Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
БОХТАР. БОЗ ЯК КӮДАКИСТОНИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
Дар доираи корҳои созандагию бунёдкорӣ ба ифтихори ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии мамлакат, дар шаҳри Бохтар сохтмони як муассисаи таълимии томактабии наву замонавӣ оғоз гардид.
Тавре аз хадамоти матбуоти раиси шаҳри Бохтар ба “Сафо” иттилоъ доданд, сохтмони ин кӯдакистон бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ оғоз гардида, аз ду ошёна иборат мебошад ва барои фарогирии 200 нафар кӯдак пешбинӣ шудааст.
Аз рафти корҳои сохтмонӣ раиси шаҳри Бохтар Абдулмаҷид Муминзод дидан карда, саҳми арзандаи соҳибкорони маҳаллиро намунаи равшани ҳисси баланди масъулиятшиносӣ арзёбӣ кард.
Зимни суҳбат бо масъулин раиси шаҳр таъкид намуд, ки корҳои сохтмонӣ бояд бо риояи пурраи талаботи меъмориву шаҳрсозӣ ва истифода аз масолеҳи сохтмонии ватанӣ анҷом дода шаванд.
Зикр гардид, ки баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани кӯдакистони нав, даҳҳо нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гашта, фарогирии кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ дар шаҳри Бохтар боз ҳам беҳтар хоҳад шуд.
С. СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД?




