Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ҶАВОНОН САРМОЯИ БУЗУРГИ МИЛЛӢ
“Ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол неруи созандаи Ватан буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа бисёр арзишманд ва назаррас мебошад. Мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд”.
Эмомалӣ Раҳмон
Ҷавонон ҳамчун қишри фаъоли ҷомеа дар рушди соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар нақши ҳалкунанда доранд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки муҳимияти насли ҷавон, дар ҳама давру замон ба масъалаи дастгирии ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Ҳолати мазкурро дар қабули қонунҳо, ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ, консепсияҳо, амалисозии нақшаи чорабиниҳои дахлдор ва дастгирии давлатии ҷавонон дидан мумкин аст ва ин далели равшани ин сиёсати ҷавонпарварона мебошад.
Ҷавонон ҳамчун қувваи пешбарандаи ҷомеа, ояндаи миллат ва такягоҳи давлатдорӣ дар маркази сиёсати давлатӣ қарор доранд. Дар Тоҷикистон, ки беш аз 70 фоизи аҳолии он шахсони синни то 30-солаанд, насли ҷавон яке аз сармояҳои бузурги миллӣ маҳсуб мешаванд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз бо сиёсати хирадмандона ва ҷавонпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон ба як рукни муҳими рушди миллӣ табдил ёфтааст.
Яке аз ин гуна ҷавонони донишманду соҳибмаърифат, ташкилотчии хубу тарбиятгари насли наврас, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и шаҳри Бохтар Манучеҳр Нуров мебошад, ки ба ҷавонии хеш нигоҳ накарда, аллакай мавқеи хешро дар ҷомеа пайдо кардааст.
Ӯ соли 1993 дар шаҳри Бохтар, дар оилаи зиёӣ ба дунё омада, соли 2011 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13-и шаҳрро бо баҳои хубу аъло ба итмом расонидааст. Чун аз хурдӣ ба фанҳои дақиқ шавқу ҳаваси зиёд дошт, баъди хатми мактаби миёна ба факултаи мамематикаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дохил мешавад ва ин боргоҳи илму маърифатро бо сари баланд хатм менамояд.
Баъди хатми донишгоҳ фаъолияти кориашро ҳамчун омӯзгори фанни математика дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и шаҳри Бохтар оғоз намуда, баъдан ҳамчун муовини директори ин муассиса ифои вазифа кардааст.
Соли 2019 ба шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар ба кор омада, то соли 2023 ҳамчун мушовир оид ба фанҳои дақиқ кору фаъолият намудааст. Соли 2023 ӯро ба ҳайси директори Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо”-и назди шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар таъйин намуда, то соли 2025 ин масъулиятро сарбаландона иҷро намудааст. Аз соли 2025 то инҷониб масъулияти директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и шаҳри Бохтарро бар уҳда дорад.
Қаҳрамони матлаби мо худро яке аз ҷавонони хуштолеи даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон медонад, ки ҳанӯз аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ, дар замони бисёр ҳассоси таърихӣ, Пешвои миллат ба қишри ҷавонон бо чашми умед нигариста, неруи бузурги ин табақаро дар бунёди давлат ба ҳисоб гирифтанд.
– Қабули Қонуни аввалин «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» соли 1992, танҳо 6 моҳ пас аз истиқлолият, ки яке аз аввалинҳо дар миёни кишварҳои пасошуравӣ буд, худ далели ин сиёсати дурбинона маҳсуб меёфт. Дар ин замина, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пайгирии хирадмандона ва некбинона сиёсати давлатии ҷавононро ба сатҳи стратегӣ расонидаанд. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» (2021) ва Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон барои солҳои 2022-2026 аз намунаҳои равшани ин сиёсати бунёдгаро маҳсуб меёбанд, – иброз кард дар оғози суҳбат М. Нуров.
Ин омӯзгори ҷавон дар идомаи суҳбат афзуд, ки дар замони муосир нақши насли ҷавон дар рушди давлатдорӣ, илм, фарҳанг ва иқтисоди миллӣ беш аз пеш афзоиш ёфт.
– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали роҳбарӣ то имрӯз бо сиёсати ҷавонпарваронаи худ, ҳамеша пуштибони қишри ҷавон буда, барои рушди ҳамаҷонибаи онҳо заминаҳои ҳуқуқӣ, моддӣ ва маънавӣ фароҳам овардаанд. Дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон аз муҳимтарин иқдомҳои давлату Ҳукумат мебошад, зеро ҷавонон на танҳо неруи фаъоли ҷомеа, балки омили асосии таъмини рушди устувори кишвар маҳсуб меёбанд. Бояд қайд намуд, ки моҳияти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар он зоҳир мегардад, ки тарбияи онҳо дар руҳияи баланди ватандӯстӣ, худшиносӣ, хизмати содиқона ба Ватан ва эҳтироми арзишҳои миллӣ бояд ба таври мақсаднок амалӣ гардад, – афзуд дар идомаи суҳбат Манучеҳр Нуров.
Ба андешаи ин ҷавони хушбахти даврони соҳибистиқлолӣ ҳамасола ташкил ва баргузор шудани озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ – китоб аст» ва «Илм – фурӯғи маърифат» самараи татбиқи сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат мебошад. Ин озмунҳо бо ҳадафи рушди маънавиёти ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи маърифат, донишандӯзӣ ва ҳавасмандсозии ҷавонон ба китобу илм роҳандозӣ гардидаанд.
– Маврид ба зикр аст, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ – китоб аст» барои ташаккули фарҳанги мутолиа, эҳёи анъанаи китобхонӣ ва таҳкими ҳисси худшиносӣ мусоидат менамояд. Ин озмун таваҷҷуҳи хосаи ҷавононро ба арзишҳои миллӣ, таъриху адабиёт ва забони тоҷикӣ ҷалб менамояд ва имконият медиҳад, ки истеъдодҳои нав кашф шаванд. Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» бошад, ба омӯзиши фанҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ равона шуда, барои ҷалби ҷавонон ба фаъолияти илмӣ, таҳқиқотӣ ва афзоиши сатҳи донишу ҷаҳонбинӣ замина мегузорад. Иқдоми мазкур ҷавобгӯи талаботи рушди кадрии соҳаҳои муҳим ва баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирии насли нав мебошад. Бо мақсади дарёфти чеҳраҳои нав дар соҳаи илм, эҷодиёт, ихтироот, санъат ва монанди инҳо бо фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор намудани ҳар гуна озмуну чорабиниҳои дахлдор сиёсати бевоситаи Ҳукумати мамлакатро дар ин самт нишон медиҳад. Дар натиҷаи ин ҳама тадбирҳо, имрӯз зиёда аз ҳазорҳо нафар ҷавонони тоҷик дар муассисаҳои бонуфузи хориҷӣ таҳсил доранд. Ин қишри ҷомеа дар олимпиадаҳо, мусобиқаҳо ва озмунҳои байналмилалӣ ҷойҳои ифтихориро соҳиб гардида, муаррифгари Ватани азизамон мебошанд, – афзуд М. Нуров.
– Пешвои муаззами миллат дар яке аз баромадҳояшон чунин қайд кардаанд: «Мо ҷавононро неруи созандаву бунёдкор ва пешбарандаи ҷомеаи навини кишварамон ва ояндаи халқамон эълон кардем ва дар ҳалли масъалаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат то имрӯз ба онҳо такя мекунем». Дар ҷавоби ин қадар дастгириҳое, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин қишри ҷомеа равона кардаанд, пас мо вазифароем, ки ба халқу Ватани азизи хеш содиқонаю софдилона хизмат намоем ва саҳми арзандаи хешро дар пешрафту гулгулшукуфии Тоҷикистони азиз гузорем, – гуфт дар фарҷоми суҳбат Манучеҳр Нуров.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
ЖУРНАЛИСТЕ, КИ ҶАҲОНРО БО ДИЛ МЕШУНАВАД 12:02ҶАВОНОН ДАР МАСИРИ ХУДСОЗИВУ ВАТАНДОРӢ 11:57ШУТУРМУРҒПАРВАРӢ ДАР ШАҲРИТУС: 11:52БОХТАР. БОЗ ЯК КӮДАКИСТОНИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД 15:00ҶАВОНОН САРМОЯИ БУЗУРГИ МИЛЛӢ 12:08ҶАЙҲУН. 1,1 КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД 15:07КӮШОНИЁН: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИН, ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ КАРТОШКА ВА НАШЪУНАМОИ ПАХТА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ «БОРБАД» 15:11КӮШОНИЁН: ДАР ДЕҲАИ ГУЛЗОР БЕШ АЗ 6 КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ ГАРДИДААСТ 15:05
Серхонандаҳо
МАРҲИЛАИ ДУЮМИ АЗНАВСОЗӢ ВА ТАЪСИСИ МЕДИАТЕКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТИИ БА НОМИ ШАМСИДДИН ШОҲИН ВА ОҒОЗИ АЗНАВСОЗИИ КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ
ЁВОН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ВА СУҲБАТ БО СОКИНОНИ ЗАРАРДИДА
ҶАЛАСАИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ТАРИҚИ МАҶОЗӢ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО
ҶАЛАСАИ ФАВРӢ ОИД БА БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОБХЕЗӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ БАРГУЗОР ГАРДИД
Нақши воситаҳои ахбори омма дар пешгирии коррупсия
ҶАЙҲУН. 1,1 КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ НЕРУГОҲИ БАРҚИИ ОФТОБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД
ЛЕВАКАНТ. НИЁЗМАНДЕ СОҲИБИ ХОНА МЕШАВАД
РИШТАИ МЕҲР
К И Т О Б Д О Р



