Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ҶОМЕАИ ҚОНУНМЕҲВАР – КАФИЛИ ФАРДОИ ДУРАХШОН
Дар тули 35 соли соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вуҷуди мушкилоти сиёсию иқтисодӣ тавонист пояҳои давлатдории миллиро таҳким бахшида, ба сӯи рушди босубот қадамҳои устувор гузорад. Дар ин раванд мубориза ба коррупсия ҳамчун яке аз омилҳои муҳими таҳкими давлатдорӣ, боло бурдани эътимоди ҷомеа ба ҳокимияти давлатӣ ва рушди иқтисоди миллӣ аҳамияти калидӣ дорад. Перомуни аҳамияти муқовимат ба коррупсия дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ, нақши мақомоти соҳавӣ ва масъулияти шаҳрвандон хабарнигори маҷалла бо Муҳаммад Муминзода, нозири калони шуъбаи муқовимат ба коррупсияи раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар суҳбат анҷом дод.
– Имсол мардуми Тоҷикистон 35-солагии Истиқлоли давлатиро таҷлил менамоянд. Ба назари шумо муқовимат ба коррупсия дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ чӣ аҳамият дорад?
– Пеш аз ҳама бояд гуфт, ки Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик бузургтарин дастоварди таърихӣ мебошад. Маҳз соҳибистиқлолӣ ба мо имконият дод, ки давлатдории миллӣ, иқтисоди мустақил, сиёсати дохилию хориҷии мустақил ва арзишҳои миллии худро рушд диҳем.
Дар чунин шароит муқовимат ба коррупсия танҳо як вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест, балки масъалаи муҳими амнияти миллӣ ва таҳкими давлатдорӣ ба ҳисоб меравад. Зеро коррупсия метавонад ба пояҳои иқтисодӣ ва маънавии ҷомеа таъсири манфӣ расонида, эътимоди шаҳрвандонро нисбат ба сохторҳои давлатӣ коҳиш диҳад.
Вақте ки дар ҷомеа қонуният, адолат ва шаффофият таъмин мегардад, замина барои рушди устувори давлат муҳайё мешавад. Аз ин рӯ, мубориза ба коррупсия яке аз омилҳои асосии ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ мебошад.
Имрӯз Тоҷикистон дар марҳилаи нави рушд қарор дорад. Сохтмони роҳҳо, неругоҳҳо, муассисаҳои иҷтимоӣ, рушди саноат ва рақамикунонии соҳаҳо ҳама аз сиёсати созандаи давлат шаҳодат медиҳанд. Барои ҳифзи ин дастовардҳо зарур аст, ки ҷомеа нисбат ба ҳар гуна зуҳуроти коррупсионӣ бетараф набошад.
– Дар шароити имрӯза Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза ба коррупсия чӣ нақшро дар таҳкими давлатдорӣ иҷро мекунад?
– Нақши Агентӣ пеш аз ҳама дар таъмини шаффофият, риояи қонунгузорӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлат зоҳир мегардад. Мо фаъолияти худро дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Пешвои миллат ба роҳ мондаем.
Самти фаъолияти Агентӣ танҳо ошкор ва тафтиши ҷиноятҳои коррупсионӣ нест. Мо, ҳамчунин ба корҳои пешгирикунанда, таҳлили хавфҳои коррупсионӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва такмили низоми идоракунии давлатӣ аҳамияти ҷиддӣ медиҳем.
Дар солҳои охир истифодаи технологияҳои рақамӣ дар хизматрасониҳои давлатӣ бештар гардид, ки ин омил имконияти дахолати инсонӣ ва омилҳои коррупсиониро коҳиш медиҳад. Агентӣ дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ҷиҳати такмили низоми назорат ва шаффофияти молиявӣ пайваста тадбирҳо меандешад.
Ҳамзамон, мо дар самти корҳои фаҳмондадиҳӣ низ фаъол ҳастем. Дар муассисаҳои таълимӣ, ташкилоту идораҳо ва воситаҳои ахбори омма чорабиниҳои гуногун баргузор мегарданд, то шаҳрвандон дарк намоянд, ки коррупсия ба рушди давлат ва ҷомеа чӣ зарар дорад.
– Ба андешаи шумо, таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба масъалаи боло бурдани масъулияти шаҳрвандӣ чӣ таъсир мерасонад?
– Албатта, ҳар як санаи муҳими давлатӣ барои ҷомеа танҳо як ҷашн нест, балки фурсати андеша ва натиҷагирӣ мебошад. Вақте мо аз 35 соли истиқлолият ёд мекунем, бояд дарк намоем, ки ин дастовард ба осонӣ ба даст наомадааст. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванд бояд ҳис кунад, ки дар назди давлат ва ҷомеа масъулият дорад. Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистон боз ҳам пешрафта ва обод гардад, бояд қонунро эҳтиром кунем, бо виҷдон кор намоем ва нисбат ба манфиатҳои миллӣ бетараф набошем.
Муқовимат ба коррупсия аз оила, муҳити корӣ ва муносибати ҳар як шахс оғоз мешавад. Вақте инсон ба роҳи ғайриқонунӣ роҳ намедиҳад, худ як саҳмгузор дар таҳкими давлатдорӣ мегардад.
Имрӯз ҷавонони мо дар фазои сулҳу субот зиндагӣ мекунанд. Вазифаи мо ин аст, ки онҳоро дар руҳияи ватандӯстӣ, адолатпарварӣ ва эҳтиром ба қонун тарбия намоем.
– Коршиносон бар ин назаранд, ки маърифати ҳуқуқии ҷомеа дар пешгирии коррупсия нақши муҳим дорад. Шумо ин масъаларо чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
– Ин комилан дуруст аст. Ҳар қадар сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷомеа баланд бошад, ҳамон қадар имкони содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳо кам мегардад. Шахсе, ки қонунро медонад ва ҳуқуқу уҳдадориҳои худро дарк мекунад, ба қонуншиканӣ роҳ намедиҳад.
Бинобар ин, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва маърифатӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Агентӣ ба ҳисоб меравад. Мо пайваста бо донишҷӯён, омӯзгорон, хизматчиёни давлатӣ ва дигар қишрҳои ҷомеа мулоқоту семинарҳо баргузор менамоем.
Мақсад танҳо ҷазо додан нест. Ҳадафи асосӣ пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва ташаккули фарҳанги зиддикоррупсионӣ дар ҷомеа мебошад. Вақте шаҳрвандон дарк мекунанд, ки коррупсия ба рушди давлат ва зиндагии худи онҳо монеа эҷод мекунад, муносибати ҷомеа низ тағйир меёбад.
– Барои пешгирии омилҳои коррупсионӣ чӣ гуна заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст?
– Замони истиқлол як қатори қонунҳои соҳавӣ ҳамчунин барномаҳои давлатӣ, бахусус стратегияҳои миллӣ қабул гардид. Аз ҷумла, Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қабул шуд, ки ҳоло марҳилаи дуюми он бомаром татбиқ шуда истодааст. Ин санади меъёрию ҳуқуқӣ кормандони соҳа, масъулони давлатӣ ва шаҳврандонро водор мекунад, ба зидди ин зуҳуроти номатлуб муқовимат нишон диҳанд. Дар ин замина ташкилоту идораҳо комиссияҳое доранд, ки барои пешгирии омилҳои коррупсионӣ масъул мебошанд. Дар умум метавон гуфт, ки дар ҳамдастии аҳли ҷомеа метавон дар роҳи муқовимат ба коррпусия муваффақ шуд.
– Дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ қарор дорем, мусоҳибаро бо чӣ муроҷиате ба шаҳрвандон хотима мебахшед?
– Соҳибистиқлолӣ неъмати бебаҳо ва рамзи сарбаландии миллат аст.
Мо бояд ин дастоварди бузургро бо меҳнати содиқона, эҳтиром ба қонун ва ҳисси баланди ватандӯстӣ ҳифз намоем. Ҳар як шахс новобаста аз касбу вазифа метавонад дар пешрафти давлат саҳм гузорад.
Агар ҷомеа муттаҳид, қонунмеҳвар ва масъулиятшинос бошад, мо метавонем ба ҳадафҳои бузурги миллӣ ноил гардем.
Муқовимат ба коррупсия танҳо вазифаи як ниҳод нест, балки рисолати умумимиллӣ мебошад. Танҳо дар ҳамбастагӣ метавонем ҷомеаи солим, давлати неруманд ва ояндаи дурахшонро барои наслҳои баъдӣ таъмин намоем.
PS: Таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ моро водор месозад, ки ба роҳи тайкардаи давлатдории миллӣ бо ҳисси ифтихор ва масъулият назар кунем. Дар ин миён мубориза ба коррупсия ҳамчун омили муҳими таҳкими қонуният, рушди иқтисодӣ ва эътимоди ҷомеа ба давлат нақши калидӣ дорад. Ҳар як шаҳрванди кишвар метавонад бо риояи қонун, муносибати содиқона ба кор ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ саҳми арзандаи худро гузорад.
Мусоҳиб М. Акрамов
Добавить комментарий
Ахбор
МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО НАМОЯНДАГОНИ МАГАТЭ: ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО БАРОИ РУШДИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ 13:25ХАТЛОН.РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН ТАҶЛИЛ ГАРДИД 15:18ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БОРИ НАХУСТ КУРСИ АЗНАВТАЙЁРКУНИИ КАДРҲОИ ДАР ЗАХИРАБУДАИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ РОҲАНДОЗӢ ГАРДИД 11:12ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН 10:05НАХУСТНАМОИШИ “МЕТРАНПАЖ” ДАР ТЕАТРИ ВИЛОЯТӢ 10:56ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ ДАР ЯК ХОНАДОНИ ТОҶИК 10:49ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН 16:35Хунёгари нағмаҳои дилнавоз 10:40
Серхонандаҳо
МАРҲИЛАИ ДУЮМИ АЗНАВСОЗӢ ВА ТАЪСИСИ МЕДИАТЕКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТИИ БА НОМИ ШАМСИДДИН ШОҲИН ВА ОҒОЗИ АЗНАВСОЗИИ КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ
ЁВОН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ВА СУҲБАТ БО СОКИНОНИ ЗАРАРДИДА
ҶАЙҲУН. 1,1 КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД
БОХТАР. БОЗ ЯК КӮДАКИСТОНИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
ЛЕВАКАНТ. НИЁЗМАНДЕ СОҲИБИ ХОНА МЕШАВАД
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ НЕРУГОҲИ БАРҚИИ ОФТОБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД
ҚАДРШИНОСИИ ИШТИРОКЧИЁНИ ҶАНГ - НИШОНАИ ЭҲТИРОМ БА ТАЪРИХ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА АЁДАТ ВА ТАБРИКИ ИШТИРОКДОРИ 103-СОЛАИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ РАФТАНД
ҶАВОНОН ВА МАСЪУЛИЯТИ ОИЛАДОРӢ
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ МУАССИСАИ ТОМАКТАБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД



