Бойгонӣ
Октябрь 2026 (23)
Сентябрь 2026 (26)
Июль 2026 (25)
Июнь 2026 (33)
Май 2026 (43)
Апрель 2026 (27)

ПАНДИ МОДАР

Фасли тирамоҳ буд. Аҳён-аҳён баргҳои дарахтон зард гашта буданд. Хонандагони синфи панҷ соати якум дарси забон ва адабиёти тоҷик доштанд. Ҳама дар синфхона интизори муаллим буданд. Ногоҳ дар кушода шуд. Муаллим Ҳасанзода ба синфхона ворид гардид. Дар чеҳрааш осори хушҳолӣ намудор буд. Бар хилофи рӯзҳои қаблӣ, муаллим ба ҷуз ҷузвдон ва журнали синф боз дар даст қуттии хурде дошт. Атрофи он бо гулҳои ранга оро дода шуда буд. Дар як нигоҳ зебоияш таваҷҷуҳи ҳар бинандаро ба худ ҷалб мекард.
Муаллим ҷузвдон, журнал ва қуттиро рӯйи миз гузошта, ба хонандагон салом дод:
– Салом, бачаҳо!
– Салом, устод! – бо як овоз ҷавоб доданд хонандагон.
Ҳамаи хонандагон ба тарафи қуттӣ чашм дӯхта буданд. Мехостанд донанд, ки дар дохили он чист. Аммо муаллим мисли он ки аз ин кунҷковии хонандагон пай набурда бошад, аз онҳо пурсон шуд:
– Хуб, бачаҳои азиз, ба ман бигӯед, фардо чӣ рӯз аст?
Хонандагон ба ҳамдигар нигаристанд. Ҳар кадом ба якдигар бо аломати савол нигоҳ мекарданд. Аз нигоҳи чашмонашон маълум буд, ки онҳо аз якдигар мехоҳанд пурсанд, ки фардо чӣ рӯз аст.
Хонандае даст бардошта гуфт:
– Шояд рӯзи таваллуди ягон шоир ё нависандаи Тоҷикистон бошад?
Дигаре даст бардошта гуфт:
– Фардо Иди омӯзгорон аст.
Сеюмӣ бошад, гуфт:
– Фардо Иди Меҳргон аст. Охир Иди Меҳргон дар тирамоҳ ҷашн гирифта мешавад.
Муаллим ҷавобҳои хонандагонро як-як шунид.
– Офарин. Шумо қариб ёфтед. Фардо Рӯзи омӯзгор аст. Нафаре аз шумо ба ин савол дуруст ҷавоб дод. Аммо дар баробари Рӯзи омӯзгор боз як рӯзи хосе низ ҳаст, ки барои мардуми мо аҳамияти бениҳоят калон дорад. Вале кӣ аз байни шумо гуфта метавонад, ки дар дохили қуттии овардаи ман чӣ ҳаст? Агар ёфтед, ҷавоби саволи маро ҳам меёбед.
Хонандагон ҳама хомӯш монданд.
Муаллим оҳиста қуттиро кушод.
Дар дохили қуттӣ як варақи куҳнаи дуқаткардашудаи фарсуда вуҷуд дошт. Муаллим онро боэҳтиёт аз қуттӣ баровард. Мисли он ки чизи қиматбаҳоеро мекушода бошад, номаро ба даст гирифта кушод.
Муаллим ба варақи дар дасташ буда ишора карда гуфт:
– Ин мактубро сӣ сол қабл модарам ба ман навишта буд. Он вақт ман дар хизмати ҳарбӣ дар кишвари дигаре қарор доштам. Дар он қисми ҳарбӣ танҳо аз Тоҷикистон ман будам. Ҳама бо забони русӣ суҳбат мекарданд. Ман дар мактубе ба модарам инро ҳам ёдовар шуда будам. Баъди чанд вақт мактуби ҷавобии модарам барои ман омад. Ин ҳамон мактуб аст. Ман мактуби сӣ сол пеш навиштаи модарамро барои шумо мехонам:
«Писари азизам! Номаат ба дастам расид. Онро хондам. Бисёр ғамгин ҳам шудам, ки дар он қисми ҳарбӣ ягон тоҷики дигар нест, то ту бо забони модариат бо ӯ суҳбат намоӣ. Ман акнун барои ту васият менамоям, ки дар он кишвари бегона забони модариатро фаромӯш накун. Забони модарӣ ганҷи бузурги миллат аст. Он забонест, ки бо он аввалин суханро гуфтаӣ, аввалин дуоро шунидаӣ ва меҳри модаратро эҳсос кардаӣ.
Агар забони модариатро нигоҳ дорӣ, решаҳои худро гум намекунӣ. Он бо шири модар ба ту омадааст. Пас ба шири модарат арзиши баланд бигузор. Ба хотири фаромӯш нашудани ҳатто як калимаи он ҳар вақт, ки қаламу қоғаз ба дастат расид, рӯйи авроқи сафед бо забони модариат ҳар чӣ дар фикрат меояд, навис. Ин бароят кумак мерасонад, ки забонро фаромӯш насозӣ. Боқӣ, дар хизматат барор мехоҳам, писари азизи диловари модар Фирдавс.
Аз модарат».
Хонандагон ҳама хомӯш буданд. Ба суханони муаллим бо диққат гӯш мекарданд. Баъди хонда тамом кардани нома ҳам касе аз хонандагон ҳарф намезад. Ҳама мафтуни суханони модар шуда буданд.
Муаллим мактубро ба қуттӣ гузошта, рӯ ба хонандагон овард:
– Акнун фаҳмидед, ки чаро ман ин мактубро барои шумо хондам?
– Бале, устод! – ҷавоб доданд хонандагон.
– Акнун гӯед, ки фардо чӣ рӯз будааст?
– Рӯзи забони давлатӣ! – садо баланд карданд хонандагон.
– Офарин, бачаҳои азиз! Биёед забони модарии худро дӯст дорем, дуруст омӯзем ва поку беолоиш нигоҳ дорем. Зеро забон ганҷи бебаҳои ҳар як миллат аст. Ҳастии ҳар як миллат аз забон сарчашма мегирад. Ҳазорсолаҳо боз нигаҳдорандаи мо – тоҷикон забонамон буд, – гуфт муаллим.

Раҳимҷони Ватан,
рӯзноманигор
Похожие новости:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Варзиш / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019