27 сен 14:51Шеъру адаб

МАСНАВИИ МАЪНАВӢ

Муддате ин маснавӣ таъхир шуд,

Муӣлате бояст то хун шир шуд.

То назояд бахти ту фарзанди нав,

Хун нагардад шири ширин, хуш шунав.

Чун Зиёулҳақ ҳусомуддин инон,

Бозгардонид з-авҷи осмон.

Чун ба меъроҷи  ӣақоиқ рафта буд,

Бе баӣораш ғунчаҳо нокафта буд.

Чун зи дарё сӯйи соӣил бозгашт,

Ҷанги шеъри маснавӣ босоз гашт.

Маснавӣ, ки сайқали арвоӣ буд,

Бозгашташ  рӯзи истифтоҳ буд.

Матлаъи таърихи  ин савдову суд,

Сол андар шашсаду шасту ду буд.

Булбуле  з-ин ҷо бирафту бозгашт,

Баӣри сайди ин маъонӣ бозгашт.

Соиди шаӣ маскани ин боз бод,

То абад бар халқ ин дар боз бод.

Офати  ин дар ӣавову ваӣшат аст,

В-арна он ҷо шарбат андар шарбат аст.

Ин даӣон борбанд то бинӣ аён,

Чашмбанди он ҷаӣон халқу даӣон.

Эй даӣон, ту худ даӣона (й) дӯзахӣ,

В-эй ҷаӣон, ту бар мисоли  барзахӣ.

Нури боқӣ наҳлӯйи дунёи дун,

Шири софӣ паӣлӯйи ҷӯӣои хун.

Чун дар ӯ гоме занӣ беэӣтиёт,

Шири ту хун мешавад аз ихтилот.

Як қадам зад Одам андар завқи нафс,

Шуд фироқи садри ҷаннат тавқи нафс.

Ҳамчу дев аз вай фаришта мегурехт,

Баӣри ноне чанд оби чашм рехт.

Гарчи як мӯ буд, гунаҳ, к-ӯ ҷуста буд,

Лек он мӯ дар ду дида руста буд.

Буд Одам дидаи нури қадим,

Мӯй дар дида бувад кӯҳи азим.

Гар дар он  Одам бикарди машварат,

Дар пушаймони нагуфти маъзарат.

З-он ки бо ақле чу ақле ҷуфт шуд,

Монеъи бадфеъливу бадгуфт шуд.

Нафс бо нафси дигар чун ёр шуд,

Ақли ҷузвӣ отилу бекор шуд.

Чун зи танҳои ту навмеде шавӣ,

Зери сойа (й) ёр хуршеде шавӣ.

Рав, биҷӯ ёри худоиро ту зуд,

Чун чунон кардӣ. Худо ёри ту буд.

Он кӣ дар хилват назар бардӯхтааст,

Охир онро ҳам зи ёр омӯхтааст.

Хилват аз аѓёр  бояд, на зи ёр,

Пӯстин  баӣри   дай омад, на баӣор.

Ақл бо ақли дигар дуто шавад,

Нур афзун гашту раӣ пайдо шавад.

Нафс бо нафси дигар хандон шавад,

Зулмат афзун гашту раӣ пинӣон шавад.

Ёр чашми туст, эй марди шикор,

Аз хасу хошок ӯро пок дор.

Ҳин, ба ҷорӯби забон гарде макун,

Чашмро аз хас раӣоварде макун.

Чунки мӯъмин ойина (й) мӯъмин бувад,

Рӯйи ӯ з-олудагӣ эмин бувад.

Ёр ойинаст ҷонро дар ҳазан,

Дар рухи ойина, эй ҷон, дам мазан.

То напӯшад рӯйи худро дар дамат,

Дам фурӯ хӯрдан бибояд ӣар дамат.

Кам зи хоки? Чунки хоке ёр ёфт,

Аз баӣоре сад ӣазор анвор ёфт.

Он дарахте, к-ӯ шавад бо ёр ҷуфт,

Аз ҳавои хуш зи сар то по шукуфт.

Дар хазон чун дид ӯ ёри хилоф,

Даркашид ӯ рӯву сар зери лиҳоф.

Гуфт: «Ёри бад бало ошуфтан аст,

Чунки ӯ омад, тариқам хуфтан аст.

Пас бихусбам, бошам аз асҳоби Каҳф,

Беҳ зи дақёнус он маҳбуси лаҳф».

Якзашон масруфи дақёнус буд,

Хобашон сармояи номус буд.

Хоб бедорист, чун бодониш аст,

Войи бедоре, ки бо нодон нишаст.

Чунки зоғон хайма бар баҳман заданд,

Булбулон пинҳон шуданду тан заданд.

З-он ки бегулзор булбул хомӯш аст,

Ғайбати хуршед бедорикуш аст. 

Офтобо, тарки ин гулшан кунӣ,

То ки таҳгуларзро равшан кунӣ.

Офтоби маърифатро нақл нест,

Машриқи ӯ ғайри ҷону ақл нест.

Хоса хуршеди камоле, к-он сарест,

Рӯзу шаб кирдори ӯ равшангарист.

Матлаъи  шамс ой, гар Искандарӣ,

Баъд аз он ҳар ҷо равӣ, некуфарӣ.

Баъд аз он ҳар ҷо рави, Машриқ шавад,

Шарқҳо бар Мағрибат ошиқ шавад.

Ҳисси хуффошат сӯйи Мағриб давон,

Ҳисси дурношат сӯйи машриқ равон.

Роҳи ҳис роҳи харон аст, эй савор,

Эй харонро ту музоҳим, шарм дор.

Панҷ ҳисс ҳаст, ҷуз   ин панҷ ҳис,

Он чу зари сурху ин ҳисҳо чу мис.

Андар он бозор, к-аҳли маҳшаранд,

Ҳисси мисро чун ҳиси зар кай харанд?

Ҳисси абдон қути зулмат мех(в)арад.

Ҳисси ҷон аз офтобе мечарад.

Эй бибурда рахти ҳисҳо сӯйи ғайб,

Даст чун Мӯсо буруи овар зи ҷайб.

Эй сифотат офтоби маърифат,

В-офтоби  чарх банди як сифат.

Гоҳ хуршедиву гоҳ дарё шавӣ,

Гоҳ кӯҳи Қофу гаҳ анқо шавӣ.

Тӯ на ин бошӣ, на он дар зоти хеш,

Эй фузуи аз ваҳмҳо   в-аз беш беш.

Рӯҳ бо илм асту бо ақл аст ёр,

Рӯҳро бо тозиву туркӣ чӣ кор?

Аз ту, эй бенакши бо чандин сувар,

Ҳам мушаббеҳҳам муваҳҳид хирасар.

Гаӣ мушаббеӣро муваҳҳид мекунад,

Гаӣ муваӣӣидро сувар раӣ мезанад.

Гаӣ туро гӯяд зи мастӣ  Булҳасан,

«Ё сағира-с-син! Ё ратбу-л-бадан!»

Гоҳ нақши хеш вайрон мекунад,

Он найи танзиӣи ҷонон мекунад.

Чашми ҳисро ҳаст масӣаб эътизол,

Дидаи ақл аст суннӣ дар висол.

Сухраи ӣиссанд аӣли эътизол,

Хешро суннӣ намоянд аз зилол.

Ҳар ки дар ҳис монд, ӯ мӯътазилист,

Гарчи гӯяд: «сунниам» аз ҷоҳилист.

Ҳар кӣ берун шуд зи ҳис, суннӣ вай аст,

Аҳли биниш, чашми ақли хушпай аст.

Гар бидидӣ ҳисси ӣайвон шоҳро,

Пас бидидӣ гову хар Аллоӣро.

Гар набудӣ ҳисси дигар мар туро,

Ҷуз ҳиси ҳайвон, зи беруни ӣаво.

Пас банӣ Одам мукаррам кай будӣ?

Кай ба ҳисси муштарак маҳрам шудӣ?

Номусаввар ё мусаввар гуфтанат,

Ботил омад бе зи сурат растанат.

Номусаввар ё мусаввар пеши ӯст.

К-ӯ ҳама мағз асту берун шуд зи пӯст.

Гар ту кӯрӣ, нест бар аъмо хараҷ.

В-арна рав, к «-ас-сабру мифтоҳу-л-фараҷ»

Пардаӣои дидаро доруи сабр,

Ҳам бисӯзад, ҳам бисозад шаҳри садр.

Ойина(й) дил чун шавад софиву пок,

Нақшӣо бинӣ бурун аз обу хок. 

Ҳам бибинӣ нақшу ҳам наққошро,

Фарши давлатрову ҳам фаррошро.

Чун халил омад хаёли ёри ман,

Сураташ бут, маънии ӯ бутшикан.

Шукр Яздонро, ки чун ӯ шуд падид,

Дар хаёлаш ҷон хаёли худ бидид. 

Хоки даргоҳат диламро мефирефт.

Хок бар вай, к-ӯ зи хокат мешикофт.

Гуфтам «Агар хубам, пазирам ин аз ӯ,

В-арна худ хандид бар ман зиштрӯ.

Чора он бошад, ки хулро бингарам,

В-арна ӯ хандад маро: «Ман кай харам».

Добавить комментарий