Бойгонӣ
Сентябрь 2026 (25)
Июль 2026 (25)
Июнь 2026 (33)
Май 2026 (43)
Апрель 2026 (27)
Март 2026 (12)

“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид

Дар вилояти Хатлон даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Хушдомани беҳтарин” ҷамъбаст гардида, ҷойи аввалро  Аноргул Сайдалиева аз ноҳияи Данғара сазовор шудааст. 

Дар ин хусус Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳифаи фейсбукии ниҳоди хеш хабар додааст.


Дар хабар омадааст, ки озмуни мазкур бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, таҳкими фарҳанги оиладорӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, тарғиби одоби муносибатҳои оилавӣ ва эҳтироми анъанаҳои неки ниёгон баргузор гардида, дар он хушдоманҳои фаъолу соҳибтаҷриба аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иштирок намудаанд.

Муайян гардид, ки дар ин озмуни сатҳи баланд ҷойи аввал насиби Аноргул Сайдалиева аз ноҳияи Данғара, ҷойи дуюм ба ду нафар иштирокчӣ – Султонбӣ Қаюмова аз шаҳри Кӯлоб ва Шоҳзода Комилова аз ноҳияи Муъминобод ва ҷойи сеюм насиби се нафар иштирокчӣ – Ёдгорбӣ Ашурова аз ноҳияи Ҳамадонӣ, Розия Холова аз ноҳияи Ёвон ва Гулбаҳор Қазоқова аз шаҳри Левакант гаштааст. 


Ба ғолибони озмун аз ҷониби намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти тантанавӣ сипосномаҳо ва дигар туҳфаҳои арзишманд тақдим карда шудааст. 

С. СУЛТОНОВ     


Похожие новости:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Варзиш / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий