19 май 23:05---

Рустами даврони мо

Рустами даврони мо

- Рустамҷон, бо амакат салом кун, - ба писарчаи сесолааш амр кард ҷавони 35 сола, ки ҳамроҳаш аз пайроҳаи паҳлуи литсейи касбии техникӣ мегузашт ва илова намуд, ки писарашро ба ифтихори корнамоиҳои генерал-майор Рустам Амакиев ном гузоштааст, то ба мисли ӯ номбардору фарзанди ҷоннисори Ватан гардад. Дӯсти деринаи мо Саидқосим, ки ҳамроҳи писараш аз назди нимпайкараи генерал-майор Рустам Амакиев мегузашт, ба ӯ аз корнамоиҳои ин ҷавонмарди шуҷои Ватан қисса мекард.

Генерал-майор Рустам Амакиев 20 октябри соли 1974 дар шаҳраки Восеи ноҳияи Восеъ дар оилаи омӯзгор ба дунё омада, таҳсилоти ибтидоиро дар МТМУ №10-и ноҳия гирифта, баъдан солҳои 1984 -1989 дар мактаб - интернати деҳаи Саричашмаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин таҳсил намудааст. Сипас, омӯзишгоҳи касбӣ - техникии №16-и ноҳияи Восеъро хатм намуда, соли 1993 ба Донишкадаи ҳарбии фармондеҳии шаҳри Рязани Федератсияи Россия дохил шуда, соли 1997 онро хатм мекунад. Солҳои 2003–2005 Донишгоҳи умумиқӯшунии Қувваҳои Мусаллаҳи Россияро ба итмом расонда, аз соли 1997 - 2014 дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунандаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон кору хизмат кардааст. Ӯ аз моҳи декабри соли 2014 командири воҳиди таъйиноти махсуси

зидди террористии „Алфа“-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуда, то охирин лаҳзаи умр ин вазифаро ба зимма дошт. Барои хизматҳои шоистааш дар назди Ватан бо медалҳои „Ҷасорат“, „Шараф“ дараҷаи 2, „Хизмати шоиста“, ордени „Смитамен“ дараҷаи 1 қадрдонӣ шудааст. Ҳамчунин, Амакиев Рустам Холалиевич барои корнамоиҳои арзандааш дар ин ҷодаи пуршараф аз тарафи Вазорати мудофиа ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо чандин медалу ифтихорномаҳо қадрдонӣ шудааст.

Холалӣ Амакиев, падари Рустам Амакиев, бо ифтихор мегӯяд: „Дар тарбияи фарзанди қаҳрамонаш модари ӯ Савринисо Мирҳайдарова нақши ниҳоят муҳим дошт. Модари фарзандонам дар солҳои вазнини 1992 тӯли 20 сол дар бозор тиҷорат мекард, то барои таҳсили фарзандонамон шароити беҳтар фароҳам биёрем. Пайроҳаи тайнамудаи Рустам дар ҷодаи ҳимояи Ватан орзуи модараш буд, ки фарзандамонро дар рӯҳияи меҳандӯстӣ тарбия ва ба воя мерасонид. Ҳатто дар вақти имтиҳонсупории ӯ, ки дар шаҳри Кӯлоб шуда

гузашт, модараш ҳамроҳаш рафта буд…

- Муддати чандест, ки бистарӣ шудаам. Аз асари фишори хун як дасту як поям аз кор мондааст,- қисса оғоз кард Савринисо Мирҳайдарова. То замоне Рустамҷонам дар қайди ҳаёт буд, вақте бемор мешудам, маро бурда табобат мекард. Баъди марги писарам

чашмонам хира шуда, пеши поямро дуруст намебинам. Рустам дидаи бинои ман буд, ки ҷонашро барои Ватан фидо кард.

- Вақте дар Тоҷикистон коллеҷи ҳарбӣ кушода шуд, Рустамҷон, ки орзуи низомӣ шудан дошт, гуфта буд: „Модарҷон, ман орзуи таҳсил дар коллеҷи ҳарбиро дорам, мехоҳам ҳомии Ватан бошам“. Зимни имтиҳони дохилшавӣ ба коллеҷи мазкур, ки дар шаҳри Кӯлоб доир гардид, ман бо тифли навзодам ҳамроҳи писарам ба шаҳри Кӯлоб рафтам, то барои вай қуввати дил гардам. Як ҷавони рус, ки дар комиссияи қабул иштирок дошт, пайваста мегуфт, ки модарҷони азиз, шумо осуда ба хона равед, насиб бошад, писаратон ба коллеҷи ҳарбӣ дохил хоҳад шуд.

Баъди имтиҳонҳоро бомуваффақият супоридан Рустам Амакиев курсанти коллеҷи ҳарбӣ гардид ва шодию хурсандии волидон ҳадду канор надошт. Дар он солҳои нооромӣ, ки ба самти пойтахти кишвар нақлиёт зиёд ҳаракат намекард, модар хост, писарашро то шаҳри Душанбе ҳамроҳӣ кунад, аммо рӯзи сафари онҳо роҳҳо баста буданду ӯ Рустамро ба мошини кормандони соҳаи милиса савор намуда, худ дар хона интизор шуд. 

- Он вақт мисли имрӯза телефонҳои ҳамроҳ набуд, ки аз аҳволи Рустамҷон хабардор шавам, - дар идомаи суҳбат иброз дошт модари афсари шуҷои Ватан.

- Баъди чанд рӯз, нафаре аз кормандони ШВКД дар ноҳияи Восеъ ба хонаи мо омада, пайки оғози таҳсили писарамонро ба мо расонд. Баъди як соли таҳсил дар коллеҷи мазкур Рустамҷон ба хона омада гуфт:

„Очаҷон, маро барои таҳсил ба Донишкадаи ҳарбии фармондеҳии шаҳри Рязани Федератсияи Россия мефиристанд“. Ман хурсанд шуда гуфтам, ки писарҷонам, нури дидагонам, барои ҳимояи Ватан ба кадом гӯшаи дунё набошад, бирав, бо сари баланд таҳсил бинамо, то фарзанди далери Ватан бошӣ!

Баъди як соли таҳсил ҳамкурсонаш ҳама ба Тоҷикистон ба хабаргирӣ омаданд, вале Рустамҷон наомад.

Гуфт, ки очаҷон, корҳо ва дарсҳоям зиёд аст, барои ҳамин соли оянда меоям. Баъдан, огаҳӣ пайдо кардем, ки зимни машқҳои ҳарбӣ устухони китфаш шикаста, дар беморхона табобат мегирифтааст. Рустамҷон баъди ду сол ба таътили тобистона ба Ватан баргашт.

Ҳамин тавр, ӯ мактаби ҳарбии шаҳри Рязанро бомуваффақият хатм карда, ба Тоҷикистон баргашт. Дар ин байн барои такмили ихтисос дар кишварҳои гуногуни дунё, аз ҷумла, курсҳои омӯзишии чандмоҳаи давлатҳои Хитой, Ҳиндустон, Амрико, Покистон, Афғонистонро гузашта, маҳорати ҳарбии худро баланд бардошт. Тӯли таҳсилу фаъолияти ҷигарбандам дар ҷодаи ҳифзи Ватан ман шабу рӯз заҳмат мекашидам, рӯзгори хонаводаро таъмин намуда, ба писарам кумаки молӣ мерасондам. Чун бемор шудам, Рустамҷон маро ба шаҳри Душанбе бурда, ба табобат фаро гирифт,- оҳи бадарде кашида суханашро идома дод модар. - Рустамҷон дар бораи хизматаш сухан намекард.

Мо низ моҳияти кори касбиашро ба инобат гирифта, аз ӯ зиёд пурсупос намекардем. Дар амалиёти охирине, ки ӯ баъди чанд рӯз ба шаҳодат расид, ман аз ҳарфи дигарон тахмин кардам, ки Рустам дар дараи Ромит қарор дорад. Охирин суҳбати телефониашро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам ва то имрӯз он садои дилнишину лутфу меҳрубониаш дар гӯшам садо медиҳад: „Очаҷон, осуда бошеду саломатии худро ҳифз кунед, ки дуогӯву ҳидоятгари мо Шумоед. Агар имкон бошад, бо падарам низ суҳбат кунам“, -гӯён бо ман хайрухуш намуд.

Бо ҳама мусибати ба сари оила омада нигоҳ накарда, зодмандону пайвандони Рустам бо арзи шукргузорӣ аз Худои бузург изҳор медоранд, ки фарзанди онҳо дар роҳи ҳифзи Ватан ҷони худро нисор намуд, то мо тинҷу осуда дар пайи ободию шукуфоии Тоҷикистон бошем.

– Худоё, сулҳу оромӣ дар Ватани мо поянда бошад ва дидагони ягон модари тоҷик ашки ғамро набинад. Бигузор Сарвари давлат ҳамеша болои сари мо соябон бошаду сулҳу оромии Ватан пойдор бимонад.

Мавриди зикр аст, ки ба хотири гиромидошт ва қадршиносии шаҳиди роҳи Ватан генерал-майор Рустам Амакиев, дар ноҳияҳои Восеъ ва Панҷ нимпайкараи ӯ гузошта шуда, дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва ноҳияи Восеъ кӯчаҳо ба хотири гиромидошти ин фарзанди ҷасури Тоҷикистон номгузорӣ шудааст. Ҳамчунин имрӯз литсейи касбии техникии №16-и ноҳияи Восеъ номи ӯро дошта, дар он осорхонаи қаҳрамон ташкил карда шудааст.

Имрӯз ҳамсару фарзандони ӯ дар шаҳри Душанбе зиндагӣ дошта, писараш Суҳроб Амакиев донишҷӯи соли аввали факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Бародари қаҳрамон Абдувалӣ Амакиев низ афсари яке аз қисмҳои низомии кишвар буда, идомадиҳандаи орзуву ормонҳои бародари қаҳрамони худ мебошад.

Билоли ШАМС, ноҳияи Восеъ

Добавить комментарий