Бойгонӣ
Май 2026 (34)
Апрель 2026 (27)
Март 2026 (12)
Февраль 2026 (31)
Январь 2026 (22)
Декабрь 2025 (17)

ЖУРНАЛИСТЕ, КИ ҶАҲОНРО БО ДИЛ МЕШУНАВАД

Чашм доштан на ҳамеша маънои ҳама чизро дида тавонистанро дорад. Ҳамзамон, чашм надоштан ҳам на ҳамеша маънои гум кардани ҷаҳонро дорад. Чун дар ҷомеаи мо ҳазорҳо нафароне ҳастанд, ки имрӯз ҳатто бо маҳдудиятҳои хурдтарин аз зиндагӣ дилсард мешаванд. «Имкон нест», «шароит нест», «кор нест» гуфта, аз амалӣ кардани орзуҳои худ канор мераванд. Аниқтараш, кам нест шумораи онҳое, ки мебинанд, аммо намехоҳанд ҳаракат кунанд.
Қаҳрамони матлаби мо, агарчи аз ин имконияти бузург маҳрум аст, роҳеро интихоб кардааст, ки бояд кор кунад, омӯзад ва эҷод намояд, то ба орзуҳои худ наздик гардад.
– Вақте дигарон бо чашм дидаву таҳлил намуда менависанд, ман бошам ба гӯшҳоям такя карда, мешунавам ва ҳақиқатро баён мекунам, – мегӯяд Муҳаммадёр Юлдошов, корманди Радиои Тоҷикистон. Барои ӯ садо танҳо воситаи кор нест, балки роҳест, ки тавассути он ҷаҳон ва инсонҳоро мебинад.
Дақиқан, дар дунёи қаҳрамони мо ҳама чиз аз садо оғоз мешавад. Агар барои аксарият ин ҷузъиёти ночиз ба назар расад, барои ӯ мақоми аввалиндараҷа дорад.
Метавон гуфт, ки садо барои ӯ роҳ аст, тасвир аст, чашмест, ки ҷаҳонро равшан мекунад. Яъне, ин ҳикояи журналистест, ки торикиро ба забони садо табдил додааст.
– Садо ҳеҷ гоҳ дурӯғ намегӯяд, — мегӯяд ӯ оромона. — Агар бодиққат гӯш кунӣ, инсон худро пинҳон карда наметавонад. Бо вуҷуди он ки ман ҷаҳон ва инсонҳоро намебинам, аммо онҳоро мешунавам.
МУСОҲИБАИ КӮТОҲИ ИХТИСОСӢ БО ҚАҲРАМОНИ МАТЛАБ
– Аввалин суоле, ки мехоҳам бипурсам, ин аст: чаро матбуот, телевизион ё дигар бахшҳои журналистика нею маҳз радиоро ҷойи кори худ интихоб кардед?
Табассум, каме таваққуф ва ниҳоят посух: – Радио барои ман интихоб не, балки ягона имконият буд. Ман мисли дигарон ҳуқуқи интихоб надоштам. Хате, ки ман омӯхтаам, аз ҳуруфи кириллии мо фарқ мекунад. Ин маънои онро дорад, ки ман мисли дигарон навишта наметавонам. Бо аудитория рӯ ба рӯ кор карда наметавонам, чун аз дидан маҳрумам. Зебогии табиат ва инсонҳоро танҳо тавассути садо эҳсос мекунам. Аксбардорӣ ҳам карда наметавонам, то касби аккосиро интихоб мекардам. Яъне, радио ягона бахше буд, ки ба ман имконият дод танҳо бо истифода аз садои худ бо шунавандагон бошам ва фаъолияти журналистии худро ба роҳ монам.
– Агар рӯзе радио аз кор монад ё аз шунидани барномаҳои радио маҳрум шавед, чӣ ҳолат шуморо фаро мегирифта бошад?
– Албатта, эҳсоси нотавонӣ. Чун радио дунёи рангини ман аст. Танҳо тавассути радио ман ба ҷаҳон сайр мекунам ва зебогии оламро эҳсос менамоям.
– Шумо ҳам қабл аз эфир омодагӣ мебинед?
– Суоли хуб, – боз ҳам сукут... – Ман ҳам омодагӣ мегирам. Танҳо на бо истифода аз варақу мутолиа. Мегӯянд, инсоният 88 фоизи иттилоъро тавассути чашм мегирад. Ман бошам, тамоми дониш ва маълумоти заруриро тавассути шунидан мегирам. Суолҳои худро ҳам дар зеҳнам омода мекунам. Аз мусоҳиб ҳам қабл аз шуруи барнома дастовардҳояшро мепурсам, то ки иштибоҳ накунам.
– Дар радио кадом садо барои шумо аз ҳама дӯстдоштатарин аст?
Каме сукути мусоҳиб пас аз ин суол... – Инсон вақте мебинад, эҳсоси мусоҳибро осонтар дарк мекунад. Дурӯғро аз ҳақиқат ҷудо мекунад. Ман бошам, ҷаҳонро танҳо тавассути садо мешиносам. Барои ҳамин, он лаҳзаҳое бароям ҷолибанд, ки мусоҳиб баъд аз суоли мушкил хомӯш мемонад. Дар ҳамон сукут ман талош мекунам эҳсос намоям, ки ӯ дар чӣ ҳолати руҳӣ қарор дорад. Баъзан сукут бештар аз ҷавоб ҳақиқатро мегӯяд.
– Шабу рӯзро чӣ гуна эҳсос мекунед?
– Тавассути нури офтоб ва садои парандагон. Ҳарчанд пеши чашми ман ҳамеша сиёҳ аст, аммо қудрати офтоб ин аст, ки гармӣ ва равшании хосе дорад ва аксар нобиноён онро ҳис мекунанд. Торикие, ки шаб дорад, аз торикии рӯз фарқ мекунад.
«АЗ ТАБОРИ ХУРШЕД»
«Аз табори Хуршед» барномаи мусоҳибавии радиоист, ки онро Муҳаммадёр Юлдошов омода ва пеш мебарад. Дар ин барнома ӯ бо одамони равшанфикр ва илҳомбахш суҳбат мекунад.
Дар ҳар суҳбат ӯ чизеро меҷӯяд, ки аксар вақт дида намешавад – эҳсос, нияти пинҳон ва ҳақиқати паси калимаҳо. Вақте дигарон чеҳра мебинанд, ӯ овоз мешунавад. Ва шояд аз ҳамин сабаб саволҳои ӯ бештар аз ҷавобҳо «зинда» мебошанд.
Дар интихоби меҳмонон низ ӯ бештар ба одамоне рӯ меорад, ки метавон аз онҳо чизе омӯхт – на танҳо маълумот, балки таҷрибаи зиндагӣ.
Муҳаммадёр бовар дорад, ки инсон аксар вақт аз камии маърифат гумроҳ мешавад. Барои ҳамин ҳамеша талош мекунад бишнавад, омӯзад ва бештар бо одамоне суҳбат кунад, ки кору пайкори онҳо омӯхтанист.
ОРЗУЕ, КИ БА АМАЛ ТАБДИЛ ЁФТ
Муҳаммадёр Юлдошов 32 - сола аст. Ӯ 26 марти соли 1994 дар ноҳияи Кӯшониён ба дунё омадааст. Кӯдакиаш мисли кӯдакони дигар набуд. Ӯ дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони нобино ва сустбини шаҳри Ҳисор таҳсил кардааст.
Солҳои зиёд як орзу дошт – рӯзе ҷаҳонро бо чашмони худ бубинад. Ҳатто соли 2014 барои ҷарроҳӣ ба Кореяи Ҷанубӣ сафар кард. Вале ҷарроҳӣ натавонист зиндагии ӯро тағйир диҳад. Баъд аз он, ба ҷойи таслим шудан, роҳи дигареро интихоб кард. Ӯ ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон супорид ва бахши радиои факултети журналистикаро хатм кард.
Имрӯз Муҳаммадёр Юлдошов муҳаррири идораи барномаҳои мусиқии Радиои Тоҷикистон аст. Ӯ соҳиби оила ва ду фарзанд мебошад. Ӯ аз қисмат домангир ё руҳафтода нест, баръакс барои муваффақ шудан мубориза мебарад ва талош мекунад то дар ҷомеа мавқеи худро дошта бошад.
БА ҶОЙИ ХУЛОСА
Барои Муҳаммадёр радио танҳо ҷойи кор нест. Ин дунёест, ки ӯ тавассути садо месозад, одамонро мешиносад ва зиндагиро эҳсос мекунад.
Шояд ӯ дигар ҷаҳонро бо чашм набинад, аммо аз бисёриҳо дида, бештар ба зиндагӣ бо диққат гӯш медиҳад.

Низоми ИСО,
“Сафо”
Похожие новости:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Варзиш / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019