Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
АВФ – БАХШОИШЕ, КИ САРНАВИШТҲОРО ДИГАР МЕКУНАД
Ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди бузурги таърихии мардуми Тоҷикистон на танҳо ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшид, балки заминаи рушди устувори давлат ва ҷомеаро фароҳам овард. Дар партави ҳамин арзиши муқаддас фарҳанги таҳаммулпазирӣ, гузашт ва бахшоиш дар ҷомеа ҷойгоҳи хос пайдо намуда, сиёсати инсондӯстонаи давлатро тақвият мебахшад. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ намунаи равшани чунин сиёсат мебошад.
Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист фазои сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмиро дар ҷомеа таҳким бахшад. Маҳз ҳамин муҳити орому созанда имкон дод, ки арзишҳои инсондӯстӣ ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёбанд.
Судяи Суди шаҳри Бохтар Шерализода Зебонисо бар ин назар аст, ки Ваҳдати миллӣ аз дастовардҳои таърихсозест, ки миллати тоҷикро ҳамчун меросбари фарҳангу тамаддуни бостонӣ ва пайрави арзишҳои волои инсонӣ дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуд. Ба гуфтаи ӯ, маҳз руҳияи гузашт, бахшоиш ва таҳаммулпазирӣ буд, ки ба тоҷикистониён имкон дод, ба низои дохилӣ хотима бахшида, роҳи бунёди давлат ва татбиқи ормонҳои миллиро пеш гиранд.
Дар ин замина Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» ҳамчун идомаи мантиқии сиёсати башардӯстонаи давлат арзёбӣ мешавад. Қонуни мазкур барои ҳазорон нафар имконияти бознигарии рафтор, ислоҳи зиндагӣ ва бозгашт ба ҳаёти муқаррариро фароҳам меорад. Ин иқдом бори дигар нишон медиҳад, ки давлат ба сарнавишти шаҳрвандон бетараф нест ва барои ислоҳу тарбияи онҳо шароити мусоид муҳайё месозад.
Шерализода Зебонисо иброз дошт, ки ба имзо расидани Қонуни авф дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 35-солагии Истиқлоли давлатӣ далели равшани сиёсати инсондӯстонаи роҳбарияти кишвар мебошад. Ба гуфтаи ӯ, ин қонун ба шахсоне, ки роҳи ислоҳро интихоб мекунанд, имконият медиҳад ба назди оилаҳои худ баргашта, дар корҳои созанда ва рушди ҷомеа саҳм гузоранд.
Мутахассисон низ бар он ақидаанд, ки авф танҳо як санади ҳуқуқӣ нест, балки ифодаи эътимоди давлат ба инсон ва имконияти тағйири сарнавишти ӯ мебошад. Чунин иқдомҳо ба таҳкими суботи иҷтимоӣ, болоравии ҳисси масъулиятшиносӣ ва тарбияи маънавии шаҳрвандон мусоидат мекунанд.
Ба андешаи судяи Суди шаҳри Бохтар, Қонуни авф дар таҳкими Ваҳдати миллӣ, суботу оромӣ ва тарбияи маънавии ҷомеа нақши муассир дорад. Ӯ таъкид менамояд, ки ҳифзи дастовардҳои сулҳу ваҳдат ва ба наслҳои оянда мерос гузоштани Тоҷикистони ободу осоишта вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад.
Воқеан ҳам, Ваҳдати миллӣ ва фарҳанги бахшоиш ду арзиши ба ҳам пайвастаанд, ки дар рушди давлатдории миллӣ нақши калидӣ доранд. Қонуни авф ҳамчун таҷассуми амалии ин арзишҳо на танҳо ба шахсони алоҳида имкони ислоҳ фароҳам меорад, балки ба таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, меҳрубонӣ ва суботи ҷомеа низ мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, ҳифз ва густариши фарҳанги бахшоишу таҳаммулпазирӣ яке аз шартҳои муҳими пешрафти минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шумор меравад.
М. Акрамов, "САФО"
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ
ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД



