Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН
Падару модарони азиз,
Омӯзгорон ва тарбиятгарон,
Фарзандони меҳрубон!
Рӯзи кӯдакон аз идҳои пурфараҳ ва пурнишоти ҷаҳон ба шумор рафта, рамзи муҳаббат, ғамхорӣ, дастгирӣ ва эҳтиром нисбат ба насли наврас мебошад. Ин неруи ояндасоз идомадиҳандаи насли инсонӣ, ояндаи дурахшони миллат, захираҳои бузурги зеҳнию маънавӣ ва умеди фардои ҷомеа мебошанд.
Ба ин муносибат, Шумо фарзандони азизро бо Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, ки ҳамасола 1-уми июн ҷашн гирифта мешавад, табрик намуда, бароятон саломатӣ, хушбахтӣ ва дар ҳаёти минбаъдаатон ояндаи дурахшон таманно менамоям.
Устодон ва мураббиёни азиз,
Имруз дар Тоҷикистон барои тарбия ва ба камол расидани насли наврас тамоми шароитҳои мусоид таъмин гардидааст. Бунёди инфрасохтори соҳаи маориф ва беҳтар намудани сифати таълиму тарбия, беҳдошти саломатӣ ва ташкили истироҳату фароғати онҳо ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлат ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Фарзандони мо соҳибони ояндаи давлату миллат ҳастанд ва мо вазифадорем, ки барои тарбия, таҳсил, саломатӣ ва рушди қобилияту истеъдодҳои онҳо тамоми шароитро фароҳам созем».
Дар робита ба ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба масъалаи ҳифзи кӯдакон ва таълиму тарбияи онҳо диққати махсус зоҳир намуда, таъмини шароити мусоиди таълиму бозомӯзии кӯдаконро дар меҳвари фаъолияти доимии худ қарор додааст.
Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят илова ба маблағгузории давлатӣ аз дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ, бахусус дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ даҳҳо муассисаи таълимӣ ва томактабӣ, майдончаҳои варзишию фароғатӣ, марказҳои наву замонавии забономӯзӣ ва муассисаҳои тандурустӣ барои кӯдакон бунёд гардиданд, ки ин марҳилаи муҳим бомаром идома дорад. Вобаста ба ин, соли 2025 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 150 муассисаҳои соҳаи маориф бо 1240 синфхона ва 62000 ҷои нишаст мавриди истифода қарор дода шуда, соли равон сохтмони 288 муассисаҳои таълимию тарбиявӣ, аз ҷумла 70 муассисаи томактабӣ ва марказҳои инкишофи барвақтии кӯдакон ҷараён доранд, ки то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода хоҳанд шуд.
Айни замон дар муассисаҳои тарбияи томактабии вилоят 138 230 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки 33 фоизи шумораи умумии кӯдакони аз синни 3 то 6-соларо ташкил намуда, ҷиҳати то 50 фоиз расонидани фарогирии кӯдакон ба зинаи аввали таҳсилот корбарӣ идома дорад.
Падару модарони азиз!
Тарбияи фарзанд масъулияти бузург ва муқаддас аст. Маҳз муҳити солими оилавӣ, меҳру муҳаббат ва муносибати нек метавонад дар қалби кӯдак ҳисси инсондустӣ, эҳтиром ва некиро парвариш намояд.
Донишманди бузург Унсурулмаолии Кайковус дар «Қобуснома»-и худ тарбияи фарзандро масъулияти волидайн дониста, овардааст: «Ҳар чӣ, ки меомӯзед, аз фазлу ҳунар фарзандро биомӯзед, то ҳаққи волидайну шафқати падарӣ ба ҷой оварда бошӣ».
Вобаста ба ин, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» тамоми қишрҳои ҷомеаро ба тарбияи мақсадноки кӯдакон водор намуда, шароит фароҳам менамояд, ки онҳо дар беҳтарин муассисаҳои муосир илм омӯзанд ва шахсияти худро комил гардонанд. Маҳз ҳамин таваҷҷуҳ аст, ки ҳамасола иштироки кӯдакону наврасон дар озмуну чорабиниҳои фарҳангӣ, варзишӣ, илмӣ ва техникӣ зиёд гардида, шумораи довталабони озмунҳои дохилӣ ва байналмиллалӣ меафзояд.
Ба ин раванд, ташаббуси беназири Пешвои муаззами миллат дар бораи баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм - фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” такони ҷиддӣ бахшида, шумораи ҷоизаҳои ифтихорӣ миёни наврасон дар вилоят бамаротиб афзун мегардад.
Фарзандони азиз!
Ҳар як кӯдак ҳуқуқ дорад, ки дар муҳити орому осуда зиндагӣ кунад, таҳсил намояд, истеъдоди худро рушд диҳад ва аз муҳаббату ғамхории ҷомеа баҳравар гардад.
Вобаста ба ин, ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон танҳо масъулияти мақомоти давлатӣ нест, балки вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад. Дар ин замина, бояд ҷиҳати пешгирӣ аз зӯроварӣ дар оила, муносибати бетафовут ба таълиму тарбияи кӯдакон, ҳимояи кӯдакони маъюб ва дар шароити душвор қарордошта тадбирҳои муассир андешида шаванд. Вазифаи ҳар як падару модар аз он иборат аст, ки барои тарбияи фарзандони солеҳ, донишманд ва ватандӯст саҳмгузор бошад.
Ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар тамоми шаҳру навоҳии вилояти Хатлон дар доираи иқдоми “Чил рӯзи ҳаёти кӯдакон” чорабиниҳои гуногуни идона, аз қабили маҳфилҳои фарҳангӣ, озмунҳои зеҳнӣ, рассомию шеърхонӣ, намоишҳои ҳунарӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ баргузор мегарданд, ки дар онҳо ҳазорон кӯдаки хурдсол ва наврасони вилоят иштирок мекунанд. Ин тадбирҳо барои шод кардани қалби поки кӯдакон ва рӯҳбаланд намудани онҳо баргузор карда мешаванд.
Падару модарони азиз!
Нақши оила дар тарбияи фарзанди солиму бомаърифат бузург ва сарнавиштсоз аст. Маҳз дар муҳити хонавода кӯдак аввалин сабақҳои ахлоқӣ, арзишҳои миллӣ, муҳаббат ва эҳтиром ба инсонро меомӯзад. Оилаи солим бо муҳити гарму самимии худ ба ташаккули рӯҳия, ҷаҳонбинӣ ва шахсияти фарзанд таъсири мусбат мерасонад. Аз ин рӯ, волидонро зарур аст, ки дар баробари таъмини шароити моддӣ, ба тарбияи маънавию ахлоқии фарзандон диққати ҷиддӣ диҳанд ва онҳоро дар рӯҳияи ифтихори ватандорӣ, фарҳангдӯстӣ ва эҳтиром ба дигарон парвариш намоянд.
Мо бояд талош намоем, ки дар ҳар хонадон фазои меҳру ҳамдигарфаҳмӣ, дар ҳар муассисаи таълимӣ муҳити созанда ва дар тамоми ҷомеа эҳсоси масъулиятшиносӣ нисбат ба кӯдакон ҳукмфармо бошад.
Бо беҳтарин таманниёт ба ҳамаи кӯдакон саломатии бардавом, бахти баланд, хотири ҷамъ, муваффақият дар таҳсил ва кӯдакии рангину беолоиш орзумандам.
Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон муборак бошад!
Добавить комментарий
Ахбор
МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО НАМОЯНДАГОНИ МАГАТЭ: ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО БАРОИ РУШДИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ 13:25ХАТЛОН.РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН ТАҶЛИЛ ГАРДИД 15:18ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БОРИ НАХУСТ КУРСИ АЗНАВТАЙЁРКУНИИ КАДРҲОИ ДАР ЗАХИРАБУДАИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ РОҲАНДОЗӢ ГАРДИД 11:12ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН 10:05НАХУСТНАМОИШИ “МЕТРАНПАЖ” ДАР ТЕАТРИ ВИЛОЯТӢ 10:56ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ ДАР ЯК ХОНАДОНИ ТОҶИК 10:49ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН 16:35Хунёгари нағмаҳои дилнавоз 10:40
Серхонандаҳо
МАРҲИЛАИ ДУЮМИ АЗНАВСОЗӢ ВА ТАЪСИСИ МЕДИАТЕКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТИИ БА НОМИ ШАМСИДДИН ШОҲИН ВА ОҒОЗИ АЗНАВСОЗИИ КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ
ЁВОН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ВА СУҲБАТ БО СОКИНОНИ ЗАРАРДИДА
ҶАЙҲУН. 1,1 КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД
БОХТАР. БОЗ ЯК КӮДАКИСТОНИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
ЛЕВАКАНТ. НИЁЗМАНДЕ СОҲИБИ ХОНА МЕШАВАД
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ НЕРУГОҲИ БАРҚИИ ОФТОБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД
ҚАДРШИНОСИИ ИШТИРОКЧИЁНИ ҶАНГ - НИШОНАИ ЭҲТИРОМ БА ТАЪРИХ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА АЁДАТ ВА ТАБРИКИ ИШТИРОКДОРИ 103-СОЛАИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ РАФТАНД
ҶАВОНОН ВА МАСЪУЛИЯТИ ОИЛАДОРӢ
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ МУАССИСАИ ТОМАКТАБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД



