Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ОИЛА – ПОЙДЕВОРИ ҶОМЕАИ СОЛИМ
Оила ҳамчун қадимтарин ниҳоди иҷтимоии инсоният дар ташаккули ҷомеа нақши муҳим ва мавқеи калидӣ дорад. Аз ҳамин ҷост, ки бузургони соҳибтамаддуни миллати тоҷик оиларо асоси пойдории миллат, шаҳсутуни зиндагӣ ва танзимгари рушди босуботи ҷомеа арзёбӣ намудаанд.
Асоси бунёди оила бастани ақди никоҳ мебошад, ки он ба муносибатҳои расмии оилавӣ замина мегузорад. Хушбахтона, дар кишвари мо бо шарофати расму ойинҳои миллӣ ва арзишҳои динию мазҳабӣ оила ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф мегардад. Дар ҳоле ки дар баъзе кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла давлатҳои ғарбӣ, арзишҳои оилавӣ то андозае коста шудаанд, дар Тоҷикистон масъалаи таҳкими оила ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳ қарор дорад.
Хусусан, дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди оилаи устувору пойдор таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Дар ин замина санадҳои муҳими меъёриву ҳуқуқӣ қабул гардидаанд, ки барои таҳкими муносибатҳои оилавӣ, тарбияи дурусти фарзандон ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мусоидат мекунанд.
Аз ҷумла, Консепсияи миллии тарбия ва рушди муносибатҳои оилавиро масъулияти муштараки давлат, оила ва ҷомеа арзёбӣ менамояд. Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ низ дар самти таҳкими муносибатҳои оилавӣ, пешгирии бекоршавии ақди никоҳ, аз муоинаи тиббӣ гузаронидани ҷавонони навхонадор ва омода намудани онҳо ба ҳаёти мустақилона корҳои назаррасро ба анҷом мерасонад. Бо ин мақсад миёни аҳолӣ мунтазам суҳбату вохӯриҳо баргузор карда мешаванд.
Таҷриба ва мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки таҳкурсии тарбия ва маърифати фарзанд маҳз дар муҳити оила гузошта мешавад. Аз ин рӯ, волидон вазифадоранд, ки тарбияи фарзандонро бо масъулияти баланд ба роҳ монанд ва онҳоро ҳаргиз аз назорату таваҷҷуҳ дур нагузоранд. Бедили бузург дар ин маврид хеле зебо фармудааст:
Тарбия чист? Хокро зар кардан,
Қатраи обро гуҳар кардан.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ борҳо таъкид намудаанд, ки оила пойдевори асосии ҷомеа ва давлат мебошад. Ба вуҷуд овардани муҳити солим, муҳаббат, эҳтиром ва ҳамдигарфаҳмӣ дар оилаҳо, инчунин, пешгирии ҷудошавӣ ва пошхӯрии оилаҳо вазифаи муҳими давлат ва ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Мо, кормандони бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, дар ҳамкорӣ бо шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҳамасола бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила озмуни «Оилаи беҳтарин»-ро баргузор намуда, ғолибонро бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ менамоем.
Натиҷаи тадбирҳои тарғиботӣ ва суҳбату вохӯриҳо бо аҳолӣ аст, ки сатҳи пошхӯрии оилаҳо тадриҷан коҳиш меёбад. Танҳо дар се моҳи соли равон 15 ҳолати бекоршавии ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 ҳолат кам мебошад.
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти бахш кор бо муроҷиатҳои шаҳрвандон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ва дастурамалҳои соҳавӣ мебошад. Ин самт ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи кормандони бахш қарор дошта, пайваста мавриди омӯзишу таҳлил қарор мегирад.
Таҳлили муроҷиатҳои шаҳрвандон ва суҳбату мулоқот бо онҳо нишон медиҳад, ки дар баъзе оилаҳо муҳаббати самимӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, садоқат ва муҳити орому солим ба таври кофӣ вуҷуд надорад. Баррасии чунин ҳолатҳо собит месозад, ки яке аз сабабҳои асосии пошхӯрии оилаҳо надоштани маърифати оиладорӣ ва ба ҳаёти мустақилонаи оилавӣ омода набудани ҷавонон мебошад.
Бинобар ин, танҳо бо ҳамбастагии оила, мактаб ва ҷомеа метавон фарзандони бомаърифат, ватандӯст ва сазовори ҷомеаро тарбия намуд.
Тавре ки Саъдии бузург фармудааст:
Роҳи адаб ин аст, ки Саъдӣ ба ту омӯхт,
Гар гӯш бидорӣ, беҳ аз ин тарбияе нест.
Бунафша Тоҳирзода,
мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии
ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД?



