Бойгонӣ
Май 2026 (29)
Апрель 2026 (27)
Март 2026 (12)
Февраль 2026 (31)
Январь 2026 (22)
Декабрь 2025 (17)

ҶАВОНОН ВА МАСЪУЛИЯТИ ОИЛАДОРӢ

Дар замони муосир, ки ҷомеа бо мушкилоти гуногуни иҷтимоӣ, аз ҷумла ҷудошавии оилаҳо ва косташавии арзишҳои маънавӣ рӯ ба рӯ гардидааст, масъалаи фарҳанги оиладорӣ аҳамияти бештар пайдо мекунад. Ба муносибати Рӯзи байналмилалии оила, хабарнигори маҷалла бо Анвар Ҳафизов, муаллифи барномаҳои маърифатии Идораи телевизион ва радиои вилояти Хатлон ҳамсуҳбат шуд. Дар ин мусоҳиба ӯ роҷеъ ба нақши оила дар ҷомеа, масъулияти падару модар, таъсири муҳоҷирати меҳнатӣ ва роҳҳои пешгирии ҷудошавии оилаҳо андешаҳои ҷолибу омӯзандаро баён мекунад.

– БА НАЗАРИ ШУМО ЧАРО ОИЛА ПОЯИ АСОСИИ ҶОМЕА ҲИСОБИДА МЕШАВАД?
– Пеш аз ҳама, оиларо метавон ячейкаи асосии давлатдорӣ номид. Агар ҳар як оила солиму устувор бошад, ҷомеа низ устувору пешрафта мегардад. Дар муҳити оилаи солим фарзандони солеҳ ба камол мерасанд, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ватандӯстӣ ташаккул меёбад.
Шахсе, ки соҳиби оилаи хушбахт аст, дар ҷомеа низ мавқеи арзанда пайдо мекунад. Бинобар ин, рушди ҷомеа ва пешрафти давлат бевосита ба солимии муҳити оилавӣ вобаста аст. Хушбахтона, дар кишвар барои таҳкими фарҳанги оиладорӣ ва пешгирии хонавайронӣ тадбирҳои гуногун амалӣ мешаванд.

– АСЛАН КАДОМ ОМИЛҲО БЕШТАР БА УСТУВОРИИ ОИЛАҲО ТАЪСИРИ МАНФӢ МЕРАСОНАНД?
– Яке аз омилҳои ҷиддӣ дуршавии бархе ҷавонон аз ҳувият ва арзишҳои миллӣ мебошад. Дар гузашта ҳангоми бунёди оила калонсолон нақши муҳим доштанд. Насиҳат, одоб, эҳтиром ва масъулиятшиносӣ дар маркази таваҷҷуҳ қарор мегирифт.
Маросимҳои хонаводагӣ бо самимият ва муҳаббат баргузор мешуданд. Имрӯз бошад, баъзан ба интихоби ҳамсар ва масъулияти оиладорӣ муносибати сатҳӣ дида мешавад. Шахсоне, ки барои хостгорӣ мераванд, бояд дарк кунанд, ки дар сарнавишти ду ҷавон саҳм мегиранд ва масъулияти маънавӣ доранд.

– НАҚШИ ПАДАРУ МОДАР ДАР ТАРБИЯИ ФАРЗАНДИ СОҲИБАХЛОҚ ТО КАДОМ АНДОЗА МУҲИМ АСТ?
– Нақши падару модар аз рӯзи аввал бисёр муҳим аст. Ман ҳатто мегӯям, ки тарбия аз замони дар батни модар будани фарзанд оғоз мешавад.
Фарзанд бояд дар муҳити меҳру муҳаббат, одоб ва масъулиятшиносӣ ба камол расад. Агар кӯдак аз хурдӣ ба тозагӣ, эҳтиром ба калонсолон, меҳнатдӯстӣ ва ҳунаромӯзӣ одат кунад, дар зиндагии оилавӣ низ муваффақ мегардад.
Мутаассифона, баъзан танҳо синну солро меъёри омодагӣ ба оиладорӣ медонанд. Дар ҳоле ки муҳити тарбия нақши асосӣ дорад.

– БАЪДИ ХОНАДОРШАВИИ ФАРЗАНДОН НАҚШИ ПАДАРУ МОДАР ЧӢ ГУНА БОЯД БОШАД?
– Пас аз оиладоршавии фарзанд масъулияти падару модар боз ҳам бештар мегардад. Зеро зиндагии воқеӣ маҳз баъди бунёди оила оғоз мешавад.
Дар ҳолатҳои нофаҳмӣ падару модар бояд боадолатона муносибат кунанд, на ин ки танҳо аз фарзанди худ ҷонибдорӣ намоянд. Вақте ҳар ду ҷониб худро ҳақ меҳисобад, мушкилӣ амиқтар мешавад. Насиҳати оқилона ва бетарафона метавонад бисёр мушкилоти оилавиро ҳал кунад.

– БАРОИ БЕШТАР ШУДАНИ ЭҲТИРОМ ВА ҲАМДИГАРФАҲМӢ МИЁНИ ЗАНУ ШАВҲАР ЧӢ БОЯД КАРД?
– Асоси ҳама чиз муҳаббат ва самимият аст. Вақте инсон дӯст медорад, кӯшиш мекунад камбудиҳоро бо меҳрубонӣ ислоҳ намояд.
Агар танқид бо эҳтиром ва муҳаббат бошад, қабул мешавад. Аммо таънаву маломат танҳо кина ба вуҷуд меорад. Оилаи солим ҳамон оилаест, ки дар он бахшидан, фаҳмидан ва эҳтиром кардани ҳамдигар вуҷуд дорад.

– ЧАРО БАЪЗЕ ҶАВОНОН БА ЗИНДАГИИ МУСТАҚИЛОНА ОМОДА НЕСТАНД?
– Чунки оиладориро баъзеҳо танҳо ҳамчун орзуи шахсӣ мебинанд, на масъулият. Ҷавон бояд пеш аз ҳама омода бошад, ки масъулияти ҳамсар, фарзанд ва падару модарро ба дӯш гирад.
Эркагӣ ва зиндагии бе ташвиш баъзан ҷавононро аз ҳисси масъулият дур мекунад. Оиладорӣ бошад, сабру таҳаммул ва дарки вазифаи инсонӣ мехоҳад.

– МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ БА ВАЗЪИ ОИЛАҲО ЧӢ ТАЪСИР МЕРАСОНАД?
– Таъсири хеле ҷиддӣ мерасонад. Зеро меҳру муҳаббат ба ҳузур ва дидор ниёз дорад. Вақте ҳамсар солҳои зиёд дур аст, муҳити равонии оила тағйир меёбад.
Ман фикр мекунам, ки ҷавонон бояд бештар ба зиндагии муштарак аҳамият диҳанд. Қаноатмандӣ ва фарҳанги сарфакорӣ низ метавонад бисёр мушкилоти иқтисодиро сабуктар намояд.

– БАРОИ ПЕШГИРИИ ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО ЧӢ БОЯД КАРД?
– Пеш аз ҳама, масъулиятшиносӣ бояд зиёд шавад. Падару модар низ бояд дар чунин ҳолатҳо мавқеи ҷиддӣ дошта бошанд. Баъзе ҷавонон аз рӯйи ғурури бемаврид қарорҳои шитобкорона мебароранд.
Инсон баъди ҷудоӣ дарк мекунад, ки чӣ қадар мушкилӣ ва пушаймонӣ пеш меояд. Вале, тавре мегӯянд, “илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ”.

– НАҚШИ ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ДАР ТАРҒИБИ ФАРҲАНГИ ОИЛАДОРӢ ЧӢ ГУНА БОЯД БОШАД?
– Расонаҳои иттилоотӣ бояд бештар ба мавзуъҳои тарбиявӣ ва фарҳанги оиладорӣ таваҷҷуҳ намоянд. Барномаҳои маърифатӣ метавонанд ҷавононро ба масъулиятшиносӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва таҳкими оила ҳидоят кунанд.
Масъалаи хонавайронӣ танҳо мушкили як кишвар нест, балки масъалаи ҷомеаи ҷаҳонӣ аст. Аз ҳамин сабаб нақши журналистон ва кормандони расонаҳои иттилоотӣ бисёр муҳим мебошад.

– ПАЁМИ ШУМО БА ҶАВОНОНЕ, КИ ДАР АРАФАИ БУНЁДИ ОИЛА ҚАРОР ДОРАНД?
– Саросема нашаванд. Пеш аз интихоби ҳамсар ҳамдигарро хуб омӯзанд – аз нигоҳи хислат, фарҳанг ва ҷаҳонбинӣ. Розигии падару модар низ бисёр муҳим аст.
Оилаи хушбахт бо муҳаббат, эҳтиром ва масъулият бунёд мешавад. Ҳар ҷавоне, ки соҳиби оилаи солим мегардад, дар ҷомеа низ соҳиби обрӯ ва эҳтиром хоҳад шуд.

– ТАШАККУР БАРОИ ПЕШНИҲОДИ АНДЕШАҲОИ ХЕЛЕ МУФИД.
­– Ба аҳли қалами “Сафо” низ ташаккур, ки чунин мавзуъҳои пурманфиатро баррасӣ мекунанд.

Суҳбаторо М. Акрамов
Похожие новости:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Варзиш / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019