Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ҚАДРШИНОСИИ ИШТИРОКЧИЁНИ ҶАНГ - НИШОНАИ ЭҲТИРОМ БА ТАЪРИХ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
Дар остонаи таҷлили 81-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ арҷгузорӣ ба қаҳрамониву ҷоннисориҳои иштирокчиёни ҷанг ҳамчун нишони эҳтиром ба таърих ва ҳифзи хотираи неки гузаштагон идома дорад.
Собиқадорони ҷангу меҳнат солҳои беҳтарини умри худро барои ҳифзи озодӣ, таъмини сулҳу субот, ободии Ватан ва рушди иқтисодиву фарҳангии кишвар сарф намудаанд. Имрӯз бошад, вазифаи муқаддаси насли имрӯзаву оянда ҳифзу таҳкими дастовардҳои Истиқлолият, пойдории давлатдории миллӣ ва таҳкими ваҳдати ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Айни ҳол дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ танҳо як нафар - Машраб Давлатов дар қайди ҳаёт қарор дошта, синни мубораки ӯ ба 101 расидааст. Ин марди шуҷоъ бо роҳи пурифтихори зиндагӣ имрӯз ҳамчун рамзи матонат, садоқат ба Ватан ва сабақи ибрат барои ҷавонон эътироф мегардад.
7 майи соли 2026 сардори раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода А.Ҳ., муовини раиси вилояти Хатлон Раҳмонзода А. Қ. ва дигар шахсони масъул ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ташриф оварда, ҳамроҳ бо раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло аз ҳоли иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Машраб Давлатов хабар гирифтанд.
Зимни мулоқот намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон паёму таманниёти неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба собиқадор расонида, туҳфаҳои моддиву рамзиро тақдим намуданд.
Дар доираи ин иқдоми инсондӯстона ба Машраб Давлатов аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 50 ҳазор сомонӣ, аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид 15 ҳазор сомонӣ ва аз ҷониби раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Холиқзода Рустам 10 ҳазор сомонӣ кумаки пулӣ супорида шуд.
Собиқадори ҷанг Машраб Давлатов аз чунин таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайваста изҳори сипосу қадрдонӣ намуда, таъкид кард, ки эҳтиром ба насли ҷоннисори ҷанг нишонаи фарҳанги баланди миллӣ ва қадршиносии давлату миллат мебошад. Ӯ ҳамзамон барои пойдории сулҳу ваҳдат, пешрафту шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол дуои хайр намуд.
Арҷгузорӣ ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва дастгирии онҳо далели равшани сиёсати инсондӯстонаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, чунин иқдомҳо дар руҳияи ватандӯстӣ ва эҳтиром ба таърихи миллат тарбият намудани насли ҷавон нақши муҳим доранд.
Ибодуллоҳ ОДИНАЗОДА
Добавить комментарий
Ахбор
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД



