Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
05 май 18:21АСОСӢ / Ахбор / Ҳуқуқ ва амният / Ҷамъият / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ
ЁВОН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ВА СУҲБАТ БО СОКИНОНИ ЗАРАРДИДА
Имрӯз, 5 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо мақсади шиносоӣ аз вазъи баамаломада, рафти корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва дастгирии сокинони зарардида ба ноҳияи Ёвон сафари корӣ анҷом доданд.
Нахуст, раиси вилоят дар деҳоти Ситораи Сурх бо сокинони маҳаллӣ мулоқот намуда, аз вазъи зиндагии оилаҳои осебдида ва корҳои анҷомёфта аз наздик шинос шуданд. Зимни суҳбат бо мардум таъкид гардид, ки ҷиҳати тоза намудани манзилҳои истиқоматӣ, барқарорсозии инфрасохтори зарардида ва таъмини оилаҳои осебдида бо маводи ғизоӣ ва масолеҳи сохтмонӣ тамоми тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.
Сипас, ҳайати корӣ ба деҳаи Пахтакор ҳаракат намуда, аз рафти корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар селпартои №С-8 боздид ба амал намуданд. Ба масъулон ҷиҳати тезонидани корҳои барқарорсозӣ, истифодаи самараноки техника ва сафарбар намудани қувваҳои иловагӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Дар идомаи сафар раиси вилоят ба деҳаи Фирдавсӣ рафта, аз ҳолати хонаҳои осебдида ва рафти корҳои бартарафсозии зарари офати табиӣ шинос гардиданд. Таъкид карда шуд, ки корҳои барқарорсозӣ бояд бо сифати баланд ва дар муҳлатҳои кӯтоҳ анҷом дода шаванд.
Ҳамчунин, дар деҳаи Рӯдакӣ аз рафти корҳои анҷомёфта дар маҳаллаи мазкур боздид сурат гирифта, ба масъулин барои идомаи корҳои ободониву барқарорсозӣ тавсияҳои зарурӣ пешниҳод гардид.
Дар деҳаи Навобод раиси вилоят бо гурӯҳи корӣ ва аъзои комиссия оид ба ҳолатҳои фавқулодда суҳбат анҷом дода, масъалаҳои вобаста ба бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ, арзёбии ҳаҷми зарар ва расонидани кӯмак ба аҳолӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Сипас, дар шаҳраки Ҳаёти Нав аз ҳолати фурӯравии заминҳо дар деҳаи 8-Март ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №59 боздид ба амал оварда шуд. Барои таъмини бехатарии аҳолӣ ва хонандагон, инчунин пешгирии ҳолатҳои эҳтимолии хатарнок, ба масъулон дастурҳои қатъӣ дода шуданд.
Дар анҷоми сафар, раиси вилояти Хатлон ба деҳоти Норин рафта, аз рафти корҳои барқарорсозии канали магистралӣ дар шохоби рост, соҳилмустаҳкамкунӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳодисаи рухдода дар назди роҳи оҳани Кӯлоб–Ёвон–Душанбе шиносоӣ пайдо карданд.
Раиси вилоят таъкид намуданд, ки бартарафсозии пурраи оқибатҳои офати табиӣ, дастгирии ҳамаҷонибаи аҳолии зарардида ва барқарор намудани инфрасохтори осебдида зери назорати доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қарор дорад.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД?
ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ
БОНУИ МАТИНИРОДА
ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД




