Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Маслиҳати муфид
Номаҳо
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ аз тобноктарин чеҳраҳои адабиёти форс-тоҷик аст, ки осори гаронбаҳои ӯ беш аз мероси маънавии дигар аҳли адаби мо мавриди пажуҳиш ва баррасиҳои муҳаққиқон, олимон ва маънисанҷону донишмандони дохиливу хориҷӣ қарор гирифтааст. Ин ҷараён, бахусус, пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар кишварамон раванди пажуҳиш ва таҳқиқотро дар ин самт зуҳури тоза ато кард. Яъне, ба тариқи омӯзиши осори бебаҳои ирфонӣ ва ба роҳ мондани шинохти маърифатии инсони комил, ба тариқи осори мутафаккиронаи Мавлоно ва дигар аҳли маънии адабиётамон густариш додани худшиносиву таълимот бар асоси тарбияи маънавии инсони нав ба роҳ монда шуд, ки бештар муҷиби мукошифаҳои илмӣ қарор гирифтанд.
Омӯзиш ва шинохти назарияи ваҳдатгароёнаи Мавлоно дар осори безаволаш ҳанӯз дар овони барҳаёт будани худи ӯ ба тадриҷ густариш ёфта, мавзуи ваҳдат ва ҳамбастагии инсонӣ дар робита ба эҷодиёти ӯ аз ҷониби муҳаққиқину адабиётшиносони зиёде мавриди таҳқиқоти илмӣ қарор гирифтаанд.
Дар иртибот ба ин, пеш аз ҳама, бояд ба таваҷҷуҳ ва ташаббусҳои маърифатпарастонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯ овард, ки дар ин давраи пуртаҳаввули адабиёт ба ин ҷанбаи осори Мавлоно, ки ба ваҳдат ва ягонагии банӣ башар нигаронида шудааст, бо назари хос дида дӯхт ва таваҷҷуҳи мардуми моро ба бархурдорӣ аз аҳаммияти каломи ин нобиғаи илму ирфон бештар ҷалб намуд. Ин иқдом бо чунин ибтикороти хирадмандонаи Пешвои миллат, бахусус, аз соли 2007 тақвият ёфт ва ин буд, ки барои баргузор намудани чорабиниҳои бахшида ба истиқбол аз ҷашнгирии 800-солагии солрӯзи Мавлоно матраҳ гардида ва билохира он бо шукӯҳу шаҳомати чашмгир дар саросари олам таҷлил гардид. Дар иртибот ба ин, китоби бахшида ба шуҳрати ҷаҳонгири ин мутафаккир “Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ” аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон мунташир ва дастраси омма гардид, ки низ бо сароҳати сухан аз шахсияти ирфониву инсонии Мавлоно дарак дод ва дар ин маврид сафи ҳаводорони каломи ин орифи тамаддунсозро ба теъдод афзоиш дод.
Пешвои миллати тоҷик, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таваҷҷуҳ бар дунёи маърифативу маънавии Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ дар китоби мазкур бо далоили зиёде қайд мекунад, ки: “... ирфони Мавлоно дар баландтарин нуктаҳояш ҳам боз бо инсону ниёзмандиҳои ӯ алоқаманд аст ва аз воқеияти рӯзгори башар гусастагие надорад”.
Албатта, дар мавриде ки тамоми саъйю талоши пажуҳишгарон аз ҳар нуқтаи назар барои шиносонидани маърифати ваҳдати вуҷуд ва сайру сулук барои такомул ва ҷойгоҳи он дар ҷомеа ба шумор меравад, барои шинохти он, пеш аз ҳама, фанни адабиёт нақши воло дорад. Бар ин асос аст, ки сабку услуби адабиёти оламшумули форсии тоҷикӣ дар ин замина муҳиму шоистаи истиқбол аст ва бемуболиға ифшои маонии ирфонӣ дар нигоштаҳои орифони даврони мухталиф, бозгӯ намудани фалсафаи ирфонӣ ва дарки назокати ин адабиёт аз роҳи санъатҳои бадеӣ беш аз ҳар назаре метавонад оробахши саҳафоти бебадали он буда бошанд. Аз шумули чунин осори ғаноманд, месазад, ки ба ганҷинаи адабиёти форсии тоҷикӣ, ба дурдонаҳои мансуру манзум, аз ҷумлаи «Офоқ ва анфус»-и мунтасиб ба Носири Хусрави Қубодиёнӣ, «Ҳадиқат-ул-ҳақиқа»-и Саноӣ, «Мантиқ-ут-тайр», «Асрорнома», «Илоҳинома», «Хусравнома», «Тазкират-ул-авлиё»-и Шайх Фаридуддини Аттор, «Кашф-ул-ҳақоиқ» ва «Инсони комил»-и Азизуддини Насафӣ, «Кашф-ул-асрор»-и Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ, «Асрор-ут-тавҳид»-и Абусаиди Абдулхайр, «Кимиёи саодат»-и Абуҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ, «Осор -ул- бақия»-и Абурайҳони Берунӣ, «Усул-ул-ашара»-и Наҷмуддини Кубро, «Фиҳӣ мо фиҳӣ» ва «Маҷолиси сабъа»-и Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, «Мирсод-ул-ибод»-и Наҷмуддини Розӣ ва садҳо асари дигар, ки аз бебаҳотарин ва пурарзиштарин маводди дастраси адабиёти ирфонии мо маҳсуб ёфтаанд, нукоти пурмояеро бархурдор гардид. Дар маҳзари ин осор, ки бар асоси таълимоти худшиносӣ ва дарёфти тариқати инсон дар такопӯи расидан ба камоли маърифат ва шинохти ҳақиқати ҳастӣ, инчунин мадракиву муфид дарёфтани «ваҳдат» ва «ҳамбастагӣ»-и аҳли башар сувари тоза оростааст, аз ҷумла номи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ва осори бегазанди ӯро, ки бо ҷавҳари ирфон пероста шудаанд, метавон ба сифати далоили сарчашмаҳо мавриди истифода қарор дод.
Дар иртибот ба манобеи тасаввуфӣ ва осори ирфонӣ, бавижа, осори Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ қариб дар саросари кишварҳои дунё аз ҷониби донишмандони шаҳире, аз ҷумла дар Ғарб, Николсон Р., Эте Г., Арберри А., Хаммер И., Э. ду Витрей-Мейерович, К. Эрнст, У.К. Читтик, Морес Баррес, Анамори Шиммел, Колман Баркс, Луи Массинон, Луи Гарде, Ҳерман Риттер, А.Баузани Янис Эшотс, дар Руссия Бертелс Е.Э., Жуковский В.А., Степанянтс М.Т., Смирнов А.В., дар Шарқ, аз тариқи нигоштаҳои алломаҳое чун Сайид Нафисӣ, Забеҳуллои Сафо, Абдулҳусайни Зарринкӯб, Бадеуззамони Фурӯзонфар, Алии Даштӣ, Муҳаммадалии Муваҳҳид, Карими Замонӣ, Муҳаммади Хоҷавӣ, Абдулбоқии Гулпинорлӣ ва садҳо муҳаққиқони дигар мавриди баррасӣ ва таҳқиқ қарор гирифтаанд.
Дар адабиётшиносии тоҷик бошад, барои таҳқиқи осори Мавлоно, бештар мақолаҳо ва китобҳои ҷудогона ва илмии Эмомалӣ Раҳмон, Нодир Одилов, Маҳмадқул Ҳазратқулов, Расул Ҳодизода, Шокир Мухтор, Идибек Зиёев, А. Қурбонмамадов, А. Муҳаммадхоҷаев Шамсулло Девонаев, Комил Бекзода, Моҳирхоҷа Султонов, Амрияздон Алимардонов, Хуршед Зиёев, Муҳиба Маҳмадҷонова, Комилҷон Саидолимов, Салими Хатлонӣ, Вафо Элбоев, Шарифмурод Исрофилниё, Нуралӣ Нурзод, Тоҷибой Султонӣ, Ҷамолиддин Саидзода ва дигарон ҷанбаи мавлоношиносиро вусъат дода, самти филологӣ ва фалсафиву ирфонии онро бо мақолоти муҳокимавӣ ва назариёти судманди хеш такмил ва тақвият бахшиданд.
Дар баробари болои кор омадани таҳқиқоти мушаххас аз ҷониби устодони нуктасанҷ, ҳамзамон мебояд таъкид кард, ки ирфон илм аст ва илме, ки, албатта, ба нукоти муҳимми омӯзиши ҷанбаҳои маърифатӣ ва мударракоти зоҳириву ботинии инсон сару кор дорад ва башарияти нуктасанҷ чунин ҳисси маърифатпарвариро дар худ ба тариқи худшиносӣ ва худошиносӣ ба манзалат қадршиносӣ дарёфтааст. Аз ин лиҳоз, пайваста дар худ танҳоӣ ва орзуи ҳамбастагӣ бо мавҷудеро эҳсос кардааст, ки ин танҳоӣ, гарчанде бо ҷамъ аст, аммо ӯро ба сӯйи ин мояи орзуҳояш ҷаззобият ато кардааст. Чунон ки дар амри чунин ҷазабот дар дили инсон орзуи висолу тавҳид парварда шудааст. Ин орзу ишқ аст, ки инсонро ба камоли маърифат ва шинохти мояи ишқаш, ба ваҳдату висол раҳнамун кардааст.
Ваҳдату иттисол ва ҷозибаҳои ҳиссӣ барои пайванди руҳиву маънавии инсон бо Худо аз муҳимтарин мавзуъҳоест, ки асоси адабиёти ирфониро ташаккул додаанд. Аз ҷумла осори Мавлоно дар ин миён ҷойгоҳи хосро касб намуда ва олами маонии он вусъатбор буда, дар робита ба андешаҳои маърифатпарваронаи ин мутафаккир ва фидоии тароиқи тасаввуф то имрӯз дар саросари олам даҳҳо асарҳои илмиву бадеӣ бо қалами донишмандон рӯйи кор омадаанд ва ин тадқиқоти нодир саҳифаҳои рӯзгору афкори ин шахсияти нотакрорро мавриди баҳрабардории ому хос қарор додаанд.
Дар иртибот ба тавсифу таъкидҳо бар айни ваҳдату ҳамбастагиҳои башарият аст, ки «Маснавии маънавӣ», «Девони кабир», «Фиҳӣ мо фиҳӣ», «Маҷолиси сабъа» ва ҳамчунон «Мактубот»-и Мавлоно чун падидаҳои маъруфи ирфонӣ ба ҳайси шоҳкориҳои беназири адабиёти ҷаҳонӣ арзи ҳастӣ намуда, бо саршорӣ бар аҳкоми арзишҳои ормонии инсони содиқ бар иродату ихлос ва тамоюли руҳонии ӯ ба сӯи ваҳдату висол маъруфият пайдо кардаанд.
Ёдовар шудан бамаврид аст, ки «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно нахуст аз дидгоҳи ин нобиғаи дунёи маърифат дар рӯзгори барҳаёт будани худи ӯ «дукони ваҳдат» унвон гирифта буд. Чунон ки ин орифи раҳнаварди тариқати ишқ ва ваҳдонияту худопарастӣ мефармояд:
Маснавии мо дукони ваҳдат аст,
Ғайри Воҳид ҳар чи бинӣ, он бут аст!
Мавлоно орифест, ки афкори созандаву тамаддунофар дорад ва фаротар аз низоъҳои диниву мазҳабӣ, инсонро барои шинохти худ ва Худои худ аз роҳи бинишу дониш ба ваҳдату ҳамбастагӣ ва муҳаббату самимият ташвиқ додааст. Чунон ки Алӣ Муҳаммадии Хуросонӣ дар пешсухани «Маснавии маънавӣ (чопи кириллии он) менависад: «Мавлоно ба низоъҳои диниву мазҳабӣ сахт муқобил баромада, ваҳдату муҳаббатро байни одамон талқин менамояд».
Дар ҳар сурат аз падидаҳои ирфонӣ, алалхусус, назари орифонаи Мавлоно ҷазаботи ошиқона нахустпадидаи ҳиссии инсон аст дар ботини ӯ тамоюлоти ҳиссиро бор дода ва алангаи ноаёни ин сӯзу гудозро, ки бо сабаби оташи ишқ борвар шудааст, болопазирӣ ва саркашӣ ато намудааст ва Мавлоно дар ин маврид майлу рағбати инсонро ба ин ишқ ва ба орзуи васли ошиқ бар маъшуқ, ки сармои орзуҳояш будааст, талқин менамояд. Аз нигоҳи Мавлоно, инсони ошиқ танҳо дар сурате ба «ваҳдат» комёб мегардад, ки бо «ранҷ»-и мушфиқонаи бороварда бар «гудоз»-и ишқ пайваста дар такопӯи камол бахшидани ин орзуи ҷӯшбахшу сӯзони хеш кӯшо бошад. Ин ки мефармояд:
Сурати саркаш гудозон кун ба ранҷ,
То бубинӣ зери ӯ ваҳдат чу ганҷ.
Ва ҳамин нақш боис бар комҷӯйии дилбастагони шайдову равандагони тариқати ишқ ба хотири ваҳдату висол аст, ки оромишу ҳайратафзоӣ дар худро намепазирад ва дилдодаи тариқи «ваҳдат»-ро аз нозишу навозиш канор мебарад, барои расидан ба «гулзори ваҳдат», онро аз «ғафлат» ва «бедорӣ» огоҳу гувоҳ медиҳад ва бо хитобаи маҳз бар ӯ сало мезанад:
То зи заҳру аз шакар дарнагзарӣ,
Кай ту аз гулзори ваҳдат бӯ барӣ?
Новобаста бар ин ҳам, мусофири тариқати ишқ аз бодияи ранҷу ано месипорад ва мақсуди Мавлоно дар гузори ин ҷода бар таъкид аст, ки инсони солик қатраеро мемонад, ки ҷазаботи «муҳити аъзам» ӯро ба худ ҷазб додаанд ва ҳолате дар пеш аст, ки ин қатра бояд дар ин дарёи азим биомезад ва ҳулул ёбад. Зеро айни ин ҳулул «омезиш» ёфтан ва ба «ваҳдат» расиданро ба миён хоҳад овард.
Аммо, Мавлоно ҳамзамон дар тариқати солики ошиқ гузори «ҳафт баҳр», яъне ҳафт водии мушкилгузари ишқро пеш мегузорад ва низ таъкид мекунад, ки ин «баҳр» ҳам интизори расидани «қатра»-ро дорад ва «баҳру қатра» ба сифату сурат рамзи «ошиқ»-у «маъшуқ»-анд, ки бо ҷазаботи «вуҷудӣ»-и хеш ба «ваҳдат»-и комил умед бастаанд:
Қатрае, к-аз баҳри ваҳдат шуд сафир,
Ҳафт баҳр он қатраро бошад асир.
Ёдкарди ин нукта мусаллам аст, ки Мавлоно низ ба монанди дигар орифон «ишқ»-ро ба сифати «воҳид»-у «якто» тавсиф кардаанд, ки мурод аз ҳама такопӯ инсони бедилшударо ба мақсуди эҷоди «ваҳдат»-у ҳамбастагӣ ва иттисолу висол ёфтан бо мояи муроди худ ҳидоят намудааст. Бар ин назар аст, ки комилони ишқ лаззати сӯзу гудозро барои расидан ба тавҳид дар ҷойи аввал мегузоранд. Яъне, масоили «ишқ» ва ваҳдати «ошиқон» дар манзари дидгоҳи аҳли маърифат меҳвариву асос аст, ки бар ягонагиву тавҳиди инсоният маърифат афрӯхтааст ва дар баробари иттисолу ҳулул ёфтан, дигар ба «ман»- «ту» ва «мо»-ву «шумо» сару коре надорад, зеро «ӯро» дар хеш «ҳулулёфтаву омехта» ва «худ»-ро дар «ӯ» «яке» дидааст. Чунон ки мефармояд:
Ваҳдати ишқ аст ин ҷо, нест ду,
Ё туӣ, ё ишқ, ё иқболи ишқ!
Маҳаки аслии эҷодиёти Мавлоноро масъалаи инсон, роҳи расидани он ба маърифат ва мударракоти ирфонии «ваҳдати вуҷуд»-и он ташаккул медиҳанд. Вале даррокияти инсонӣ бо ҳисси қобили қабул дарёфтани ишқи ҳақиқиву заминӣ низ муносибат меҷӯяд ва чунин халлоқиятро метавон дар ангезаҳои ҳиссии инсон бар ишқи осмониву малакутӣ ва ҳам ишқи заминии он дар симои чеҳраҳои ирфониву соҳибзаковати давраҳои гуногуни таърихӣ низ дарёфт кард. Чунон ки барозандагии ин ишқро дар симои Маҳмуд ва Аёз дар ошиқонаҳои адабиёт борҳо дучор омада будем.
Аз дигар чунин чеҳраҳо ва симоҳои барҷастаи ваҳдаторо дар рӯзгори Мавлоно Шамси Табрезӣ ва ё Мавлоно Бедили Деҳлавӣ ва сувари Шоҳ Кобулӣ метавонанд бошанд, ки ба сирату сурат дунёи маърифатии орифонро ба гироиш дар моварои ваҳдоният сароҳат бахшидаанд.
Расидани Шамс ба дунёи Мавлоно, ки олами ҳастии ӯро куллан тағйир додааст, бо баҳонаи ишқ тавонистааст, ки дунёи пурҷозибаи руҳиву равонии Мавлоноро низ ба хотири ваҳдату боҳам будан аз тағйироти чашмгире бор диҳад. Чунон ки Мавлоно дар симои Шамс, «Худо»-ро, яъне «соҳиб», «раҳнамо», «ҳодӣ» ва сармояи ваҳдати руҳонии хешро муҷассам дид ва ба бори ба тавҳид расидан бо ӯ талош кард ва вирду зикри бепоёнеро ба забон овард, то ҳадде, ки унвони «Девони кабир»-ро ба «Куллиёти Шамси Табрезӣ» табдил кард. Ҳадди эҳтироми Шамс дар ҷаҳони маънавии Мавлоно авҷгир аст, чунон ки мегӯяд:
Байзаро чун зери парри хеш парвард аз карам,
Куфру дин фонӣ шуду шуд мурғи ваҳдат парфишон,
Шамси Табрезӣ, ду олам буд бе рӯят ақим,
Ҳар яке зарра кунун аз офтоби ту амон.
Дар эътиқоди Мавлоно инсон аз ҷумлаи он падидорест, ки шинохти олами маънавӣ, сират ва ҷавҳари ӯ басо мураккаб аст, аммо ҳолатеро метавонад мавриди комёбиҳо бар орзуи худ муқаррар дошта бошад, ки ин ҳам ҳадди эҳтирому эътимод ва умеди ваҳдат бар маъбади яқин аст ва он ҳам дар ҳар сурат бо ҳисси бовар бар таваккул даст додааст ва ин маъбуд аз ҳар назар дар ирфони Мавлоно таваҷҷуҳ бар сурату сувари Илоҳист. Дар ҳар сурат ваҳдат барои инсони асил ҷуз хаёлу орзуе беш буда наметавонад, аммо ӯро ба тариқи худсӯзиву фидоӣ будан ба комёбӣ эътимод додааст. Бо чунин нуқтаи назар аз қавли муҳаққиқ ва донишманди машҳури Эрон Абдулҳусайни Зарринкӯб омадааст, ки: “... ҳарчанд аз роҳи кашфу шуҳуд ба фикри ваҳдат мерасад, аммо ваҳдати ӯ чунон нест, ки фосилаи байни инсону Худоро пур кунад”
Бад-ин лиҳоз аст, ки Мавлоно аз инсони ба камол расида ба хотири чунин фидоӣ будан ва барои ноил шудан ба ваҳдат, мумтаҳан буданро тақозо мекунад. Чунон ки мефармояд:
Чист тавҳиди Худо омӯхтан?
Хештанро пеши Воҳид сӯхтан!
Зеро дар айни эҳтиром гузоштан ба ҳадди ваҳдат низ, ҳамоно мояи орзу Худоро медонад, ки аз партави нуронии ӯ маҳв гардидааст ва «қирон»-и «ӯ» ва «худ» ва ё ба ҳам расидани ду ёри ҷониро, ки «яке» гардидаанд, истиқбол мекунад. Эҳтиром бар чунин ваҳдатро меситояд:
Вагар на соя намудӣ, ҷамоли ваҳдати ту,
Дар ин ҷаҳон на қирон ҳаст омадӣ, на қарин.
Мавлоно даъвату талқин намудани инсониятро ба сӯйи ваҳдат ва дарёфти тавҳид гиромӣ медорад ва дар ҳамбастагие чунин низ саромади устувориву таҳкими руҳонии инсону Худоро таҳнияту марҳабо мегӯяд ва бар ин аст, ки инсонро «ба сӯйи боғи ваҳдат», ки сармояи ҳамахушиҳову шодмониҳост, ба иззат мехонад:
Ба сӯйи боғи ваҳдат рав, к-аз ӯ шодӣ ҳамерӯяд,
Ки ҳар ҷузват шавад хандон, агар дар худ ҳазини ту.
Ин тарзи тафаккур ва ирфонияти назар бар ваҳдату ҳамгироии башарият нуктаи хоси осори Мавлоно буда, чунон ки бар манзари ишқи инсонӣ муҷиби назар дарёфтааст, дар ин раванд ба фидоиву ҷоннисории одам бештар ишороти талқингаро дорад. Чунин асари таблиғӣ ва ба ҳақиқату Ҳақ даъваткунандаи Мавлоноро дар ҳама навъҳои шеърии ӯ метавон ба мушоҳида гирифт, ки чи дар ғазалиёту тарҷеот ва рубоиҳои «Девони кабир» ва чи дар «Маснавии маънавӣ» ва дигар осори ирфонии ин шахсияти ориф маҳз маъруфияти хос бархурдор мебошанд. Чунон ки дар рубоии зерин бо ифодаҳои собиткунанда болои кор овардааст:
То банда зи худ фонии мутлақ нашавад,
Тавҳид ба назди ӯ муҳаққақ нашавад.
Тавҳид ҳулул нест, нобудани туст,
Варна ба газоф ботиле ҳақ нашавад.
Новобаста бар ин иддао, ҳамчунон метавон ба тамоми ҷанбаҳои лирикиву ирфонии осори ин мутафаккири беҳамто назари воқеъбин дошт, ки дар кори рамзу ташбеҳ ва муаммову ибҳомофарӣ қобилияти фавқулода бесобиқа дорад. Осори ирфонии ӯ, ки бар асоси панду ҳикмат ва андарзҳои фалсафӣ, ҷазаботи ишқу муҳаббат, ахлоқу одоб ва шинохти маърифат, ваҷди суфиёна ва одобу русуми миллӣ нигаронида шудаанд, зеварбахши адабиёти куҳансоли форсизабонон мебошанд.
Дар иртибот ба ин, баргузории чунин конфронсҳои байналмилалӣ ва сатҳи ҷаҳонӣ низ нишонаи амали хайре барои ёдвораҳо аз рӯзгору халлоқияти ин орифи бузур буда метавонанд ва руҷуи маърифатии конфронси мо низ дар замони 35 соли Истиқлоли комили кишварамон ба истиқболи ваҳдати миллиамон эҳдои нек хоҳад буд.
Сайёра Азимӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, декани факултети филология ва рӯзноманигории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода
Добавить комментарий
Ахбор
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ 12:37ЗИНДАГӢ ДАР ОЛАМИ “МАСНАВИИ МАЪНАВӢ” 12:32ДАР ҶОДАИ ДИЛ ПО НЕҲ 12:29Дар пайравии Мавлоно 12:25ШАҲДИ МЕҲНАТИ БАҲОР 12:20МЕРОСЕ БАРОИ НАСЛҲОИ ОЯНДА 12:15МАҚОМИ ЗАН ДАР МАСИРИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ 12:09ИҶЛОСИЯИ ҲАФТУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БАРГУЗОР ГАРДИД 12:05
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
БОХТАР – ШАҲРИ РУШДУ БУНЁДКОРӢ
СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД?
ТАНТАНАИ ИСТИҚЛОЛ



