ШАҲД МЕРЕЗАД ЗИ ГУФТОРАМ ҲАНУЗ
Сафармуҳаммад Аҳмад - шоир ва муҳаққиқ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, мудири кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аст.
Маҷмӯаи аввалини ашъораш бо номи «Заврақи завқ» соли 2011 тавассути нашриёти «Адиб» ба табъ расидааст. Шеърҳояш мунтазам дар рӯзномаву маҷаллаҳои «Адабиёт ва санъат», «Садои Шарқ», «Истиқбол», «Мактаб» ва ғайра чоп мешаванд.
Аз гулбоғи ашъори шоир инак, намунаеро манзури хонандагони иромӣ месозем.ҲАСРАТ
Дар Бадахшони дили ман лаъл баст
Ҳасрати лаъли лаби ҷононаҳо.
Маст шуд деви алам аз хуни ман,
Гашт паҳнои дилам майхонаҳо.
Ашки ман бинҳуфт дар чашмони ман,
Ҳамчу зери баҳрҳо дурдонаҳо.
Обёри як кафи хоке нашуд,
Панҷи ман ғунҷид дар паймонаҳо.
Кас ба умқи синаам роҳе набурд,
Ганҷи ман гум гашт дар вайронаҳо.
Орзуи оҳаринам бод шуд,
Пойи худ бикшод аз завлонаҳо.
Деҳа танг омад пайи иқболи ман,
Роҳ ҷустам то бари фарзонаҳо.
Оқибат маъвои худро ёфтам:
Кӯчаи шаҳру сафи девонаҳо.
ҲАНӮЗ
Субҳ хезад аз шаби торам ҳанӯз,
Чашм бикшоед, бедорам ҳанӯз.
Ҳалқа гирди ман занед, эй ошиқон,
Аз майи тавҳид саршорам ҳанӯз.
Сина бикшо, эй замини ташналаб,
Лутфборонам, ки меборам ҳанӯз.
Дар замини хотири ҳар ноумед,
Донаи умед мекорам ҳанӯз.
Сад чаман дар синаам гул мекунад,
Гарчи дар пойи ҳавас хорам ҳанӯз.
Гарчи аз талхии ком озурдаам,
Шаҳд мерезад зи гуфторам ҳанӯз.
Кист, то гӯше фаро дорад маро?
Эй басо ногуфтаҳо дорам ҳанӯз.
ФАРЁД
Ба дарозӣ кашид шоми дилам,
Офтоби назар дареғ мадор.
Хоки роҳам, гузори пойи хушат,
Аз ман, эй раҳгузар, дареғ мадор.
Солҳо шуд, ки ман зи дурии ту
Бо ғаму дард ошно шудаам.
Ҳамчу барге зи «лутфи» боди хазон,
Аз сари шохае раҳо шудаам.
Ғалт-ғалтон зи боди хотираҳо
Хаставу ташна меравад дили ман.
Боз мебинамат, чу оби ҳаёт,
Мегурезӣ зи санги соҳили ман.
Шодбоши дили ҳазини маро,
Чи касе ғайри ту тавонад гуфт.
Чи касе ғайри ту зи домани дил,
Гарди андӯҳу ғам тавонад рӯфт.
Шикваҳо аз ман асту ғайрати ман,
Ки нашурад хилофи қисмати ту.
Рӯйи шодӣ дигар нахоҳам дид,
Аз намаккӯрии муҳаббати ту.
Аз ҳама киштаи ҳавову ҳавас,
Нест ҷуз бори ғусса ҳосили ман.
Ҷони ман ҳар нафас занад фарёд:
- Оҳ, танг аст, танг манзили ман.
РУБОӢ ВА ДУБАЙТИҲО
Бар пурсиши ман туро ҷавобе нашукуфт,
Аз ғунчаи лаб ҳарфи савобе нашукуфт.
Аз бахти чу абр тира дар олами дил,
Сад субҳ дамиду офтобе нашукуфт.
***
Дар маҳфили дилбарони хунхораву маст,
Дил рафт маро чу соғаре даст ба даст.
Чун дар дили ман ба ҷуз алам ҳеҷ намонд,
Мискин дилам аз кафе биафтоду шикаст.
***
Боде бидамиду бӯи ёре бо ӯ,
Ёде зи гузашта рӯзгоре бо ӯ.
Шояд, ки ба чашми бастаам хоб ояд,
Оғӯши кушодаи нигоре бо ӯ.
***
Эй ғунча, замони интизорат бигузашт,
Боре нашукуфтиву баҳорат бигузашт.
Эй Ман, пайи ризқи худ давидан то кай?
Рӯзӣ чӣ кунӣ, ки рӯзгорат бигузашт.
***
Як зумра, ки ёри номувофиқ ҳастанд,
Бингар, ки чӣ гуна аҳди худ бишкастанд:
То манзили мақсуд расидем ба ҳам,
Ворид бишуданду дар ба рӯям бастанд.
***
Он сон зи хумор саргаронам, ки мапурс,
Бар рафъи хумор нотавонам, ки мапурс.
Муштоқи нишони бенишонам, ки магӯ,
Чун тири кашидаи камонам, ки мапурс.
***
Пурсӣ, ки чӣ хотирам мушавваш дорад,
Ҷонест, ки бо танам кашокаш дорад.
Аз Монии орзу умеде дорам,
То саҳфаи хотирам мунаққаш дорад.
***
Эй нағмаи изтироб, гӯшат кӣ кунад?
Эй оташи гирязо, хамӯшат кӣ кунад?
Аз хуни хаёли масти ман сар задаӣ,
Эй ҷоми пури шароб, нӯшат кӣ кунад?
***
Ҷуз бод ба дасти орзуям нарасид,
Як гумшудае ба ҷустуҷӯям нарасид.
Чандон, ки ба соҳилаш давидам шабу рӯз,
Як қатра зи баҳри обрӯям нарасид.
***
Гуфтам, ки дигар ба кас нагӯям ғами дил,
Биншинаму бо шароб шӯям ғами дил.
Бо бода ҳазор қатра ғам мехӯрдам,
Писханд ҳаменамуд сӯям ғами дил.
***
Эй кош, ки ақл раҳнамоям будӣ,
То аз ғами гумраҳӣ раҳоям будӣ.
Эй кош, ки хоки ин замини падарон,
Марҳам ба кафидаҳои поям будӣ.
***
Нигори дилнишину дилписандӣ,
Ҳама лутфию сар то пой қандӣ.
Зи поафтодагонам, дасткӯтаҳ,
Дареғо, меваи шохи баландӣ.
***
Чи сайёдам, ки дил бар сайд бастам,
Камони бевафоиро шикастам.
Ҳазорон шишаи дил зери по шуд,
Ба умеде, ки меуфтӣ ба дастам.
***
Ба ман мегуфт рӯзе дилбари ман:
-Чӣ хуштар аз ниҳоли пайкари ман?
Бад-ин хубӣ, чунин зебову дилкаш,
Чӣ рӯяд аз замин баъди сари ман?
***
Ба дунё одами одил надидам,
Миёни сад бадан як дил надидам.
Бидидам шӯри дарёи хурӯшон,
Наме андар лаби соҳил надидам.