Бойгонӣ
24 июн 23:51Ҷамъият

Рамазон – моҳи хайру эҳсон

Моҳи шарифи Рамазон, ки тибқи ҳадисҳои набавӣ аз беҳтарин моҳҳои солшуморӣ маҳсуб меёбад, дорои фазилатҳои бузургест, ки муҷиби некбахтию саодатмандии мусулмонон арзёбӣ мегардад. 

Дар моҳи Рамазон моҳи сабру таҳаммулпазирӣ, хайру саховатмандӣ ва дигар амалҳои хайр аст. Аз ин лиҳоз, дар ин моҳи муборак инсони солеҳро фурсати муносибе пайдо мегардад, то бо рафтору гуфтори шоиста савоби бузургро ба даст оварад. Вобаста ба фазилатҳои моҳи рӯзадорӣ суҳбате доштем бо Усмоналӣ Нуров, муовини раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон, сархатиби масҷиди ҷомеи шаҳри Бохтар ва муҳтавои онро пешкаши хонандагон мегардонем.

- Дар оғози суҳбат  аз фазилатҳои   моҳи Рамазон ёдовар  мешудед.


Рамазон моҳи раҳмат, моҳи нузули Қуръон, моҳи сабру шикебоӣ ва хайру эҳсон аст. Мардум бо сабаби анҷом додани рӯзаи моҳи шарифи Рамазон нахуст раҳмати Худоро ба даст оварда, соҳиби тани сиҳату савоби бузург мегардад. Бузургии ин моҳ дар он аст, ки дар ин шабу рӯз китоби ҳидоятгари Қуръони карим нозил шудааст, ки барои одамон роҳи ҳақро аз ботил ҷудо мекунад.

Тавре ки дар оятҳои сураи «Бақара» омадааст; «Эй касоне, ки имон овардаед, фарз карда шуд бар шумо рӯзаи моҳи шарифи Рамазон. Ҳамчунон ки барои пеш аз шумо гузаштагон фарз буд. Шояд, ки бо сабаби ин моҳ растагор шавед». Яъне бо шарофати моҳи шарифи Рамазон инсон ба раҳмати Худованд мушарраф мегардад. 

Аз сӯйи дигар, рӯзаи моҳи Рамазон барои инсон аз чанд ҷиҳат фоидаҳои равонӣ, маънавӣ, ҷисмонӣ ва иҷтимоӣ дорад. Аммо рӯзагирӣ фақат даҳон пӯшидан аз истеъмоли ғизо нест, балки парҳезкорӣ, аз ҷумла, амалу кирдорҳо бошад. Дар рӯзҳои моҳи Рамазон бояд ҳама аъзои бадан рӯзадор бошанд, дар мисоли забон аз гуфтори нохуб нигоҳ доштан, чашм аз нигоҳи бад, гӯш аз шунидани ҳарфҳои номатлуб парҳез мебояд. Дар ин сурат инсон рӯзадори комил буда метавонад. Аслан, амалҳои шоиста дар зиндагии рӯзмарраи мусулмон зарур аст, вале дар моҳи шарифи Рамазон ин ҳукм дубора таъкид шудааст.

Ҳадиси Муҳаммад (с) аст, ки аз Ҳазрати Абуҳурайра (Р) ривоят шудааст. «Муҳаммад (с) гуфт: Ҳар гоҳе, ки моҳи Рамазон фаро расид, ҳама дарҳои биҳишт кушода мешаванд ва ҳама дарҳои дӯзах баста ва ҳама шайотин занҷирбанд карда мешавад». Оё, барои як фарди мусулмон аз инҳо дида неъматҳои беҳтаре вуҷуд дорад? 

Ҳадиси саҳеҳ аст, ки аввали моҳи шарифи Рамазон раҳмати Худованд барои бандагонаш нозил шуда, миёнаи ин моҳ давраи мағфирати гуноҳҳои бандагон бувад ва даҳаи охир наҷоти бандагон аз оташи дӯзах аст. Аз ин рӯ, барои ин ҳама неъматҳои иллоҳиро сазовор шудан бояд тавре кору зиндагӣ намоем, ки ҳам барои манфиати худамон ва ҳам ба фоидаи дину давлат саҳм гузошта тавонем. Дар ин моҳ, ки ваъдаи иҷобати дуоҳост, бояд, пеш аз ҳама, барои тинҷию осудагии кишвар ва рушду пешрафту ободонии Ватани азиз дуо кунем. 

Умуман, моҳи рӯзадорӣ неъмати Парвардигор барои бандагон аст, амалҳои хайри дар ин моҳ нишондодаи мо ҳар амали неку ваъдаҳои Худованд барои одамон неъмати беҳамто буда, хушбахттарини инсонҳо онҳое мебошанд, ки аз ин моҳи бузург суде бурда тавонанд.


Одатан дар ин моҳ мардум ба хайру эҳсонгарӣ бештар даст мезананд. 

Албатта, моҳи Рамазон моҳи хайру эҳсон аст. Чуноне ки дар ҳадиси Расули Акрам (с) омадааст. «Агар шахсе ҳоҷати бародареро барорад, Худованд ҳоҷати ӯро бароварда созад». Аз ин рӯ, мардум бояд ҳамеша якдигарро дастгирӣ намоянд ва амри Парвардигор аст, ки мегӯяд некӣ кунед. Дар ин маврид дар ояти каломуллоҳ омадааст: ки «Шумо корҳои хайрро анҷом диҳед, ки шояд растагор шавед».  

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон иброз доштанд, ки «Дар моҳи шарифи Рамазон амалҳои неку писандида, аз ҷумла, хайру садақа на ба хотири зоҳирпарастӣ, намоишкорӣ исрофкорӣ ва худро аз дигарон беҳтар нишон додан, балки барои ба даст овардани хушнудии Худованд анҷом дода мешавад. Тибқи оятҳои қуръонӣ «беҳтарин бандагон дар назди Худо парҳезгортарини онҳоянд». Мардуми шарифи мо хуб медонанд, ки ба рӯҳу арвоҳи гузаштаҳо танҳо савоби дуо ва қироати каломи рабонӣ мерасад. Яъне, худдорӣ кардан аз зоҳирпарастиву исрофкорӣ ва оростани дастархони серхарҷ аз аъмоли воҷиби дини мубини ислом шуморида мешавад». 

Аз ин лиҳоз, ҳар нафари мо, сокинони кишварро мебояд, ки дар пайравӣ аз дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат  ва риояи бечунучарои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» амал намуда, ба оростани дастархони пурдабдабаву намоишкорона ва дигар исрофкориҳо роҳ надиҳем. 

- Пӯшида нест, ки баъзе сокинон ба вазъи ҳомиладорӣ ва дигар бемориҳои шадид нигоҳ накарда, рӯза пос медоранд. Лутфан бигӯед, ки дар Қуръон ва ҳадисҳои Пайғамбар (с) дар ин маврид чӣ гуфта шудааст?

- Худованд дар ояти карима мефармояд; «Агар нафаре аз шумо бемор бошад ё мусофир шавад, пас, лозим аст, шуморидани он дар рӯзҳое, ки надошта буд». Атрофи ин мавзӯъ масоили фиқҳии Имоми Аъзам Ҳазрати Абӯҳанифа (р) фармудааст; «Дар ҳолате зан ҳомиладор аст ва донад, ки аз рӯза гирифтан кӯдаки дар батнаш исқот мешавад, ё беморе, ки рӯзадорӣ боиси хурӯҷи бемориаш мешавад ва ё мусофире, ки аснои сафар азият мекашад, рӯзаро қазо медоранд» Ин гурӯҳ одамон бидуни фидяи рӯзаро додан, дар дигар вақт метавонанд рӯза бигиранд. Ин ҳукми шариат ба солманди нотавон ва модароне тааллуқ дорад, ки кӯдакони ширмак доранду рӯзадорӣ сабаби бе шири модар мондани тифл мегардад. Нафароне, ки корҳои мушкил доранду маҳз тавассути ҳамин шуғлҳои вазнин ризқу рӯзии аҳли оилаҳояшонро таъмин мекунанд, дар ин ҳолат ба онҳо иҷозат аст, ки рӯза нагиранд.

-Ба андешаи Шумо чӣ бояд кард, то ҳар фарди мусулмон аз моҳи шарифи Рамазон суду саодати бештарро соҳиб гардад?

-Чун ин моҳи муборак моҳи иҷобати дуоҳо аст, пеш аз ҳама, дуои тинҷию осоиштагии кишварро намуда, дар пайи ободонию рушду пешрафти Ватан амали хайре анҷом диҳем. Бубинед, ки аз Ҳазрати Иброҳим алайҳисалом то ҳазрати Муҳаммад (с) ҳамаи пайғамбарон барои амну амонии ватан ва рисқу рӯзии мардуми хеш дуо мекарданд. Боварии комил дорам, ки сокинони шарафманди кишвари мо барои амалӣ шудани сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат иқдом нишон медиҳанд. Аз ҷумла,  имомхатибон ва уламои дин дар корҳои ободонии мамлакат саҳмгузорӣ менамоянд, зеро сарчашмаи пешрафту ободии ҷомеа ободию осудагии кишвари соҳибистиқлоламон аст. Баъдан, дар ин моҳи сабру ҳамдилӣ, хайру накукорӣ ва моҳе, ки дар рӯзгори мардумон файзу баракат ва ризқу рӯзии фаровон меафзояд, ба ятимону пирони барҷомонда кумак расонидан, ниёзмандеро ғизо додан сабаби мағфирати гуноҳон ва наҷоту растагорист. 


Мусоҳиб Ю. Ҷамол

Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019