масоили пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёти кишварашон машғул буданд,  дар Тоҷикистон ҷанги бародаркуш сар шуд. Дар натиҷаи ҳодисаҳои шаҳрвандӣ дар кишвар  зиёда аз 100-ҳазор аҳолии  ҷумҳурӣ ба ҳалокат расида , наздики 1-млн. нафар ба гурезагони дохилию хориҷӣ табдил ёфта, зарари молиявӣ-иқтисодии кишвар бештар аз 10-млрд долларро ташкил мекард. 
Пешвоёну пайравони ҷараёнҳои мазкур ҳангоми фирор намудани аҳолии ноҳияҳои ҷанубии кишварамон ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки дар асоси манбаҳои гуногун аз 62 то 90-ҳазорро ташкил мекарданд,  вазъияти ба амаломадаро истифода карда, ҷавонони гурезаи тоҷикро ба мадрасаву донишкадаҳои исломии Ҷумҳурии Исломии Покистону Эрон, Мисру Арабистони Саудӣ, Яману Сурия дохил карданд, то  онҳо таълимотҳои динии мухолиф ба мазҳаби ҳанифиро аз худ кунанд. Ин аст, ки дар   асоси ақидаҳои таҳрифшудаи салафӣ аз солҳои   90-ум инҷониб, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилотҳои экстемистӣ-террористии гуногун бо номҳои “Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ”, “Ҳизб-ут-Таҳрир”, “Салафия”, “Созмони таблиғот”, “Ансоруллоҳ”, “Ҷабҳат-ан-Нусрат”, “Давлати исломии Ироқу Шом” ва “Тоҷикистони озод” ба таври пинҳонӣ ва ошкоро   фаъолият мекарданд.
Бояд  зикр намуд, ки тамоми фаъолияти гурӯҳои террористӣ аз хориҷи кишвар идора ва маблағгузорӣ шуда, аксари ҷорикунандагони ғояҳои “ҷиҳодӣ” ва экстремистӣ собиқ толибилмони мактабҳои махсуси ҷосусии Покистон, Арабистони Саудӣ, Яман, Миср ва Сурия мебошанд. Асоси таълимоти динии салафия- ваҳобияро ғояҳои  зиддиинсонӣ, зиддидинӣ ва зиддимаҳзабӣ ташкил менамоянд, ки ба асосҳои бунёдии Қуръони карим ва сунатҳои Пайғамбар (с.а) мухолиф мебошанд.  Ин аст, ки бо қарори Суди Олии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2001 фаъолияти “Ҳизб-ут-таҳрир”,  аз 8 январи   соли 2009 фаъолияти “Салафия”,  аз 3 майи соли 2012  фаъолияти  “Ансуруллоҳ”,   аз 30 апрели соли 2006 фаъолияти “Ҳаракати  исломии Туркистони  Шарқӣ” ва “Тоҷикистони озод” ва  аз 14 апрели   соли 2015 фаъолияти ба  ном “Давлати  исломӣ” дар  қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон  манъ   карда  шудааст. Ҳамчунин баъди кӯшиши табаддулоти давлатӣ, ки бевосита бо роҳбарии ТТЭ Ҳизби наҳзати исломӣ ба амал омад, бо қарори Суди Олии Тоҷикистон аз 17 сентябри соли 2015   фаъолияти ин ҳизб низ манъ карда шуд.  
Кӯшиши табадулоти давлатии моҳи сентябри соли 2015 бори дигар собит сохт,  ки   бадхоҳони миллати тоҷик ва зархаридони хориҷии онҳо то ҳанӯз аз ниятҳои таҳрибкоронаи хеш даст накашиданд ва мехоханд ба сари мардуми кишвари мо низоми бегонаро таҳмил намоянд. Дар ҳамин асос, хатари воқеии терроризм ва экстремизми динию сиёсии байналмилалиро  дар шароити муосири равандҳои минтақавӣ ва ҷаҳонишавӣ, ки ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид менамоянд, ба қисматҳои зерин ҷудо намудан мумкин аст.
1. Бархӯрди манфиатҳои геоиқтисодӣ ва геосиёсии давлатҳои абарқудрати дунё ва як қатор мамлакатҳои исломии минтақа дар кишварҳои Осиё Марказӣ. Махсусан, ҳодисоти сентябрӣ бори дигар собит сохт, ки баъзе  қувваҳое   сиёсии давлатҳои исломии минтақа   омилҳои умумияти забонӣ, фарҳангӣ ва урфу анъаноти ягонаро сарфи назар карда, дар сиёсати хориҷии хеш омилҳои диниро дар мадди аввал мегузоранд.    
2. Зиёд гардидани гурӯҳҳои гуногуни террористӣ дар Ҷумҳурии исломии Афғонистон. Баъди дахолати ҳарбӣ- ҳавоии Руссия дар муноқишаҳои Сурия шумораи ин гурӯҳҳо афзуда, қисми “Толибон” дар бораи содиқ будан ба ҳадафҳои «Давлати исломӣ»  қасам хӯрданд. Чунончи маълум аст, Тоҷикистон бо чор музофоти Афғонистон – Балх, Қундуз, Тахор ва Бадахшон сарҳади ниҳоят тӯлонӣ (зиёда аз 1400 км.) дошта, пайваста дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон муноқишаҳои ҳарбӣ ба амал меоянд, ки ба амнияти кишвари мо хатари воқеӣ дорад.
3. Дастгирии ҳарбӣ, пуштибонии сиёсӣ ва маблағгузории бонкиву молиявии ташкилотҳои  террористии Сурия, Ироқ ва Афғонистон  аз ҷониби аксар давлатҳои манфиатхоҳ ва дар сафҳои ҷангиёни онҳо ширкат доштани баъзе ҷавонони фирефташудаи  кишвари  мо. Махсусан, дар Афғонистон қувваҳои НАТО бо роҳбарии ИМА дар мудати зиёда аз 14 соли будубоши хеш паи роҳандозии амалиёти “Озодии шикастнопазир” дар “баробари маълумот доштан оиди истеҳсол, коркард, интиқол ва фурӯши маводи мухаддир ягон чораи мушаххаси пешгирикунанда  наандешидаанд ва ҳатто даъво мекунанд, ки нест кардани маводи мухаддир аз вазифаҳои эътилофи зиддитеррористӣ  маҳсуб   намеёбанд”
4. Дар натиҷаи буҳрони молиявии ҷаҳонӣ, ки ба иқтисодиёти Федератсияи Руссия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таъсири манфӣ расонид, бо ихтисор гардидани  ҷойҳои корӣ, ҷалб гаштани ҷавонон ба ҷараёнҳои ифротӣ дар хориҷи кишвар аз ҳисоби  муҳоҷирони меҳнатӣ,  (Федератсияи Руссия, давлатҳои арабӣ, Покистон, Туркия, Афғонистон) зиёд гардида, қисме аз онҳо дурустии  ғояҳои «Давлати исломӣ»-ро дар сохтани хилофат инкор  намекунанд.
5. Дар сомонаҳои интернетӣ ва мавҷҳои моҳворавии телевизионӣ фаъол будани шабакаҳои Висоли ҳақ, Таҳвид, Висоли порсӣ, Корвони муҷоҳиддин ва Аҳли байт, ки пайваста бо роҳҳои гуногуни ташвиқотӣ-таблиғотӣ  “мағзшӯӣ” намуда, ҷавонони аз нигоҳи сиёсӣ ташаккул наёфтаро   ба тарафи хеш ҷалб месозанд  
6. Дар  мақомотҳои масъули давлатӣ ва ҷаъмиятӣ (мактабҳо, ҷамоатҳо, марказҳои ҷавонон, масҷидҳо)  нарасидани мутахассисони  варзидаи идеологӣ, ки дар муқовимати  пурзӯри хислати глобалӣ пайдо  намудаи   эктремизм ва терроризми  динию сиёсӣ  мубориза  бурда   тавонанд  
7. Гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ, захираҳои нафту газ, ғуломфурӯшӣ, трансплантатсияи узвҳои инсон ва қочоқи ёдгориҳои таърихӣ-маданӣ дар минтақаҳои забтгардида, ки ҳамчун сарчашмаҳои асосии терроризми байналмилалӣ маҳсуб меёбанд. Танҳо дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар солҳои 2001- 2018 истеҳсоли маводи мухаддир  65   маротиба афзуда, 11000  тоннаро ташил менамояд.  
Сабақи ҷанги шаҳрвандии кишварамон бори дигар ҳамаи моро тақозо менамояд, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон минбаъд зиракии сиёсиро аз даст надода, дар атрофи Пешвои миллат, сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гарданд ва баҳри ободию шукуфоии Ватани маҳбубамон талош варзанд. Аҳком, ақида ва қимматҳои ахлоқии дини мубини ислом ва мазҳаби инсонпарваронаи ҳанафӣ дар ташаккул ва рушди ҷомеаи Тоҷикистон бояд барои таҳким ва худшиносии миллӣ, тарбияи ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, ваҳдати миллӣ, хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ, ташаккули фарҳанг ва маънавиёти аҳолии кишвар хизмати арзандаро ба анҷом бирасонад. Бояд дар тафаккури мардум чунин шакли ҷаҳонбиние тарбия карда шавад, ки бархурди ақидаҳо, гуногунандешии мафкуравӣ бори дигар миллати моро ба сангарҳои мухолиф тела надода, баръакс, қадру манзалати инсон, мақоми он дар ҷомеа ҳамчун бузургтарин мавҷудоти иҷтимоии ҳастии олам қадру қиммат дошта бошад.
Казаков Р.С, дотсенти Донишгоҳи давлатии Бохтар ба  номи Носири Хусрав
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019