Бойгонӣ

ЗАБОНРО ПОК МЕБОЯД НИГАҲ ДОШТ

Дар моддаи 3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» омадааст: «Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст забони давлатиро донад».

Имрӯз ба тарзи суханронии мардум гӯш дода, аз шунидани калимаҳои дурушту дағал, шевагию махлути ҳамдиёрон шарми кас меояд. Кор то ба ҷое расидааст, ки баъзе муаллимони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таълимгоҳҳои олӣ низ ба тарзи шевагӣ дарс мегузаранд ва бархе аз сухан гуфтан бо забони адабӣ ор мекунанд.

Иллати бо забони адабӣ сухан карда натавонистани шаҳрвандон на танҳо дар таълимгоҳҳо, балки дар миёни хизматчиёни давлатӣ, коркунони соҳаҳои фарҳанг, тандурустӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ғайра низ ба назар мерасад. Агар имрӯз мо пеши роҳи ин гуна бесомониҳоро нагирем, фардо дер шуда, ислоҳ кардани он бисёр душвор мегардад.

Чанде пеш дар миёни мактаббачагон озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» сурат гирифт, ки мо чанд нафар аъзои ҳакамон шоҳиди қироати шеърҳои иштирокдорони он чорабинӣ будем. Мактаббачагон шеърро хуб қироат кунанд ҳам, ҳангоми нақли мазмуни шеърҳо ба таври лаҳҷавӣ сухан мекарданд. Аъзои комиссияҳои татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ»-и муассисаю корхона, идораю ташкилотҳо бояд ба ин масъала бетараф набошанд. 

Шахс агар забони модарии худро надонад, дар омӯхтани дигар забонҳо низ душворӣ мекашад. Агар мо барои забондонии худ кӯшиш накунем, он гоҳ забони адибони классикиамонро ҳам намефаҳмем. Аз ин рӯ ҳар як омӯзгорро, новобаста аз фанни дарс медодааш, ҳар як падару модарро, сарфи назар аз касбу кораш, ҳар як роҳбареро, ки ба одамон сару кор дорад, бояд ин масъала дар мадди назар бошад. Агар мо ғами забонамонро нахӯрем, ҳеҷ кас ғами онро нахоҳад хӯрд. 

         Рӯзномаю маҷаллаҳо низ оид ба тозагии забон ва дараҷаи сухандонии мардум мақолаҳои хеле кам чоп мекунанд. Дар воситаҳои ахбори омма роҷеъ ба вазъи забону забономӯзии ҷомеа мусоҳибаю мубоҳисаҳо қариб, ки сурат намегирад. Имрӯз дар рӯзномаю маҷаллаҳои ҷумҳуриявию вилоятиамон мақолаҳои мубоҳисавӣ оид ба забон, адабиёт санъат, шеъри рӯз ва умуман фарҳанг ками андар кам ба назар мерасад. Баъзе олимони соҳа, адибону рӯзноманигорон доир ба ҳалли масъалаҳои мазкур бетарафӣ зоҳир кардаанд ва ё бар даҳон муҳри хамӯшӣ задаанд.

Шиору навиштаҷот ва овезаҳои ағлаби корхонаю муассисаҳо дорои ғалатҳо ва ё бо забони бегона навишта шудаанд ва касе парвои ислоҳи онҳоро надорад. Комиссияҳои татбиқи Қонуни забони давлатии шаҳриву вилоятӣ дар ислоҳ ва бартараф намудани ин нуқсонҳо чандон фаъол нестанд. Зиёиёни мо ба ҷойи ба дигарон намунаи ибрат будан, аксаран худ ба забони махлут ва ё шевагӣ сухан мекунанд.

Вақти он расидааст, ки ҷиҳати амалишавии Қонуни забони давлатии мамлакат дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо иқдому ибтикори ҷадид нишон диҳем. То он вақте ки забономӯзию забондонии ҷомеа дар сатҳи зарурӣ сурат нагирад, кори таълиму тарбия ҳам дар ҷумҳуриамон чандон самарабахш нахоҳад буд.

Ба ин масъала мо бояд бетарафӣ зоҳир накунем ва ҳамеша он аз мадди назари мо дур набошад. Ҳамин вазъи ногувор Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳам ба ташвиш оварда, дар Рӯзи забони тоҷикӣ барҳақ иброз дошта буданд: 

«Барои олимону забоншиносон, омӯзгорон, ходимони воситаҳои ахбори умум ва тамоми зиёиёни тоҷик замоне фаро расидааст, ки онҳо бояд дар роҳи ҳифзи асолати забон, ҳамчунин рушду тавсеаи истифодаи забони адабӣ рисолати таърихии худро дар назди Ватан ва миллати хеш адо кунанд».

Имрӯз замоне фаро расида, ки дар қатори ташкили марказҳои савдо, дукону мағозаҳои фурӯши хӯрокворию дигар намуди маҳсулот марказҳои омӯзиши забонҳо ватаълими алифбои ниёгон низ ташкил карда шаванд.

Ин падида ҳам дар саводнок шудани шаҳрвандон ва ҳам ба роҳи мақсаднок равона кардани наврасону ҷавонон иқдоми хайр ба ҳисоб меравад. Забони тоҷикӣ (форсӣ-дарӣ) тибқи ривояте забони биҳиштиён ба ҳисоб меравад ва моро месазад, ки дар роҳи омӯзиши он бояд ҳеҷ чизро дареғ надорем.

         Ҳар сол бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми идораву муассисаҳо, ташкилоту корхонаҳои ҷумҳуриамон чорабиниҳои мухталиф баргузор мегарданд, ки мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳо поку покиза нигаҳ доштани забони тоҷикӣ ва ба таври зарурӣ донистани он мебошад. Агар мо сад сол ҳам дар бораи забони давлатиамон суханронӣ кунему дар ҳаёти ҳаррӯзаамон он гуфтаҳоро амалӣ насозем, об дар ҳован кӯфтан аст.

         Бояд хотиррасон намуд, ки ҳар як шахс забони халқу миллатҳои дигарро дар муқоиса бо забони модарии худ меомӯзад. Вой бар ҳоли он забономӯзе, ки аз забони модарии худ ба таври бояду шояд баҳравар набошад. Дар ин хусус Саидаҳмадхоҷаи Аҷзӣ барҳақ фармудааст:


Агар сесад забон донӣ фузун нест,

Ҳама рӯзе ба кор ояд, забун нест. 

Надонӣ гар забони давлати худ,

Пушаймонӣ надорад оқибат суд.


         Ба таври зарурӣ надонистани забони модарӣ ин аз надоштани ҳисси миллии шахс дарак медиҳад. Ҳар як шахсро лозим аст, ки пеш аз ҳама бояд худшиносу худогоҳ бошад, забон, фарҳанг, адабиёт, таърих, урфу одат, анъанаву маросим ва умуман тамоми арзишҳои миллии худро эҳтиромупос дорад, вагарна носипосӣ ба арзишҳои миллӣ шахсро бегонапарасту беҳис ва манқурт мегардонад. 

Калимаи «манқурт» дар «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» чунин шарҳ дода шудааст: «Беэъ­ти­но­и­ку­нан­да, беҳурматинишондиҳанда (нисбат ба расму одати худ); инкоркунанда(-и таъ­рихи худ); он ки мағзаш хушк шуда бошад».

Ҳисси миллии фарзандони миллат агар баланд бошад, мутахассисони хуб ба воя мерасанд ва Ватан тараққӣ карда, ободу зебо ва гул-гулшукуфон мегардад. Дар бораи ҳисси миллӣ касб намудани миллати мо устод Абулқосим Лоҳутӣ ҳанӯз дар асри гузашта барҳақ фармуда буд:


Тараққиҳои ҳар миллат самар аз ҳиссашон бошад,

Талоше, ғайрате, ҳиссе, шумо ҳам миллатед охир.


         Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким низ ба мардуми тоҷик рӯ оварда, барои ҳифзи миллату забон, шод гардонидани рӯҳи рафтагон ва дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ тарбия намудани насли имрӯзаву оянда ба мо чунин ҳушдоре додааст:


Аз миллату аз забони худ ёд кунед,

Арвоҳи гузаштагони худ шод кунед.

То ҳарф занад ба тоҷикӣ тифли шумо,

Дунёи варо тоҷикӣ бунёд кунед.


Бояд зикр кард, ки қадами нахустини худшиносиву худогоҳии миллӣ ин неку донистани забони модарист. Агар ҳисси миллиишахс баланд бошад, ӯ ба қадри миллат, забон, фарҳанг, адабиёт, таърих ва умуман ба тамоми арзишҳои миллии худ мерасад ва дар пешрафту шукуфоии Ватану миллати хеш содиқонаву холисона саҳмгузорӣ менамояд. Дар ин мақола мо кӯшиш намудем, ки баъзе нуқсону камбудиҳои забонии ҳамдиёронро, ки дар гуфтору навиштаҳояшон ба мушоҳида мерасанд, мавриди интиқод қарор диҳем, то ки аз ин гуфтаҳо хулоса бароварда, дар оянда баҳри бартарафсозии онҳо талош варзанд.

Акнун ба мисолҳо рӯ меорем, ки имрӯзҳо дар гуфтору навиштаҳои ҳамзамонони мо баъзе нодурустгӯию нодурустфаҳмиҳое мавҷуданд, ки боиси харобии забони модарии мо гаштаанд. Аввалан, ноҷо истифода кардани баъзе вожаю калимаҳост, ки мо қариб ҳар рӯз онҳоро мешунавему мехонему менависем. Чунончи, калимаҳои «одӣ», «сода», «ҳила», «зинат», «тинат», «қимат», «киса»-ро аксарияти мардум бо ташдиди ҳарфҳои «д», «л», «н», «м» ва «с» дар шаклҳои «оддӣ», «содда», «ҳилла», «зиннат», «тиннат», «қиммат» ва «кисса» талаффуз мекунанду менависанд, ки ғалати маҳз аст. 

Вожаҳои «одӣ» ва «сода» дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» бо як ҳарфи «д» оварда шудаанд. Дар «Фарҳанг»-и мазкур калимаи «одӣ» ба маънои «одатшуда, одатӣ, расмишуда, муқаррарӣ» ва вожаи «сода» ба 4 маъно: «1. пок, тоза. 2. холис, пок, соф (оид ба тилло, нуқра ва ғ.). 3. соф, пок (аз олоиши бадӣ ва макру фиреб). 4. нодон, гӯл» омадааст. Бинобар ин моро зарур аст, ки он вожаҳоро бе ташдид, яъне бо як ҳарфи «д» нависем, зеро як хато метавонад садҳо касонро бо роҳи хато равона созад. 

Калимаи «гила» дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» ба маънои шиква, шикоят ва вожаи «ҳила» ба ду маъно омадааст: «1. макр, фиреб; дасиса. 2. чора, тадбир». Калимаи «зинат» ба маънои «он чӣ ба воситаи он чизеро оро диҳанд; ороиш, зевар», вожаи «тинат» ба маънои«ниҳод, табиат, сиришт», калимаи «қимат» ба маънои «баҳо, нарх, арзиш» ва вожаи «киса» ба маъноҳои «1. халтача барои нигоҳ доштани пул, ҳамён; 2. халтачаи махсус аз порчаи дағал барои равондани чирки бадан; маҷозан дашном додан, ҳақорат кардан, сахт маломат кардан»омадааст. 

Имрӯзҳо аксарият ҳангоми суханронӣ аз минбарҳои баланд калимаҳои лозиму нолозимро донистаю нодониста ба забон меоранд ва хаёл мекунанд, ки онҳо ба маънои аслии онҳо сарфаҳм рафтаанд. Масалан, онҳо ба кори касе муваффақият хостанӣ шаванд, мегӯянд: «Ба Шумо бурдборӣ хоҳонам!» Вале дар асл калимаи «бурдборӣ» маънои муваффақиятро намедиҳад.

Дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» вожаи «бурдборӣ» чунин шарҳ дода шудааст: «сабру таҳаммул, тоқат» (ФЗТ, ҷилди 1, саҳ. 214). Пас маълум мешавад, ки бурдборӣ ба касе гуфта мешавад, ки ба сараш ягон мусибат, шикаст, бори гарон, ташвиши зиёд афтода бошад, на ба оне, ки дар корҳо комёб шуда бошад.

Инчунин дар баъзе навиштаҳо ва гуфторҳо калимаи «инобат» ва таркиби «ба инобат гирифтан» низ ғайримақсаднок истифода мешаванд. Яъне гӯянда мехоҳад иброз намояд, ки мо он ҳама маслиҳатҳои пеш аз ин гуфтаро ба назар гирифтаем. Дар асл вожаи «инобат» дар «Фарҳанги…» мазкур чунин тафсир шудааст: «Иноба // инобат тавба кардан, бозгаштан аз чизе, даст кашидан аз гуноҳ; тавба, зорӣ; пушаймонӣ» (ФЗТ, ҷилби 1, саҳ. 480).

Калимаи таркибии «байналмилалӣ» бидуни ташдид навишта мешавад, вале баъзеҳо онро дар шакли нодурусти «байналмиллалӣ» мехонанду менависанд. Ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки сохти калимаю вожаҳои забони меъёриро тағйиру дигаргун созад. Дар ҳама ҳолат ёрирасони мо ин луғату қомусҳо ба ҳисоб мераванд. Махсусан, «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (дар ду ҷилд.Москва, 1969) яке аз беҳтарин раҳнамо ва мададрасон барои ҳамаи мост. Мо бояд ҳар рӯзу ҳар соату ҳар дақиқа аз ин китоби муътабар истифода барем. Моро воҷиб аст, ки барои аниқ кардани шакли саҳеҳияти ҳар як калимаи шубҳанок рӯ ба «Фарҳанги…» мазкур оварем. Ҳеҷ ҷойиайбу шарм кардан нест, ки мо барои аниқ донистани шакл ва маънои калимаҳои даркориамон лаҳза ба лаҳза аз «Фарҳанг…» истифода намоем, вале ғалатхонию ғалатнависии калимаҳо бароямон айби бузург аст. 

То ҳанӯз баъзеҳо ба муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бепарвоӣ зоҳир карда, калимаҳои «Моҳ», «Офтоб», «Замин» ва ғайра номҳои хоси сайёраҳоро бо ҳарфи хурд менависанд, ки аз нуқтаи назари забонӣ хато мебошад.Дар банди 21-уми «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» омадааст, ки «исмҳои хоси… кайҳонӣ (номи сайёра) ва монанди инҳо: …Офтоб, Моҳ, Замин, Зуҳра, Зуҳал ва ғайра» бо ҳарфи калон навишта мешаванд.

Мутаассифона, номи сайёраҳоро бо ҳарфи хурд навиштан натанҳо дар матбуоти даврӣ, балки дар навиштаҳои баъзе адибону олимони ҷумҳуриамон низ ба назар мерасанд. То ҳол баъзе адибону рӯзноманигорон, олимону зиёиён, омӯзгорону хонандагон ба ин нукта аҳамият надода, номи хоси сайёраҳоро бо ҳарфи хурд менависанд. 

Нуқсони дигаре, ки дар тарзи гуфтори имрӯзиён ба назар мерасад, ин ташдиди баъзе калимаҳоро ҳазф кардан мебошад. Масалан, аксари хонандагони макотиби оливу миёна ҳангоми суханронию шеърхонӣ калимаҳои «миллат», «аммо», «ҳатто», «хуррам», «муқаддас», «Саттор», «ғаддор», «Ғаффор», «шиддат», «муваффақият», «Зебуннисо», «таманно»-ро бидуни ташдиди ҳарфҳои «л», «м», «т», «р», «д», «ф», «н» дар шаклҳои нодурусти «милат», «амо», «ҳато», «хурам», «муқадас», «Сатор», «ғадор», «Ғафор», «шидат», «мувафаққият», «Зебунисо» «тамано» талаффуз мекунанду менависанд, ки боиси харобии забон гардидааст.Ин гуна ноҷӯриҳо на танҳо дар миёни баъзе хонандагону донишҷӯён, балки дар талаффузу навишти баъзе омӯзгорон ва ҳатто дар нутқи бархе наттоқони телевизиону радиоҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ низ ба мушоҳида мерасанд. Гарчанде вожаҳои дар боло овардашуда ҳамагӣ калимаҳои арабӣ бошанд ҳам, бо мурури замон ба фонди луғавии забони тоҷикӣ дохил гардидаанд ва пурра моли халқи тоҷик ба ҳисоб мераванд.

Тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, баъзе калимаҳои арабӣ, кисолҳои пеш бо ҳарфи «ӯ»-и дароз навишта мешуданд, акнун тибқи муқаррароти «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» (2011) бо ҳарфи «у»-и кӯтоҳ навишта мешаванд. Мутаассифона, ҳоло ҳам аксари мардум чун одати пешина калимаҳои «буҳрон», «зуҳд», «куҳна», «луъбат», «муҳлат», «муҳтарам», «муҳр», «нуҳ», «суҳбат», «таваҷҷуҳ», «шуҳрат», «шуъба», «шуъла» ва ғайраро бо ҳарфи «ӯ»-и дароз менависанд, ки ин ғалат ба ҳисоб меравад. Ҳамин ғалатнависии мардумро ба назар гирифта, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иртибот ба пешниҳоди Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз банди 5-уми «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2011, № 458) бармеояд,феҳристи вожаҳоро дар хусуси тарзи дурусти навишти ҳарфи «у» пеш аз ҳарфҳои «ҳ» ва «ъ» ва бо назардошти меъёри имлои ҳарфи «ӯ»-роинтишор намуд, ки 67 вожаро дар бар мегирад. Тибқи ин дархост бояд дар ҳама ҳолат калимаҳои дар феҳрист овардашуда минбаъд бо ҳарфи «у»-и кӯтоҳ навишта шаванд.

Интишор гардидани ин феҳрист дар миёни олимони соҳа ва дигар зиёиён вокунишҳоеро ба миён овард, ки аз феҳристи мазкур баъзе калимаҳо берун мондаанд ва баъзе калимаҳои дар он овардашуда бояд бо ҳарфи «ӯ»-и дарознавишта шаванд. Масалан устоди филиали ДДМ ба номи М.В. Ломаносов дар ш. Душанбе Абдурауф Холиқов дар мақолаи бо номи «Имло ва мушкилоти таълим» чунин ибрози назар намудааст: «Феҳристи мазкур омӯзиши имлои садоноки «ӯ»-ро боз ҳам мушкилтар намуд, зеро дар он баъзе нофаҳмӣ ва норавшанӣ барои хонандагону омӯзгорон ба назар мерасад… Пас аз нашри феҳрист хонандагону донишҷӯён ва омӯзгорон ба ҳолати ногуворе афтоданд, зеро феҳрист носаҳеҳ ва баҳснок мебошад». ӯ пас аз ошноӣ бо «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» чунин таъкид намудааст: «Қоидаҳои имло бинизомдарорандаи навишт ба шумор мераванд. Аз ин рӯ, қоидаҳои имло бояд кӯтоҳ, саҳеҳ, фаҳмо ва аз ҷиҳати илмӣ асосноку устувор буда, шубҳа ва дудилагии хонандаро бартараф карда тавонад». Ҳамчунин ӯ таклиф ба миён мегузорад, ки «феҳристи пешниҳодшуда ва қоидаҳои навишти «у» ва «ӯ» аз тарафи аҳли илм баррасӣ, пурраву равшан ва чун замима ба қоидаҳои имло нашр гардад».

Воқеан ҳам мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки аз байни калимаҳои дар феҳристи мазкур овардашуда калимаҳои «муъзин», «муаззин» «муъзӣ», «музӣ», «муъмин» ва «мунис», ки ҳарфи «вов»-и онҳо пеш аз аломати ҳамза (на пеш аз ҳарфи «ъ» (айн)) омадааст ва таърихан дар таркиби худ ҳарфи «вов» доранд, бояд бо ҳарфи «ӯ»-и дароз навишта шаванд.

Баъзан дар гуфторунавиштаҳои бархе аз омӯзгорону адибон низ мешунавемумехонем, ки ба ҷойи калимаю ибораҳои «ақвот» «авқот», «кӯшиш» «кушиш», «тағйир» «таъғир», «мусарраъ» «мурассаъ», «нусха» «нухса», «вазъ» «ваъз», «таъм» «тамъ», «халъи силоҳ» «ҳалли силоҳ», «парешонхотир шудан» «хавотир шудан», «мизоҷ» «миҷоз», «нукта» «нуқта», «нумӯ» «нумӯъ», «коғаз» «қоғаз», «Таҳмина» «Тахмина», «маҳкам» «махкам», «маъраз» «мараз», «чинор» «чанор», «суол» «савол», «рустнӣ» «растанӣ», «навруста» «навраста», «навъ» «наъв»,«разм» «рамз» мегӯянду менависанд ва ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ба нозукиҳои забони адабиамон натанҳо баъзе хонандагону донишҷӯён, балки баъзе омӯзгорону адибон ҳам эътибор намедодаанд. Инро набояд фаромӯш кард, ки ҳар як чизи навишташударо мантиқ мебояд ва агар чизи навишташуда аз мантиқ орӣ бошад, онро хонандаи закӣ қабул намекунад ва ба муаллифи он эрод хоҳад гирифт.

Ҳар чизе, ки мо мегӯем ва ёменависем, он хоҳ дар воситаҳои ахбори омма бошад ва ё дар мақолаҳои илмию методӣ ҳатман он бояд мантиқ дошта бошад, вагарна он гуфтаҳою он навиштаҳо ҳадафрасу таъсирбахш нахоҳанд буд. 

Ҳамчунин ағлаби мардум ҳангоми ҷамъбандии калимаҳои арабӣ ба иштибоҳ роҳ дода, ба он гуна калимаҳои дар шакли ҷамъомада, боз пасвандҳои ҷамъбандии тоҷикӣ газошта, шакли калимаҳоро вайрон месозанд. Чунончи, аксаран мешунавему мехонем, ки баъзеҳо ба ҷойи калимаҳои «абёт» «абётҳо», «рубоиёт» «рубоётҳо», «талабот» «талаботҳо», «сабзавот» «сабзавотҳо», «мақомот» «мақомотҳо», «шароит» «шароитҳо», «васоит» «васоитҳо», «навиштаҳо» «навиштаҷотҳо»,«ахбор» «ахборотҳо», «маҳсулот» «маҳсулотҳо», «маълумот» «маълумотҳо», «тадқиқот» «тадқиқотҳо», «мавод» «маводҳо»мегӯянду менависанд, кисаҳеҳ нест. 

Ҳамагон дар бораи тозагию покиза нигоҳ доштани забони тоҷикӣ сухан меронем, вале то ҳанӯз баъзеҳо дар аснои суханронӣ ва навиштаҳои худ аз истифодабарии калимаҳои аҷнабӣ даст накашидаанд. Ин амал натанҳо дар миёни халқи одӣ, балки дар навиштаҳои зиёиён низ ба назар мерасад, ки ин ба тозагию покизагии забони мо зиён меорад. Махсусан, бо забони махлут сухан кардан дар миёни ҷавонон бисёр ба назар мерасад. Онҳо дар рафти суханронии худ ба ҷойи калимаву ибораҳои ноби гӯшнавози тоҷикии «мусофиркаш», «истгоҳ», «гардиш», «интизорӣ», «аз ду сар», «нусха», «гузаргоҳ», «чароғаки роҳнамо», «арғунчак», «дорухат», «рӯзнома», «маҷалла», «имтиҳон», «санҷиш», «чипта», «шиноснома», «паёмак», «варақа», «имло», «сархат», «нуқта», «танзимгар», «ронанда», «боғчаи кӯдакон» (кӯдакистон), «боғ», «ҳифз кардан», «ҷудо кардан» ва ғайра мутаносибан калимаю ибораҳои аҷнабии «маршурутка», «астановка», «поворот», «ждат», «всеравно», «копия», «пешеход», «светофор», «карусел», «ретсепт,«газета», «журнал»,«экзамен», «зачёт», «билет», «паспорт», «эсемес», «чек», «диктант», «абзатс», «точка», «диспечер», «шофёр», «садик» (яслӣ), «парк», «сохранит», «виделит» ва ғайраро истифода мебаранд, ки хеше нороҳаткунандаву гӯшхарош ва нисбат ба забони модариамон таҳқиромез мебошад.

Мо набояд ба харобкорию ғалатгӯию ғалатнависии ҳамдиёрони худ бетараф бошем. Агар ҳар яки мо баҳри тозагии забон, барои беҳбудии он садо баланд кунему дар ислоҳи нуқсонҳои ҷойдошта талош варзем, оҳиста-оҳиста носаҳеҳиҳо аз байн рафта, забони аз ниёгонамон ба мо меросмонда боз ҳамон мақоми азалӣ ва волоияти худро соҳиб мегардад. 

Вақти он расидааст, ки Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо сохторҳои худро таъсис диҳад, то шахсони мутасаддӣ баҳри тозагию покизагии забони модариамон назоратро пурзӯр намоянд.

Боварӣ дорем, ки хонандагону донишҷӯён, омӯзгорону адибонумуман тамоми шаҳрвандони ҷумҳуриамон барои покизагии забон ва баҳри беҳтару хубтар донистани он талошу кӯшиш меварзанд.

Дар охири ин мақола шоҳбайти шоири зиндаёд Лоиқ Шералиро ҳамчун ҳусни мақтаъ оварда, ҳамагонро барои неку хуб донистани забони модарӣ даъват менамоям:


Бок не, гар доварӣ гум кардааст,

Ё умеди сарварӣ гум кардааст.

Заҳр бодо шири модар бар касе,

К-ӯ забони модарӣ гум кардааст


Раҷабалӣ ХУДОЁРЗОДА,

Устоди Донишгоҳи давлатии

Бохтар ба номи Носири Хусрав
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019