Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
НОҲИЯИ ДӮСТӢ НИЗ ДУРНАМОИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТАРО ПУРРА ИҶРО КАРД
Пахтакорони ноҳияи Дӯстӣ низ дурнамои солонаи ҷамъоварии ҳосили пахтаро пурра иҷро намуда, то 24 октябр ба қадри 15 ҳазору 909 тонна “тиллои сафед”-и ғундоштаашонро ба нуқтаҳои қабул супурдаанд, ки ба 100,06 дарсади дурнамо баробар аст. Тавре аз Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, соли ҷорӣ дар ноҳияи Дӯстӣ дар майдони 7048 гектар пунбадона кишт кардаанд. Ҳосил дар саҳроҳои ин ноҳия ҳанӯз ҳам фаровон буда, пахтакорон азм доранд, ки ҷамъоварии онро то охирин кӯрак идома диҳанд.
Ноҳияи Дӯстӣ дар қадамрави вилоят ва ҷумҳурӣ 5-умин ноҳияест, ки дурнамои солонаи истеҳсоли пахтаро пурра ба иҷро расонидааст.
Тибқи маълумоти Сарраёсати омори вилояти Хатлон, то рӯзи 24 октябр пахтакорони вилояти Хатлон 208 ҳазору 516,4 тонна ҳосили «тиллои сафед»-и ҷамъовардаашонро ба нуқтаҳои қабул ва корхонаҳои коркард супурдаанд. Ин нишондиҳанда ба 75,77 фисади дурнамои солона баробар аст.
Дирӯз кишоварзони шаҳру навоҳии пахтакор 3424,6 тонна пахтаро ғунучин намуда, ба хирман супурдаанд.
Тибқи иттилои Сарраёсати омори вилояти Хатлон, ба ҳолати 24 октябри соли ҷорӣ шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Левакант, Шаҳритуз, Данғара, Дӯстӣ, Носири Хусрав, Кӯшониён, Хуросон, Қубодиён, Ҷайҳун, Панҷ ва Ҳамадонӣ, ҷамъ 12 шаҳру ноҳия, аз сатҳи миёнаи вилоят бештар пахта ҷамъ овардаанд.
Пахтакорони ноҳияҳои Вахш, Фархор, Ҷ. Балхӣ, А. Ҷомӣ, Восеъ, Кӯлоб ва Ёвон, мутаассифона, то имрӯз дурнамои пахтасупориро аз 53,58% то 71,84% иҷро кардаанд, ки ин нишондиҳанда аз сатҳи вилоят камтар аст.
Қобили зикр аст, ки бо ибтикори раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода то рӯзи 16 ноябр дар доираи иқдоми “60 рӯзи меҳнати зарбдор дар пахтазор” мусобиқаи меҳнатии 15-рӯза оид ба ҷамъоварии ҳосили пахта идома намуда, ҳар ним моҳ ба се шаҳру ноҳияе, ки нишондиҳандаи баландро соҳиб мешаванд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 15 ҳазор сомонӣ, 10 ҳазор ва 5 ҳазор сомонӣ тақдим хоҳад шуд.
19 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон хоҷагиҳои пахтакор дошта, дар мавсими имсола дар майдони 122 ҳазору 97 гектар пунбадона кишт шудааст. Кишоварзони вилоят ният доранд, ки дар ин мавсим 275,2 ҳазор тонна пахта рӯёнанд.

Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо