Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА АЁДАТ ВА ТАБРИКИ ИШТИРОКДОРИ 103-СОЛАИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ РАФТАНД
Имрӯз, 7 май, бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба манзили истиқоматии иштирокдори Ҷанги Бузурги Ватанӣ Сафаралӣ Файзалиев ташриф оварда, ӯро ба муносибати 81-солагии Рӯзи Ғалаба самимона табрику муборакбод намуданд.
Зимни суҳбати самимӣ раиси вилоят аз саҳми арзишманди ин фарзанди шуҷои Ватан дар ҳифзи марзу буми собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ва пирӯзӣ бар фашизм ёдовар шуда, таъкид карданд, ки ҷасорату қаҳрамонии иштирокдорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамеша мояи ифтихори миллат ва намунаи олии ватандӯстӣ барои наслҳои имрӯзу оянда мебошад.
Раиси вилоят ба Сафаралӣ Файзалиев тани сиҳат, рӯзгори орому осуда, файзу баракат ва саодати рӯзгор орзу намуда, иброз доштанд, ки давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қадршиносии иштирокчиёни ҷанг, собиқадорон ва шахсони хизматнишондода таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.
Дар идомаи аёдат ба иштирокдори ҷанг туҳфа ва кумакҳои моддӣ расонида шуд. Аз ҷумла, туҳфаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ, кумакпулии раиси вилояти Хатлон ба маблағи 15 ҳазор сомонӣ ва туҳфаи раиси шаҳри Бохтар ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ тақдим гардид.
Инчунин, раиси вилоят супориш доданд, ки хонаи истиқоматии ӯ пурра аз нав сохта шуда, бо тамоми шароитҳо таъмин карда шавад.
Сафаралӣ Файзалиев соли 1923 дар деҳаи Хосами ноҳияи Балҷувон ба дунё омадааст. Солҳои 1938–1941 дар Кумитаи мададгори мудофиаи ҳарбӣ таҳсил намуда, соли 1941 дар синни 18-солагӣ ба сафи Артиши Шуравӣ даъват гардидааст. Ӯ хизмати ҳарбиро дар полки 229-уми “Байрақи Сурх”-дори тирандозии фронти Украина оғоз намуда, дар набардҳои шадиди шаҳрҳои Харков, Воронеж, Курск, Киев ва дигар муҳорибаҳои озодихоҳона иштирок кардааст.
Дар майдони ҷанг шуҷоату далерии фавқулода нишон дода, ду маротиба ҷароҳат бардоштааст. Баъдан, ҳамчун маъюби гурӯҳи дуюм то соли 1946 дар аэродроми ҳарбии шаҳри Қазон хизмат намуда, паёми таърихии Ғалабаро низ дар ҳамон ҷо шунидааст.
Барои хизматҳои шоён ва ҷасорати намунавӣ Сафаралӣ Файзалиев бо орденҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, 12 медалу нишонҳои сарисинагӣ ва ифтихорномаҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст.
Баъди бозгашт ба Ватан солҳои зиёд дар соҳаи кишоварзӣ ва дигар бахшҳои хоҷагии халқ фаъолияти пурсамар намуда, дар ободонии диёр ва тарбияи насли ҷавон саҳми арзанда гузоштааст. Имрӯз низ ӯ ҳамчун шахсияти обрӯманд ва фаъоли ҷамъиятӣ дар миёни мардум эҳтироми хосса дорад.
Таъкид гардид, ки ҷавонони имрӯзаи кишвар анъанаҳои пуршарафи ҷангиву меҳнатии насли калонсолро идома дода, дар ҳифзи сулҳу субот, амнияти давлат, якпорчагии кишвар ва таҳкими Истиқлоли давлатӣ содиқона хизмат менамоянд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон
Добавить комментарий
Ахбор
ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ 12:07КӮШОНИЁН. 10 КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД 12:02ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – КАФИЛИ РУШДИ УСТУВОРИ ТОҶИКИСТОН 11:57ИҶЛОСИЯИ ШАШУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН, ДАЪВАТИ ҲАФТУМ БАРГУЗОР ГАРДИД 14:52МАРКАЗИ САЛОМАТИИ ШАҲРИ БОХТАР ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗӢ МЕШАВАД 11:48БОХТАР. ФУТБОЛИ ЗАНОНА ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ 13:48БОХТАР. БЕШ АЗ 11 ҲАЗОР НАФАР КӮДАКОНУ НАВРАСОН БА ИСТИРОҲАТ ФАРО ГИРИФТА МЕШАВАНД 16:49ДОНОРОНИ ХУН ЗИЁД ШУДААНД 13:01
Серхонандаҳо
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ДАР ЧИЛДУХТАРОНИ МУЪМИНОБОД
МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО НАМОЯНДАГОНИ МАГАТЭ: ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО БАРОИ РУШДИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ
ДОНОРОНИ ХУН ЗИЁД ШУДААНД
Ҷ. БАЛХӢ. АЗ НАҚША ЗИЁД ИНШООТ БУНЁД ШУД
ДАНҒАРА. МАЙДОНЧАИ НАВИ ВАРЗИШӢ ИФТИТОҲ ГАРДИД
БОХТАР. БЕШ АЗ 11 ҲАЗОР НАФАР КӮДАКОНУ НАВРАСОН БА ИСТИРОҲАТ ФАРО ГИРИФТА МЕШАВАНД
Ҷ. Балхӣ. Мумфаршкунии 6 километр роҳ оғоз гардид
БОХТАР. ФУТБОЛИ ЗАНОНА ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ
ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ ДАР ЯК ХОНАДОНИ ТОҶИК
ҶОМЕАИ ҚОНУНМЕҲВАР – КАФИЛИ ФАРДОИ ДУРАХШОН



