Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ҶАЙҲУН. 1,1 КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД
Ҷиҳати шоиста истиқбол намудани ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии мамлакат, таъмиру таҷдиди роҳҳо дар ноҳияи Ҷайҳун бо маром идома доранд.
Аз ҷумла, дар доираи Лоиҳаи таъмиру мумфаршнамоии роҳҳои марказии ноҳияи Ҷайҳун, аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1,1 километр роҳи марказӣ асфалтпӯш гардида, ба талаботи муосири роҳсозӣ мутобиқ карда шуд.
Дар ин хусус аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун ба “Сафо” иттилоъ доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки корҳои мумфаршнамоӣ аз ҷониби ҶДММ “Даҳбедиён” иҷро гардида, дар рафти кор даҳҳо нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин гаштанд.
Роҳи мазкур бо истифода аз техникаҳои махсуси муосири роҳсозӣ мумфарш гардида, барои рафтуомади воситаҳои нақлиёт шароити хубе фароҳам меорад.
Аз рафти асфалтпӯш кардани роҳи мазкур раиси ноҳияи Ҷайҳун Ализод Азизулло Муҳибулло дидан карда, ба сохтмончиён дастуру маслиҳатҳои судманд додааст.
Гуфта шуд, ки ҳамин гуна иқдомҳои созанда дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Ҷайҳун минбаъд низ идома ёфта, марҳила ба марҳила роҳҳои маҳаллӣ таъмиру таҷдид карда мешаванд.
С. СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД?




