Бойгонӣ
Октябрь 2026 (19)
Сентябрь 2026 (26)
Июль 2026 (25)
Июнь 2026 (33)
Май 2026 (43)
Апрель 2026 (27)

АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС

Аз роҳи хизмати содиқона то таҳкими боварии мардум ба милитсия

Дар ҷомеаи муосир нақши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ танҳо бо мубориза бар зидди ҷинояткорӣ маҳдуд намешавад. Милитсия пеш аз ҳама бояд такягоҳи мардум, ҳомии ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва пайванди боэътимоди ҷомеа бо давлат бошад. Маҳз чунин муносибат ба хизматро дар фаъолияти полковники милитсия Шарифзода Аҳлиддин Ҳомуддин метавон мушоҳида кард.
Шарифзода Аҳлиддин Ҳомуддин 17 марти соли 1971 дар деҳаи Бобосафоли Поёни ноҳияи Фархор ба дунё омадааст. Ӯ таҳсилоти олии худро дар Донишгоҳи Кӯлоб гирифта, баъдан Академияи Кумитаи давлатии бехатарии Федератсияи Россия ва Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм намудааст.
Соли 2004 фаъолияти меҳнатиашро дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда, дар давоми фаъолияти хизматӣ дар вазифаҳои гуногун кору таҷриба андӯхтааст. Айни ҳол ӯ ба ҳайси сардори ШВКД дар ноҳияи Ҷайҳун фаъолият намуда, барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон саҳми худро мегузорад.
Шарифзода Аҳлиддин оиладор ва соҳиби ҳафт фарзанд мебошад.
ИСЛОҲОТИ МИЛИТСИЯ — ТАҚОЗОИ ЗАМОН
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Шарифзода Аҳлиддинро дастгирӣ ва татбиқи ислоҳоти милитсия ташкил медиҳад. Ба андешаи ӯ, ислоҳоти милитсия танҳо тағйир додани усулҳои корӣ нест, балки пеш аз ҳама тағйир додани муносибат бо шаҳрвандон, баланд бардоштани фарҳанги хизматрасонӣ ва таҳкими эътимоди мардум ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад.
Ӯ дар давраи фаъолияти худ ба ҳайси сардори ШВКД дар ноҳияи Кӯшониён ва имрӯз дар ноҳияи Ҷайҳун ба ҳамкории мақомоти милитсия бо ҷомеаи шаҳрвандӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
Тавре раиси Шурои ҷамъиятии назди ШВКД дар ноҳияи Кӯшониён Саидвалӣ Қараев иброз медорад, Шарифзода Аҳлиддин дар давраи фаъолияташ дар ноҳия бо аъзои Шурои ҷамъиятӣ ҳамкории зич ба роҳ монда, ҳамеша таъкид менамуд, ки милитсия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд барои таъмини амнияту суботи ҷомеа паҳлу ба паҳлу фаъолият намоянд.
Ба гуфтаи ӯ, Шуроҳои ҷамъиятӣ метавонанд ҳамчун пули боэътимод миёни мақомоти давлатӣ ва аҳолӣ хизмат кунанд. Аз ин рӯ, иштироки бевоситаи роҳбарияти мақомоти милитсия дар вохӯриҳо бо аҳолӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ барои таҳкими эътимоди мардум аҳамияти муҳим дорад.
Ба андешаи Шарифзода Аҳлиддин, вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як корманди милитсия таъмини оромӣ, сулҳу субот ва тартиботи ҷамъиятӣ мебошад.
Аммо ин вазифа танҳо бо пешгирии қонуншиканӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳо анҷом намеёбад. Муносибати корманди милитсия бо мардум бояд бар эҳтиром, муоширати дуруст, масъулиятшиносӣ ва эътимод асос ёбад.
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ таҳти роҳбарии ӯ бо мақсади пешгирии қонуншиканиҳо, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва таъмини амнияти аҳолӣ пайваста чорабиниҳои гуногун мегузаронанд.
Дар мулоқоту вохӯриҳо бо аҳолӣ, ҷавонон ва дигар қишрҳои ҷомеа масъалаҳои муҳими рӯз — эҳтироми қонун, тарбияи ватандӯстӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Чунин тарзи кор тадриҷан фазои эътимодро миёни мардум ва мақомоти милитсия таҳким мебахшад.
ҚАДАМҲОИ СОЗАНДА БА МАНФИАТИ ҶОМЕА
Хусусияти дигари фаъолияти Шарифзода Аҳлиддинро ташаббусҳои созанда ва таваҷҷуҳ ба ободониву рушди муҳити иҷтимоӣ ташкил медиҳад.
Таҳти роҳбарии бевоситаи ӯ дар ноҳияи Ҷайҳун тақрибан 5000 бех ниҳолҳои ороишӣ ва сояафкан, гулу гулбуттаҳо шинонида шудаанд. Ин иқдом на танҳо ба ободонии муҳити зист ва зебоии ноҳия мусоидат кардааст, балки дар миёни аҳолӣ ҳисси масъулиятшиносӣ нисбат ба табиат ва муҳити атрофро низ тақвият медиҳад.
Дар баробари ин, ба таъмиру тармим ва бунёди муассисаҳои таълимӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардида, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 43, 46 ва 50 аз ҷумлаи ин ташаббусҳо мебошанд.
Истифодаи самараноки заминҳои бекорхобида ва обёрии онҳо низ аз ҷумлаи корҳои анҷомдодашуда мебошад. Дар натиҷа заминҳои нав ба гардиши кишоварзӣ ворид гардида, ду боғи замонавӣ бунёд шудааст. Чунин иқдомҳо дар самти истифодаи оқилонаи замин ва таҳкими амнияти озуқаворӣ аҳамияти муҳим доранд.
ДАСТГИРӢ АЗ ОИЛАҲОИ НИЁЗМАНД
Хизмат ба мардум танҳо таъмини тартиботи ҷамъиятӣ нест. Дастгирии табақаҳои осебпазири ҷомеа низ як ҷузъи муҳими масъулияти иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад.
Дар пайравӣ аз сиёсати созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба оилаҳои ниёзманд ва фарзандони онҳо таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад.
Танҳо дар моҳи сентябри соли ҷорӣ ба 60 нафар хонандагон аз оилаҳои ниёзманд кумаки моддию пулӣ расонида шудааст.
Ин иқдомҳо барои дастгирии кӯдакон, фароҳам овардани шароити беҳтари таҳсил ва рӯҳбаландии онҳо заминаи мусоид фароҳам меоранд.
ҶАВОНОН — ОЯНДАИ ҶОМЕА
Таваҷҷуҳ ба ҷавонон низ дар фаъолияти роҳбарияти ШВКД ноҳияи Ҷайҳун ҷойгоҳи хос дорад.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифат, дониш ва ҷаҳонбинии ҷавонон озмуну чорабиниҳои гуногун ташкил карда мешаванд. Аз ҷумла, озмунҳои «Китобдони беҳтарин», чорабиниҳо бахшида ба китобҳои «Тоҷикон» ва «Шоҳнома», инчунин мусобиқаҳои шоҳмот баргузор гардидаанд.
Ба ғолибон сипосномаҳо ва туҳфаҳои моливу пулӣ тақдим карда мешаванд.
Чунин чорабиниҳо дар баробари фароғат, ба рушди зеҳнӣ, маънавӣ ва фарҳангии ҷавонон мусоидат намуда, онҳоро ба китобхонӣ, донишомӯзӣ ва тарзи ҳаёти солим ҳидоят мекунанд.
ЭЪТИМОДИ МАРДУМ — НИШОНАИ КОРИ САМАРАНОК
Зимни суҳбат раиси ШВКД дар ноҳияи Ҷайҳун Давидов аз дастгириҳои бевоситаи Шарифзода Аҳлиддин дар самтҳои гуногун, аз ҷумла фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ, соҳаи илму маориф, дастгирии ҷавонон ва оилаҳои ниёзманд ёдовар шуд.
Ба гуфтаи ӯ, таваҷҷуҳи роҳбарият ба беҳтар намудани шароити фаъолияти кормандони ШВКД, махсусан нозирони минтақавӣ, ба самаранокии фаъолияти онҳо таъсири мусбат расонидааст.
Тарзи корбарӣ ва муносибати масъулона ба вазифа имкон медиҳад, ки чораҳои пешгирикунанда пурзӯр гардида, сатҳи қонуншиканӣ коҳиш ёбад ва ҳамзамон эътимоди шаҳрвандон ба мақомоти милитсия бештар гардад.
Фаъолияти Шарифзода Аҳлиддин намунаи он аст, ки мақоми роҳбарӣ пеш аз ҳама масъулияти бузург дар назди ҷомеа мебошад.
Корманди милитсия бояд на танҳо қонунро ҳифз кунад, балки ба дарди мардум гӯш диҳад, мушкилоти онҳоро дарк намояд ва барои ҳалли онҳо дар доираи имкониятҳои худ саҳм гузорад.
Имрӯз ҳамкории мақомоти милитсия бо Шуроҳои ҷамъиятӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳолӣ яке аз омилҳои муҳими таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ ва баланд бардоштани эътимоди шаҳрвандон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад.
Вақте миёни мардум ва милитсия эътимод вуҷуд дорад, пешгирии қонуншиканӣ, ҳифзи тартибот ва таъмини амнияти ҷомеа низ самараноктар мегардад.

Асалмо Сафарзода, рӯзноманигор
Похожие новости:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Варзиш / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019