Бойгонӣ
Октябрь 2026 (10)
Сентябрь 2026 (26)
Июль 2026 (25)
Июнь 2026 (33)
Май 2026 (43)
Апрель 2026 (27)

Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд

Дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе, даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Мураббии соли Тоҷикистон – 2026” ҷамъбаст гардида, мураббии Муассисаи таҳсилоти томактабии №7 “Булбулакони”-и шаҳри Бохтар Дилрабои Ҳотамшо сазовори ҷойи аввал гардид.

Дар ин хусус мудири шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар Шоиста Абдуназарзода ба “Сафо” иттилоъ дод.

Номбурда гуфт, ки ин дастоварди арзанда барои кулли кормандони соҳаи маорифи шаҳри Бохтар аҳамияти хос дошта, пас аз 16 сол, ин унвони арзанда дубора насиби мураббии шаҳри Бохтар гардид.

Зикр гардид, ки Дилрабои Ҳотамшо ҳамчун намояндаи вилояти Хатлон дар даври ниҳоии ин озмун фаъолона иштирок намуда, бо маҳорати баланди касбӣ, таҷрибаи пешқадами педагогӣ ва қобилияти зиёди эҷодӣ миёни беҳтарин мураббиёни муассисаҳои таҳсилоти томактабии кишвар унвони баланди “Мураббии соли Тоҷикистон – 2026” – ро ба даст овард. 

Мавриди зикр аст, ки Дилрабои Ҳотамшо муаллифи дастурҳои методии “Банақшагирии машғулиятҳои таълимӣ” ва “Донишнома” буда, беш аз шаш мақолаи илмӣ – методӣ таҳия кардааст. Маҳсули заҳматӣ ӯ дар фаъолияти сармураббиён ва мураббиёни муассисаҳои томактабӣ ҳамарӯза истифода бурда мешавад.

Дар маросими ҷамъбасти ин озмуни сатҳи баланд муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ ва вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода иштирок намуда, ғолиби озмунро бо ҷоиза ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ намуданд.

С. СУЛТОНОВ


Похожие новости:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Варзиш / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019