МЕДАЛИ ТИЛЛОЮ АТЕСТАТИ АЪЛО
Овозаи ду нафар муҳассилини гимназияи «Боғи Ҳабиб»-и ноҳияи Муъминобод бо медали тилло ва аттестати аъло хатм карданашон минтақаро фаро гирифт. Хушбахтона, соли таҳсили гузашта ду хонандаи муассисаи мазкур дар озмуни довталабони аттестати аълои универсиалӣ ва медали тилло аз равияи ҷамъиятӣ гуманитарӣ ширкат варзида, сарбаландона сазовори медали тилло гардиданд.
Инҳо Сатторзода Аниса ва Рамзия Саъдуллоеваанд, ки ҳарду ҳоло донишҷӯи курси якуми гурӯҳи буҷавии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино гардиданд. Дар ҳақиқат заҳмати омӯзгорони деҳотӣ самар овард. Дар минтақаи Кӯлоб ва ҳатто дар вилояти Хатлон касе ёд надорад, ки аз як муассиса дар як вақт ду нафар шогирд бо медали тилло ва аттестати аъло мактабро хатм карда бошанд.
Ин ифтихори сокинони натанҳо ноҳияи Муъминобод, балки сарбаландии сокинони минтақа ва вилояти Хатлон аст.
Вақте ба деҳаи Боғи Ҳабиби Ҷамоати деҳоти «Балхоби»-и ноҳияи Муъминобод омадем, дар ҳақиқат мо на он шароит, бинои замонавии таълимӣ ва хобгоҳ, ки барои хонандагони аз роҳи дур таҳсилкунандаи муассиса муайян шудааст, надидем. Дарҳол ҳамон мақоли халқии тоҷикии «Ганҷ - дар вайрона» ба хотир расид. Гимназияи «Боғи Ҳабиб»-и ноҳияи Муъминобод ҳанӯз соли 2002 таъсис дода шудааст. Муассисаи таълимии мазкур аз ҷумлаи нахустин гимназияҳои давлатӣ дар деҳоти кишвар ба ҳисоб рафта, дар самти амалисозии сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон собитқадамона гом мегузорад. Дар тӯли фаъолияти гимназия онро 285 нафар хонандагон хатм намудаанд. 280 нафари онҳо ба донишгоҳу донишкадаҳо ва коллеҷу литсейҳои кишвар ва хориҷи мамлакат дохил шуда, паи таҳсиланд. Дар гимназия дар баробари таълиму тадрис ва омӯзиши асосҳои фан инчунин ба таърихи ниёгон, фарҳанги миллӣ, дастовардҳои миллат, ҷаҳони маънавиву арзишҳои миллӣ диққати махсус дода шуда, хонандагон дар рӯҳияи ифтихори миллӣ тарбия карда мешаванд.
Дар гимназия имрӯз 25 нафар омӯзгорон фаъолият доранд. 13 нафари онҳоро занҳо ташкил мекунад. 11 нафари онҳо тахассуси олӣ ва 4 нафарашон Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Онҳо имрӯз ба 270 нафар хонандагон дарс мегӯянд. Аз 270 нафар хонандагон 105 нафарашон духтарон ва боқимонда 165 нафари дигарашон бошанд, писаронанд. Қариб 75 фоизи омӯзгорони муассисаро ҷавонон ташкил мекунанд ва қисмати зиёди ин омӯзгорони ҷавон собиқ хатмкунандагони худи ҳамин гимназия ҳастанд. Соли таҳсили гузашта гимназия 220 нафар хонанда дошт.
- Имрӯз вобаста ба он муваффақиятҳое, ки дар соли таҳсили 2018-2019 ба даст овардем, шумораи хонандагони мо 50 нафар зиёд шуд. Маблағи моҳонаи таҳсил 40 сомонӣ муайян шудааст, ки ин маблағи ночиз аст. Азбаски мо фидоии маорифем, бо ин қаноат мекунем.
Дар гимназия аз деҳаҳои атрофи гимназия, шаҳру ноҳияи Кӯлоб, деҳаҳои Туту, Момандиёни ноҳияи Муъминобод, ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва қисмате аз шаҳри Душанбе ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ятимон аз пардохтани маблағ озод ҳастанд. Ҳамчунин, фарзандоне, ки аз оилаҳои камбизоат ҳастанд, онҳо низ аз дастгирӣ ва кумаки маъмурияти муассиса бархурдор мебошанд. Имрӯз мо имконияти бо хобгоҳ таъмин кардани хонандагонро надорем. Баъди муваффақиятҳои солҳои охир ба даст овардаи мо таваҷҷуҳи бештари падару модарон ба гимназия зиёд шуд ва шумораи хонандагон афзуда, синфхонаҳо намерасанд. Кӯшиш мекунем, ки дар оянда бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорон мушкилоти мавҷударо ҳал намоем. - мегӯяд Ҳабибулло Қурбонов, директори гимназияи «Боғи Ҳабиб»- и ноҳияи Муъминобод.
Директори гимназияи мазкур иброз медорад, ки мушкилоти нарасидани синфхона доранд. Хонандагони гимназияи «Боғи Ҳабиб» аз оғози фаъолият дар ду баст таҳсил мекунанд. Солҳои аввали фаъолият синфҳо барои гузаронидани машғулиятҳои иловагӣ ва маҳфилҳои иловагӣ мавҷуд буд. Имрӯз ин имконият оҳиста - оҳиста маҳдуд мешавад. Чунки талабот ба гимназия зиёд гаштааст. Бо дастгирии соҳибкорону Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон толори варзишӣ пурра аз таъмир бароварда шуда, лавозимоти варзишӣ низ ворид гардидааст. Мизҳои синфхонаҳо пурра аз нав карда шуданд.
- Мегӯянд, ки «Беҳтарин ибодат ин илм омӯхтан аст ва беҳтарин сармояе, ки сарф мешавад, дар роҳи илм аст». Боварии комил дорам дар оянда низ соҳибкорони хайрхоҳ моро дастгирӣ мекунанд. Ва мо, фидоиёни соҳаи маориф бо як дили гарму содиқона баҳри тарбия намудани насли наврас камари ҳиммат баста хизмат менамоем, - мегӯянд Ҳ. Қурбонов дар идомаи суҳбат. Дастовардҳои хонандагони гимназия дар самти варзишӣ ҳам зиёданд. Хонандагони мо дар намуди варзиши чавгонбозӣ дар сатҳи баланд тамрин карда, ҳунарнамоӣ менамоянд. Шогирдони гимназия аз соли 2006 инҷониб ҳамасола дар мусобиқаҳои варзишӣ ширкат намуда, то ба имрӯз ба сандуқи варзишии ноҳия ва вилоят 400 медал ворид кардаанд. Хатмкардаҳои гимназия чавгонбозиро ҳатто дар хориҷи кишвар, дар чемпионати Осиё бори аввал аз ҳисоби мардон муаррифӣ карданд. Довталабон ба гимназия аз комиссияи қабули муассиса мегузаранд. Бо пешниҳоди ҳамин гурӯҳи кории комиссия қабули хонандагон ба гимназия амалӣ мегардад.
Дар гимназия дар самти омӯзиши таърих ва фарҳанги миллат корҳои зиёд амалӣ карда мешаванд. Хонандагони гимназия барномаҳои хуби телевизионӣ омода кардаанд, ки қисмати зиёди онҳо тариқи шабакаҳои ТВ Хатлон, ТВК, ҳамчунин тавассути ТВ Сафина пахш гардиданд. Аз ҷумла, барномаҳои омоданамудаи гимназия аз тариқи барномаҳои «Бишнав аз най», «Асолати миллат», бахшида ба бузургдошти Имоми Аъзам, бузургдошти Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва ҳамзамон чорабиниҳои дигаре, ки бахшида ба идҳои миллӣ, рӯзҳои таърихӣ омода карда шудаанд, аз ҷониби бинандагон баҳои баланд гирифтанд.
Ҳамзамон хонандагони гимназия дар озмунҳои гуногуни интелектуалӣ ширкат меварзанд. Иштироки хонандагони гимназия дар шоу-озмуни телевизионии вилоятӣ, ки бо номи «Забон - ҳастии миллат» пахш мегардад, хеле хуб баҳогузорӣ шудааст. Масалан, соли ҷорӣ дар озмуни «Забон- ҳастии миллат» хонандагони гимназия бо барномаи хуб иштирок намуда, бо гирифтани 60 холи баландтарини озмун дар яке аз ҷойҳои аввалин қарор доранд.
Имрӯз баъди ба даст овардани медали тилло ва аттестатҳои аъло гимназияи «Боғи Ҳабиб» аз ҷониби Раёсати маорифи вилояти Хатлон ҳамчун беҳтарин муассисаи типи нав дар вилоят шинохта шуд. Ин ба коллективи омӯзгорони муассисаи мазкур имкон медиҳад, ки дар оянда низ дар роҳи таълиму тарбия ва тадриси хонандагон ва ошно намудани онҳо бо таъриху фарҳанг ва ҳифз намудани ҳамаи он дастовардҳое, ки миллати мо ба ҷаҳониён додааст, боз бештар заҳмат кашанд. Дар гимназия маҳфилҳои зиёд амал мекунанд, ки ҳамаи хонандагон вобаста ба майлу хоҳиш дар онҳо ширкат меварзанд. Малакаву сатҳи донишҳои худро боз ҳам афзун мегардонанд. Роҳбарияти гимназия бо ҳамаи он муассисаҳое, ки дар самти таълиму тарбия дастовард доранд, ҳамкорӣ менамояд.
Билоли ШАМС,