Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ва саҳми сокинони маҳаллӣ дар деҳаи Сабзазори Ҷамоати деҳоти Чоргул мумфаршкунии роҳи маҳаллӣ оғоз гардид.
Дар ин хусус аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ба “Сафо” иттилоъ додан.
Иқдоми мазкур дар доираи сиёсати созандаи Ҳукумати мамлакат ва ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, бо маблағи 3 миллион сомонӣ 3 километр роҳ мумфарш карда мешавад.

Дар маросими оғози корҳои мумфаршкунӣ раиси ноҳияи Ёвон Вализода Икромиддин иштирок намуда, саҳми сокинони маҳаллиро қадами муҳим дар роҳи рушди устувори деҳот ва беҳтар гардидани муҳити зисту зиндагии мардум арзёбӣ кард.
Барои анҷом додани корҳои созандагӣ техникаву таҷҳизоти муосири роҳсозӣ ҷалб гардида, 3 километр роҳ бо истифода аз асфалти хушсифат пурра мумфарш карда мешавад.
Дар ин иқдоми созанда сокинони маҳаллӣ бо ҳисси баланди масъулият ва хушҳолӣ тавассути ҳашарҳои дастаҷамъӣ фаъолона иштирок менамоянд.
С. СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
БОХТАР – ШАҲРИ РУШДУ БУНЁДКОРӢ




