Такя ба олимон бояд кард

Хатлон аз калонтарин вилоятҳои аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, кишоварзон, боғдорон, сабзавоткорон, ситруспарварон ва чорводорон дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми назаррас доранд. Дар такя бо машварату роҳнамоии олимони соҳаи кишоварзӣ метавон аз истифодаи тухмиҳои хушсифат, ворид кардани техника ва технологияи навтарин истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро дучанд афзуд.
Соли 2018 барои пахтакорони вилояти Хатлон соли чандон бобарор набуд, зеро дурнамои истеҳсоли пахта танҳо 178 ҳазор тонна таъмин
гардиду халос. Мутахассисону коршиносон таъмин нагардидани нақшаи истеҳсоли пахтаро ба таври гуногун шарҳ медиҳанд. Аз як сӯ, гарм омадани ҳаво ва гулу шонапартоӣ, аз сӯи дигар истифодаи тухмиҳои пастсифат сабаби асосии коҳиш ёфтани ҳосили пахта дар вилояти Хатлон арзёбӣ мегардад. Аммо шаҳрҳои Бохтару Левакант, ноҳияҳои Данғараю Кӯшониён дар шароити як иқлиму обу ҳаво тавонистанд дурнаморо таъмин намоянд, аммо дигар шаҳру ноҳияҳои пахтакор аз уҳдаи дурнамо баромада натавонистанд. Дар ҳоле ки дар иқлими
ҳамон шаҳру ноҳияҳои пахтакор хоҷагиҳои зиёди деҳқонӣ дурнаморо барзиёд таъмин кардаанд. Олимони соҳаи кишоварзӣ бар он назаранд,ки роҳбарону кишоварзон, раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ ба таҷрибаи олимони худӣ ва маслиҳату пешниҳоди онҳо чандон таваҷҷуҳ надоранд. Яъне як сабаби асосии иҷро нагардидани дурнамои истеҳсоли пахта ин аст, ки хоҷагидорон аз тухмиҳои ватанӣ ва ихтирои олимони худӣ самаранок истифода намебаранд. Мутахассисон изҳор медоранд, ки барои рушди пахтакорӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ мебояд аз ҳама омилҳои мавҷуда, аз ҷумла, яхобмонӣ, шудгори босифат, пеш аз шудгор додани нуриҳои фосфорӣ истифода бурд. Ҳамзамон истифодаи тухмиҳои хушсифати озмудашуда, риояи омилҳои агротехникии парвариши пахтазор бо такя аз таҷрибаи олимони варзидаи соҳа, таъмини ҳавасмандии деҳқонон кафолати ба мақсад ноил гардидани кишоварзон мебошад. Агар ошкоро гӯем, имрӯз кадом хоҷагидор пеш аз шудгор ба заминҳои хоҷагии худ нуриҳои фосфорӣ мепошад? Шояд чунин хоҷагидороне, ки қоидаҳои агротехникиро пурра риоя мекунанд, дар ноҳияҳои вилоят ангуштшумор бошанд. Яке аз сабабҳои коҳиш ёфтани ҳосилнокии пахта дар соли 2018 ин дар сатҳи зарурӣ захира нашудани тухмиҳои хушсифат аз ҷониби хоҷагиҳои тухмипарвар буд. Баъзан мушоҳида мешавад, ки аз хориҷи мамлакат тухмиҳои пастсифат ва озмуданашуда низ ба вилоят ворид мегардад, ки деҳқонон таваккалӣ аз он истифода мебаранд. Аз нигоҳи дигар гаронии нархи нуриҳои минералӣ, заҳрҳои кимиёвӣ, қисмҳои эҳтиётӣ ва сӯзишворӣ ба пешравии кори
соҳа монеа эҷод мекунад. Деҳқон хароҷотро пӯшонида наметавонад ва ҳавасмандиаш низ таъмин намегардад. Дар замони иқтисоди бозаргонӣ сари ин масъалаҳо чораю тадбирҳои муҳим бояд роҳандозӣ гардад, то пахтакорӣ ба маънои том рушди тоза ёбад.
Воқеан, солҳои охир бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои маблағгузор дар соҳаи кишоварзӣ низ дар ҳоли татбиқ қарор
дошта, барномаҳои давлатӣ дар самти рушди кишоварзӣ, боғдорӣ, хушзоткунии чорво амалӣ мегарданд. Натиҷаи ҳамин аст, ки дар вилояти
Хатлон низ соҳаи кишоварзӣ, бахусус, боғдорию сабзавоткорӣ, ситруспарварӣ ва чорводорӣ рушд карда истодааст. Дар ин муддат дар самти амалигардонии барномаҳои боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зиёде анҷом ёфтанд. Дар ин замина дар ҳудуди вилояти Хатлон низ 20 ҳазору 434 гектар боғу токзорҳои нав бунёд карда шуда, дурнамо 119 фоиз таъмин гардид. Тибқи барномаи нав «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020» дар вилояти Хатлон бояд 5 ҳазору 20 гектар боғҳои намунавии мевааш содиротшаванда бунёд ёбад. Айни ҳол масоҳати боғҳои интенсивӣ дар вилояти Хатлон ба 265 гектар мерасад. Тақозои ҳаёт аст, ки майдони чунин боғотро васеъ намоем, зеро зимни ироаи Паём Пешвои муаззами миллат чунин таъкид доштанд: «Аз ҳисоби заминҳои бекорхобидаву доманакӯҳҳо майдони токзор, аз ҷумла, боғҳои интенсивӣ мунтазам зиёд карда шавад».
Бояд гуфт, ки имрӯз ҳолати як қисм боғҳои куҳна низ нигаронкунанда буда, ба азнавбарқароркунӣ ниёз доранд. Бо вуҷуди ин дар самти боғдорӣ дар вилояти Хатлон нишондодҳо хубанд, зеро дар ин самт боғпарварон бо олимон ҳамкории зич дошта, дар пешбурди соҳа аз рӯйи тавсияҳои онҳо амал мекунанд. Солҳои охир аз хориҷи кишвар беҳтарин донакҳо ва ниҳолҳои пайвандию дорои сертификати сифатбуда ворид мегардад. Тавре олими соҳа Сабоҳатулло Музаффаров зикр намуд, аз штати Калифорнияи давлати Амрико ва аз давлати Туркия беҳтарин тухмии донак, ниҳол ва қулфинайро ба Тоҷикистон, аз ҷумла, ба вилояти Хатлон ворид кардаанд, ки дар ин самт натиҷаҳои хуб ба даст омадааст. Имрӯз дар вилоят хоҷагидороне, ки дар самти ташкили гармхона, боғҳои намунавии мевааш содиротшаванда бо олимон ҳамкории зич доранд, зиёданд. Онҳо аз олимони давлатҳои пешрафтаи дунё таҷриба омӯхта, беҳтарин навъҳои тухмӣ ва технологияи парвариши ин ё он зироатро ворид менамоянд. Сулаймон Шафоев, раиси хоҷагии деҳқонии «Ёрмаҳмад»-и Ҷамоати деҳоти «Навбаҳор»-и ноҳияи Кӯшониён дар асоси таҷрибаи олимони давлати Туркия гармхонаҳои замонавӣ бунёд карда, технологияи нави обёрии қатрагиро ворид кардааст. Имрӯз парвариши помидори «Сабина–Ф–1» - ро ба роҳ монда, бозорҳои ватаниро бо ин навъи маҳсулот таъмин
карда истодаанд.
Хушбахтона, дар вилоят масъалаи парвариши ниҳолҳои пайвандии дорои сертификатбуда дар хоҷагиҳои ниҳолпарвар ва аҳолӣ пурра ҳалли
худро ёфтааст. Имрӯз зиёда аз 2,5 миллион ниҳоли хушсифат барои фурӯш омода гардидааст. Профессор, узви вобастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдалӣ Гулов пайваста дастур медиҳад, ки деҳқон, пеш аз ҳама, дар интихоби замин, тухмӣ, ниҳол бояд ба шитобкорӣ роҳ надиҳад.
- Ҳангоми шинонидани ниҳол аввал заминро 40 – 45 сантиметр шудгор ва хоки онро бо пору омехта карда, нуриҳои минералӣ илова намуда, баъд аз шинонидан зери ниҳол бояд об рехт. Зимни парвариш бошад, боғбонон пеш аз ҳама, ба яхобмонӣ, башаклдарорӣ, гузаронидани коркарди саривақтии кимёвӣ (ақаллан дар як сол се маротиба), обу ғизодиҳӣ бояд эътибори махсус диҳанд. Масъалаи сабзавоткорӣ, ситруспарварӣ низ дар ҳоли рушд қарор дорад, зеро дастуру тавсияҳои олимон дар ин самт ба манфиати кишоварзон мебошад. Раиси вилоят Ҳакимзода Қурбон ҳангоми вохӯриву суҳбатҳояшон ба кишоварзон, боғдорон, чорводорон ва бунёдкорони боғу гулгаштҳо тавсия додаанд, ки ҳамкориро бо олимони соҳа беҳтар ба роҳ монда, ҳар як шаҳру ноҳия дар мавсими гулшинонӣ 40–50 ҳазор гули садбарг, дар маҷмӯъ, дар қаламрави вилояти Хатлон зиёда аз 1 миллион гули садбарг шинонанд. Зиёд кардани гармхонаҳо барои парвариши сабзавоти барвақтӣ, ситруспарварӣ, парвариши қулфинай тақозои замон мебошад. Коршиносони соҳа вобаста ба иқлим дар баробари бунёди боғҳои мевааш содиротшаванда шинонидани ниҳолҳои санҷиду тутро ба мақсад мувофиқ медонанд. Тибқи тавсияи донишмандони соҳаи кишоварзӣ барқарор кардани боғоти куҳна, яхобмонӣ дар моҳҳои январу феврал, сафедкунии дарахтон, коркарди кимиёвии боғу токзор талаби рӯз мебошад.
Шералӣ САИД
Похожие новости:
Добавить комментарий