Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БОРИ НАХУСТ КУРСИ АЗНАВТАЙЁРКУНИИ КАДРҲОИ ДАР ЗАХИРАБУДАИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ РОҲАНДОЗӢ ГАРДИД
БОХТАР, 1 июн. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҳкими иқтидори кадрии мақомоти давлатӣ ва баланд бардоштани сатҳи донишҳои касбии хизматчиёни давлатӣ, имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бори аввал Курси азнавтайёркунии кадрҳо барои хизматчиёни давлатии дар захираи кадрҳобудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон оғоз гардид.
Курси мазкур таҳти сарпарастии бевоситаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ташкил шуда, дар он 176 нафар хизматчиёни давлатӣ аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иштирок доранд.
Дар маросими ифтитоҳи курс раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Даврон Ҷурахон, директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Идрисзода Илёс ва дигар намояндагони мақомоти давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни суханронии худ таъкид намуданд, ки дар шароити кунунии ҷаҳонишавӣ ва тағйироти босуръати ҷомеаи ҷаҳонӣ масъалаи омода намудани кадрҳои соҳибкасбу ватандӯст аҳамияти махсус касб менамояд. Ба гуфтаи мавсуф, хизматчиёни давлатӣ бояд нисбат ба таҳдидҳои муосир, аз ҷумла ифротгароӣ, экстремизм, таҳоҷуми фарҳангӣ ва таблиғи ғояҳои барои ҷомеаи мо бегона бетараф набошанд.
— Манфиатҳои миллии мо тақозо менамояд, ки хизматчиёни давлатӣ барои муқовимат намудан ба ҳар гуна равандҳои номатлуб ва дифоъ намудани ҷомеа аз ин таҳдидҳо бояд дар сафи аввали мубориза қарор дошта бошанд. Баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ аз вазифаҳои муҳими хизматчиёни давлатӣ дар асри ҷаҳонишавӣ мебошад, — изҳор дошт раиси вилоят.
Ҳамзамон, Давлаталӣ Саид ба масъалаҳои амнияти иттилоотӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, таъкид карданд, ки ҷавонон бояд ба истифодаи дурусти технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ, фарҳанги истифодаи интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ омӯзонида шаванд. Ба гуфтаи он кас, таҳдидҳои иттилоотӣ, даргириҳои минтақавӣ, авҷи гурӯҳҳои ифротгаро ва дигар равандҳои ҷаҳони муосир аз хизматчиёни давлатӣ сатҳи баланди ҳушёрӣ ва масъулиятшиносиро талаб менамоянд.
Зимни суханрониҳо таъкид гардид, ки ҳадафи асосии ташкили курс омода намудани кадрҳои соҳибтахассус, тақвияти донишҳои идоракунӣ, рушди малакаҳои роҳбарӣ ва такмили донишу таҷрибаи хизматчиёни давлатӣ мебошад. Дар доираи барномаи таълимӣ иштирокчиён мавзӯъҳои муҳимми идоракунии давлатӣ, банақшагирии стратегӣ, қабули қарорҳои идоракунӣ, муоширати касбӣ ва рушди малакаҳои роҳбариро меомӯзанд.
Ҳамчунин зикр гардид, ки ташкили чунин курсҳо дар доираи сиёсати давлатии дастгирии кадрҳои ҷавон ва занон амалӣ шуда, ба баланд бардоштани нақши онҳо дар сохторҳои давлатӣ ва ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда мусоидат менамояд.
Мувофиқи барномаи таълимӣ ба шунавандагон машғулиятҳо вобаста ба асосҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ, низоми мақомоти идоракунии давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, стратегия ва дурнамои рушди хизмати давлатӣ, масъалаҳои этикаи хизматчии давлатӣ, техникаи таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, масъалаҳои гендерӣ дар низоми идоракунӣ, татбиқи коргузории электронӣ ва дигар мавзӯъҳои мубрами соҳа гузаронида мешаванд.
Дар ҷараёни ҳамоиш баромадкунандагон таъкид намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи хизмати давлатиро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ арзёбӣ намуда, онро омили муҳими таҳкими идоракунии самараноки давлатӣ медонанд. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани сатҳи дониш, малака ва маҳорати хизматчиёни давлатӣ пайваста тадбирҳои муассир меандешад.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо




