Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
НАХУСТНАМОИШИ “МЕТРАНПАЖ” ДАР ТЕАТРИ ВИЛОЯТӢ
Дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар нахустнамоиши намоишномаи “Метранпаж” аз рӯи асари Александр Вампилов баргузор гардид. Намоишнома дар таҳияи коргардон Сафаров Кароматулло рӯи саҳна омада, ба ҳаводорони санъати театрӣ пешкаш шуд.
Дар намоиш ҳунармандон бо бозии ҷолибу касбӣ муҳтавои асарро инъикос намуда, лаҳзаҳои пурмазмуну таъсирбахшро манзури тамошобинон гардониданд. Мавзӯи намоишнома бештар масъалаҳои ахлоқӣ, муносибатҳои инсонӣ ва воқеиятҳои зиндагиро фаро гирифта, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба худ ҷалб намуд.
Ҳамзамон, кормандони ташкилоту муассисаҳои гуногун дар тамошои дастаҷамъонаи намоишномаи театрӣ иштирок намуда, аз ҳунару маҳорати аҳли театр таассуроти хуб бардоштанд.
М. Маҳмадалиев
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо




