Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
РИШТАИ МЕҲР
(Ҳикоя)
Деҳаи Сафедоб дар бағали кӯҳҳои баланди сердолу дарахт воқеъ аст ва пиряхи бузурги Кавдал онро “посбон”. Зери дурахши хуршед барф бо ҷилои рангини худ об гашта, бо хатҳои чун ришта борик ба поён мерехт. Аз оби ҷӯйчаҳои якҷошуда дарёчаи шӯхи кӯҳӣ ташкил меёфт. Он маҷрои худро миёни сангу дарахтон пайдо карда, аз васати деҳа ба поён ҷорӣ мешуд.
Ду тарафи дарёи шӯхро дарахту буттаҳои ҳамешасабз печондаанд ва манзари тамошою дилхушии бошандагони ин деҳаи хурди кӯҳистони дурдаст мебошад. Дарахтони чинору чормағз бо ғафсию баландӣ шаҳомати хоса доранд ва нишона аз замони хеле дури ин маконанд. Бахусус баҳораш ҷолибу ҷаззоб мегардад. Гулҳои рангоранг аз домани кӯҳи Кавдал анбӯҳи дарахтони ду канори дарё бому дари деҳаро печонда, ба оғӯши худ мегирифтанд. Шилдироси форами оби дарё бо чаҳ-чаҳи парандагони хушхон омезиш ёфта, навои гӯшнавозе танинандоз мешуд.
Ҷашни Наврӯзро дар ҳавои кушоди атрогин бо хони ороста ва бо шодию нишот истиқбол мегирифтанд ва ба киштукори соли нав, бо умеди файзу баракати баҳори хуҷастапай омода мешуданд. Мардуми деҳа дар рӯзгори худ аз ин дарёча истифода мебурданд. Дар канори деҳа осёб низ сохта буданд, ки тамоми сол оби дарёча онро мечархонад.
Мардум ризқу рӯзияшонро аз ҳосили замину боғи бо дастони худ бунёдкарда меёфтанд. Ин деҳаи хурди кӯҳӣ дар назар орому сокит буд. Онҳо ба кору бор ва бо мушкилоти зиёди муҳити кӯҳистон зиндагӣ доштанд. Ба ҷуз ин мушкилот ва осон гардондани он дар сар фикри дигаре набуд. Зиндагӣ ва дороияшон қариб шабеҳ ба якдигар буд. Дару дарвозаи пӯшида надоштанд, аммо бо дили кушоду эҳтиром ба ҳамдигар ҳамрозу мададгор буданд.
Чунин оромии нисбӣ дер давом накард. Осмони нилгуни кӯҳистонро, ки мардум аз боду ҳавои форамаш ҳамеша баҳравар буданд, абрҳои сиёҳу тундбод пӯшонданд. Ин абри сиёҳ ба дили одамон низ тарсу ҳаросро ҷой мекард ва аз омадани хатару нохушӣ огоҳӣ медод.
Бо амри ҳокими вақт маъракаи аз унсурҳои “бегонаю зараровар” тоза намудани сохти нав оғоз гардид. Бо чунин унсурҳо тамғаи “душмани халқ” мегузоштанд. Ҳар нафари ба ин гуноҳ гирифторшуда ҷон ба саломат намебурд. Ба ибораи онвақта хабараш аз Сибир меомад. Он вабоеро мемонд, ки қадуми шуму номуборакаш ба дуртарин маҳал мерасид ва ҳар дареро мехост, панҷа мезад.
Дар деҳаи хурду камодами Сафедоб чанд дарро бо панҷаи наҳсу хунини худ куфт. Муҳаммадлатиф аз шумули онҳо буд. Бо ҷурми дар мағзи сар саводи куҳна ва дар хона чанд сар чорво доштан ҳамчун кулак эълон шуд. Дар тафтиш «Тройка» аз хонаи ӯ китобҳои мусулмонӣ ва ду сар говро «ошкор» карданд. Навиштанд, ки Муҳаммадлатиф кӯдаконро таълими замони куҳна медиҳад, эътиқоди диниро паҳн менамояд ва чорвояшро ба ҳисоби ҷамъиятӣ насупурдааст.
Ин айбҳои сохта хеле маъмулӣ ва тамғае буданд, ки ҳар нафари саркашу ёғӣ ва каме дороӣ дошта, қатеона душмани халқ дониста мешуд. Чизу чораҳои хонаи Муҳаммадлатиф мусодира гашт ва ӯро бо зану писари хурдсолаш — Шариф зери яроқ ба маркази район бурданд. То марказ расидан дар роҳ чанд оилаи дигар ҳам якҷоя шуданд. Ин одамон, ки дар умри худ ба ҷуз дастаи каланду дост боре ҳам яроқро ба даст нагирифта буданд, ҳамчун ҷинояткор дар иҳотаи посбонҳои мусаллаҳ қарор доштанд.
Ҳалномаашон шабеҳ ба ҳам буд: душмани халқ. Ҳеҷ гуна эътироз, ҳаракати бегуноҳӣ, доштани кӯдак, падар ё модари бемор эътибор надошт.
Ҳамин тавр онҳоро то марказ оварданд. Вагонҳои боркаши холӣ мунтазири мусофирони иҷборӣ буданд. Ба вагонҳо онҳоро савор мекарданд, назди ҳар дар посбонҳои яроқдор меистоданд. Гуселкунандагонро бо нӯги милтиқ ишора мекарданд, ки аз вагонҳо дур шаванд. Поезд зери шеваю нолаи гуселкунандагон — наздикони “душманони халқ” ва садои дилхарошаш оҳиста-оҳиста суръат мегирифт.
Дохили вагон ифлосу бадбӯй буд. Ҳар куҷо, ки рост омад, рӯи фарши он ҷой мегирифтанд. Муҳаммадлатиф ҷомаашро рӯи фарши сахту бадбӯй партофта, зан ва писараш Шарифро шинонд. Ӯ вагонро аз назар гузаронд, то донад, ки аз ҳамдеҳагонаш касе ҳаст ё не. Бо бисёриҳо дар роҳ шинос гардид, аммо чанд нафари ҳамдеҳаашро пайдо накард. “Шояд дар дигар вагон бошанд”, — аз дил гузаронд ва писарашро ба оғӯш гирифт.
Поезд гоҳ-гоҳ «улос» кашида ба пеш мерафт. Аз паст шудани тарақ-туруқи чархҳо маълум мешуд, ки истгоҳ наздик аст. Дар Қазоқистони Шимолӣ тақсими онҳо сар шуд. Ва поезд боз ба ҳаракат даромад. Посбонҳо гуфтанд, ки шуморо ба Сибир мебаранд.
Пас аз чанд рӯз поезд дар истгоҳ қарор гирифт ва амр шуд, ки фароянд. Аз вагонҳои дигар низ одамони бисёре фаромаданд. Аз сару либос, тарзи гап задан маълум шуд, ки онҳо дигар миллат мебошанд. Муҳаммадлатиф аз ин миён ҳамдеҳаи худ Лоиқро бо аҳли оилааш пайдо намуд. Барои гум нашудан онҳоро назди зану фарзандаш овард. Маълум шуд, ки «душманони халқ»-ро омехта кардаанд, то дар як маҳал мардуми як миллат зиёд набошанд. Ин мардуми барои тоҷикон забонашон нофаҳмо — чечен ва татарҳои Қрим буданд. Қисматашон низ чун тоҷикон як буд — душмани халқ. Амр шуд, ки ба роҳ бароянд ва низомиёни аспсавор онҳоро ҳам роҳбаладӣ мекарданду ҳам посбонӣ.
Роҳи хокии ноҳамвор аз байни ҷангал, ки дарахтони баланд дошт, мегузашт. Муҳаммадлатиф Шарифро аз дасти модараш гирифта, сари китф шинонд. Чун дастонаш монда шуданд, домани ҷомаашро боло карда, ӯро дар пушташ гирифт. Дар роҳ гоҳо бо иҷозати посбонон дам мегирифтанд. Чанд бурда нон ва карамшӯрбои хунук тақсим мекарданд, то аз гуруснагӣ намуранд.
Баъди ба охир расидани ҷангал деҳае намудор гашт. Хонаҳо чӯбин, куҳнаю фарсуда. Аз чӣ сабаб бошад, ки холӣ буданд. Бо амри сардори посбонон дар даромади деҳа одамони омад қарор гирифтанд. Марди портфелдор, ки намояндаи ҳукумати район буд, онҳоро ба ду гурӯҳ тақсим намуд. Ба гурӯҳи аввал гуфт, ки ин ҷо зиндагӣ хоҳанд кард. Гурӯҳи дигар зери назорати посбонон ба сӯи деҳаи ҳамсоя роҳ пеш гирифтанд.
Гурӯҳи дар ин деҳа монда, сари роҳ ҷамъ шуданд. Муҳаммадлатиф шумурд, ки даҳ оила ҳамватанонаш мебошанд, боқӣ аз миллатҳои дигар. Намояндаи район бо чанд посбон он ҷо монда, одамонро ба хонаҳо тақсим намуд. Дар деҳа аз одамони таҳҷо чанд оила, ки пирону мӯйсафедон буданд, зиндагӣ мекарданд. Аз нақли онҳо мардуми ин деҳа ва гирду атрофро ба ҷануб, барои корам намудани заминҳои ғайрисиёҳхок муҳоҷир кардаанд.
Дар ҷои бегона, иқлими сармои шадид сар шуд. Зиндагии мардуми ҷануб, ки қариб тамоми фасл офтоб барояшон саховатмандона нурпошӣ мекард, оғоз гардид. Мардум чанд муддат хонаҳои зисти худро таъмир ва ба зиндагӣ омода карданд. Баъд аз район намоянда омада, хона ба хона гашта ном, суроғаи қаблӣ, аҳли оиларо ба қайд гирифтанд. Қувваи кории тайёр ва арзону муфт дониста мешуданд.
Ин ҷо сохтмони кадом иншооти калон дар нақша буд. Муносибати нописандонаи шахсони калоншаванда, ки ба мардуми омад ҳатто эътибор намедоданд, зиёд ба чашм мерасид. Мардонро ба ду гурӯҳ ҷудо карданд. Як гурӯҳ кофтани пойдевори сохтмони навро ба уҳда гирифтанд ва дигаре ба буридани дарахтони ҷангалзор машғул шуданд.
Дар охири деҳа фермаи вайрона воқеъ буд, ки атрофашро майдони васеи алафзор иҳота мекард. Занонро ба таъмир ва ба тартиб овардани гирду атрофи он вобаста карданд. Чанд нафари дигар бошад, ба сохтмончиёну дарахтбурҳо хӯрок тайёр мекарданд. Дар зимистони сарди Сибир кор кардан осон набуд, бахусус дар ҳавои кушод. Аммо ҳокими вақт ҳукм меронд ва зери фармон кор мекарданд. Бе муттако буданду ҳуқуқу ихтиёр надоштанд. Барояшон истироҳат ва фароғат бегона гашта буд.
Бо гузашти вақт мардуми бегона бо ҳам қаробат пайдо менамуданд. Аз зиндагии якҷоя эҳсос мешуд, ки бо ҳам монандӣ доранд. Муҳаммадлатифу ҳамдиёронаш аз ҳамсоягони чечен фаҳмиданд, ки онҳо донандаи Қуръони Карим мебошанд. Дар кишварашон дин аз насл ба насл гузашта то ба ин рӯз омадааст. Дар мулки бегона ҳам онро риоя мекунанд.
*****
Шарифи хурдсол ва ҳамсолони ӯро омӯхтани саводи давраи нав дар пеш буд. Муддати ин ҷо зистан кӯдакони хурдсол наврас мешуданд, камол меёфтанд ва насли нав ба воя мерасид. Ба ҳама мушкилот, зиндагӣ бо мароми худ пеш мерафт.
Ҳар сол мардуми бумӣ низ ба деҳа оварда мешуданд. Ин сиёсати ҳокими давр ва нақшаи пешакӣ буд, то ки мардуми омад доимо таҳти назорат бошанд.
Пеш аз оғози таҳсил, наврасони синни мактабиро ба қайд гирифтанд. Мактаб дар деҳаи дигар воқеъ буд. Онро роҳи ноҳамвор, ки аз байни ҷангал ва марғзори фарох мегузашт, ба деҳа мепайваст. Аз рӯзҳои аввали мактаб омадан, онҳоро бо шубҳа менигаристанд. Кулаку душмани халқ ном мегирифтанд.
Баъди он ки писарони маҳаллӣ ба духтарон дастдарозӣ ва гаппаронӣ сар карданд, кор то ба занозанӣ расид. Миёни хонандагон, чечендухтар — Фотима, ки ҳамсояи Шариф буд, қадрасу ситорагарм менамуд ва бештар ба назар мерасид. Чанд маротиба ду-се хонанда пеши роҳи ӯро гирифта, масхара мекарданд. Ӯро зери ҳимоя гирифтани Шариф сабаби занозанӣ шуд.
Владик, ки худро сардори хонандаҳо мешумурд, Шарифро даруни ҷангал ба ҷанги як ба як даъват кард. Шарт гузошт, ки аз ду тараф дахолат накунанд. Владик ба Шариф ҳамла карда, чанд мушт ба сару рӯяш зад. Шариф фурсати муносиб ҷӯста, ба зери манаҳи ӯ мушти обдоре фуровард. Владик муқовиматашро гум карда, ба замин афтид. Ду-се нафар ҳамроҳони вай ба Шариф ҳамла карданд, вале Шарифро низ ҳамроҳонаш ҳимоя намуданд.
Дар ин муноқиша, ки кинаю адоват ва таҳқиру нобаробарӣ ошкоро эҳсос мешуд, гурӯҳи Шариф ғолиб омад. Онҳоро муҳит, зиндагии душвор нотарсу сахтҷон карда буд ва дар мулки бегона номи худро ҳимоя карда тавонистанд.
Аъзам Мӯсоев,
собиқадори матбуот
(Давом дорад)
Добавить комментарий
Ахбор
ҶАЛАСАИ ФАВРӢ ОИД БА БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОБХЕЗӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ БАРГУЗОР ГАРДИД 14:06ТАРБИЯИ МАЪНАВӢ – ВАСИЛАИ МУҚОВИМАТ БО ИФРОТГАРОӢ 14:00К И Т О Б Д О Р 13:56ХАТЛОН. ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ФЕСТИВАЛ-ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ЯК МАТОВУ САД РАНГ» 13:50РИШТАИ МЕҲР 13:44УСТОДЕ, КИ АЗ ХУД МАКТАБ ГУЗОШТ 14:16САРГУЗАШТИ ИБРАТОМӮЗИ ХАБИСА ХОЛОВА 13:39ҶАЛАСАИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН: БАРРАСИИ КАМБУДИҲО ВА СУПОРИШҲОИ ҚАТЪӢ 13:34
Серхонандаҳо
ҶАЛАСАИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ТАРИҚИ МАҶОЗӢ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО
БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ. АЗ ЧӢ БОЯД ЭҲТИЁТ КАРД?
ҶАЙҲУН. ОЗМУНИ “КИТОБХОНИ БЕҲТАРИН” БАРГУЗОР ГАРДИД
КӮШОНИЁН. 369 НАФАР БО ҶОЙИ КОР ТАЪМИН ГАШТАНД
ЁВОН. ЯК КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ МУМФАРШ ГАРДИД
ҶАЙҲУН. ҶАМЪОВАРИИ ПИЁЗИ БАРВАҚТӢ ОҒОЗ ШУД
МОДАР
ХАТЛОН. ИСТИҚБОЛИ САРБОЗИ ШУҶОИ ВАТАН
ШАБАФРӮЗ: БОНУЕ ДАР МАСИРИ ЭҶОД
ЗАН ДАР МАЪБАДИ КИТОБ



