29 сен 17:15Фарҳанг / Маориф

PАФЪИ АМРОЗИ ВУҶУД БОШАД КИТOБ

Ривоят мекунанд, ки дар замонҳои қадим шоҳзодае ба беморӣ мубтало мегардад. Табибон ҳар қадар чораю тадбир меҷӯянд, фоида намебахшад. Навмед шуда, даст аз табобат бозмедоранд. Мазмун, тақдирро наметавон тадбир кард. Шоҳзода ҳам бо тани ранҷуру хотири парешон дар кунҷи чаҳорбоғи падар маскан гирифта, рӯзи марги худро интизор мешавад. Рӯзе ба аёдати вай донишманде меояд, ки дар даст китоби „Калила ва Димна“ дошт. Дар охири суҳбат ӯ ба шоҳзода китобро дода, таъкид менамояд, ки онро бодиққат бихонад, зеро ин ганҷи мастур сабаби шифоёбии вай хоҳад гашт.

Ҷавон китобро кушода, нақлҳои пандомези онро мутолиа мекунад. Аз ақлу заковату зиракии парандаю ҳайвонот дар тадбири роҳи ҳалли масъалаю муаммоҳо сахт дар тааҷҷуб мемонад. Дилашро хурсандию хушҳолӣ фаро мегирад. Китобро гаштаю баргашта бо шавқу завқ чандин маротиба мехонад. Дармеёбад, ки саломатиаш рӯз аз рӯз беҳтару хубтар шуда истодааст. Иштиҳояш батамом мекушояду аз тановули ғизоҳо чеҳрааш арғувонӣ мешавад. Табибон аз ин ҳолат бисёр дар ҳайрат мемонанд, чунки дар ботини шоҳзода баъди муоина аз беморӣ осоре намеёбанд.

Албатта, нақли болоӣ як навъ ривоятест, вале гумон мекунам, ки ҳамин рисолатро дар замони мо китобу китобхонаҳо иҷро карда метавонанд. Китобхона ҷои муқаддас асту кас метавонад маҳз аз мутолиаи ганҷҳои сармади он бисёр гиреҳу печидагиҳои зиндагиро кушояд. Ҳатто рӯҳи худро таскин бахшад. Махсусандар даврони соҳибистиқлолӣ дар радифи соҳаҳои дигари ҳаёти ҷомеа дар ҷодаи китобдорӣ низ дастовардҳои наву тоза ба амал омадандки бевосита барушди минбаъдаи ин самт дар ҷумҳурӣ мусоидат хоҳад кард.


Беҳтар зи китобхона ҷое набувад,

Хуштар зи китоб ошное набувад.

Дар даҳр баҳри рафъи амрози вуҷуд,

Монанди мутолиа давое набувад.


Дар ин маврид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои таърихиашон ишора менамоянд, ки китоб натанҳо сарчашмаи дониш, балки воситаи муҳими тарбияи маънавии инсон аст. Аз ин рӯ, бо Амри Сарвари давлат аз 9 феврали соли 2019 дар мамлакат озмуни ҷумҳуриявии „Фурӯғи субҳи доноӣ…“ баргузор шуда истодааст, ки аз манфиат холӣ нест. Он аз чор давр иборат буда, то моҳи декабри соли равон идома хоҳад ёфт.


Гул саҳар во мешавад аз хандаҳои офтоб,

Мекушояд сафҳаҳои умри инсонро китоб.

Бе китоб, эй дӯстон, бунёди мо норавшан аст,

Тираву торик ҳамчун хонаи беравзан аст.


Дар ҳақиқат китоб арзишмандтарин падидаи фарҳангӣ - манбаи асосии илму дониш, фазлу эҳсон, сарчашмаи дарёи ақл, махзани волою пояи тамаддуни ҷаҳони муосир, воситаи таълиму тарбия, фароғат, ойинаи ҳаёт, калиди дари ганҷи сухан будаю ҳеҷ гоҳ аз инсонҳо рӯ наметобад.

Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин яке аз муассисаҳои фарҳангӣ буда, дар ташвиқи китоб пайваста корҳои назаррасро анҷом медиҳад. Онҳо бо доир сохтани чорабиниҳои гуногуни соҳавӣ дар ғанигардонии маънавиёти мардум, баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстӣ, тарбияи ахлоқӣ ва зебоипарастии ҷавонон, огоҳ сохтани онҳо аз муҳимтарин падидаҳои ҷаҳони имрӯза саҳми арзанда мегузоранд. Хусусан, дар танзими баргузории озмуни ҷумҳуриявии „Фурӯғи субҳи доноӣ…“, ки имрӯзҳо баҳри дарёфти чеҳраҳои наву нодири суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, фаъолгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла, хонандагону донишҷӯёни тамоми зинаҳои таҳсилот, инчунин магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо ва ғайра роҳандозӣ гардонидааст, заҳмат мекашанд.

Чӣ тавре дар боло ёдовар шудем, яке аз неъматҳои бузурги дунё китоб аст, ки бо фоидабахшиҳояш метавон ниҳоли ақли расо сабзонид ва аз он суду ғанимати бисёр бардошт.


Китоб андар раҳи умедҳо умед мебахшад,

Ба рӯзи маърифатомӯзиҳо хуршед мебахшад.


Дар асоси Амри зикршуда кормандони автоматикунонӣ ва технологияи компютерии китобхонаи вилоятӣ дар ин муддат ашъори зиёда аз 50 нафар шоирони классику муосирро, ки дар Низомномаи озмуни „Фурӯғи субҳи доноӣ…“ дарҷ гардидааст, омода сохта, тариқи электронӣ дастраси мудирони шуъба, бахшҳои фарҳанг ва директорони китобхонаҳои системаи марказонидашудаи шаҳру ноҳияҳо гардониданд. Ҳамзамон китобдорон дар асоси нақша-чорабинии тартибдодаи китобхонаи вилоятӣ дар доираи озмун бо иштироки васеи хонандагону истифодабарандагон суҳбату вохӯриҳо гузаронида, оид ба дарёфту мутолиаи адабиётҳои зарурӣ маслиҳатҳои муфиду судманд доданд. Ҳамин аст, ки китобдорони муассисаи давлатии китобхонаи оммавии ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб барои аз худ кардан ва хондани асарҳои як қатор адибоне, ки тибқи Низомномаи озмуни „Фурӯғи субҳи доноӣ…“ тавсия дода шудааст, хизмати хуб карданд. Онҳоро гирд оварда, ба намоиш гузоштанд. Дар дигар китобхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳои вилоят низ чунин гӯшаҳои тавзеҳотӣ ташкил ёфтааст. Рафти гузаронидани озмуни ҷумҳуриявии мазкур чун чорабинии фарҳангӣ дар китобхонаҳои деҳотӣ ҳам бараъло ба назар мерасад.

Мавриди зикр аст, ки кормандони китобхонаи марказии ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ бахшида ба озмуни ҷумҳуриявӣ вохӯрии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 1,2,3 ва коллеҷи хусусии тиббиро доир намудандки онҳо бисёр муассиру хотирмон буданд. Китобхонаҳои марказии шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб ва Норак тибқи қарорҳои раисони шаҳр дар китобхонаҳои марказӣ амалҳои ҷолибу назаррасро ҷиҳати ба мутолиа ҷалб намудани хонандагон ба сомон расониданд. Дар китобхона - филиали рақами 10-и Ҷамоати деҳоти „С. Талбак“-и ноҳияи Шаҳритус дар мавзӯи „Китоб - тарбиятгари башар“ бо хонандагони фаъоли китобхона ва аъзоёни маҳфили „Дӯстдорони китоб“-и назди он чорабинии васеъ доир гардид.

Чунин гирумонҳои маърифатӣ дар китобхонаи марказии ноҳияи Муъминобод зери унвони „Ҳамнишине беҳ аз китоб нест“, бо иштироки хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳусни зебое дошт, ки зикрашро бомаврид медонам. Дар шаҳри Левакант, ноҳияҳои Кӯшониён, Вахш, Ёвон, Қубодиён, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҷалолиддини Балхӣ ва ғайра низ чорабиниҳои маърифатӣ дар асоси Низомномаи қатъии озмун ҷолиб гузаронида шуданд, ки аз завқи баланди китобдӯстии аҳли ҷомеа ва ҷавонон дарак медиҳад.


Китоб аз шуълаи нури саодатҳост,

Вафодору қарину ёри беҳамтост.


Оре, китоб нури саодатҳо буда, беҳтарин мураббии ҳамаи мураббиёни олам аст. Падидаест, ки тавассути мутолиаи он инсон аз бадахлоқӣ, муҳтоҷӣ, ғаму ранҷу дарду азоб озод мегардад. Дар ҳаёт тамоми бузургони олам маҳз тавассути мутолиаи ин махзани бебаҳо ба появу мартабаҳои баланд расидаанд. Дар китобхонаи вилоятӣ беш аз 80 ҳазор нусха адабиётҳои бадеӣсиёсӣ ва соҳавӣ мавҷуд астки зиёда аз 35 ҳазори он асарҳои тозанашри замони истиқлол мебошад.

Маъмурият ва кормандони муассисаи давлатии китобхонаи оммавии мо ният доранд, ки минбаъд низ корашонро бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва Раёсати фарҳанг ба роҳ монда, 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки яке аз ҷашнҳои бузурги миллат аст, сазовор истиқбол гиранд.


Тутинисо ЮСУФЗОДА, директории

китобхонаи оммавии вилояти Хатлон

ба номи Шамсиддин Шоҳин
Добавить комментарий