Бойгонӣ
Октябрь 2026 (16)
Сентябрь 2026 (26)
Июль 2026 (25)
Июнь 2026 (33)
Май 2026 (43)
Апрель 2026 (27)

ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ

Мувофиқи асноди ба даст омада (“Материалы из Википедии- свободной энсклопедии”) дар ҳолати соли 2025 дар ҷаҳон 7159 забон (соли 2024-ум 7164 адад буд) мавҷуд буда, ба 143 оилаи мухталифи забонҳо мансубанд. Бо сабабҳои гуногун ба ҳисоби миёна д-ар дунё давоми ду ҳафта як забони зинда нобуд мегардад. Забонҳо бо охирин гӯяндагони он фано мегарданд, аз ин сабаб хатар бештар ба халқҳои аз ҷиҳати шумора кам ва соҳиби давлату хат набуда, таҳдид дорад. Мувофиқи омори соли 2025 дар ҷаҳон 3193 забон ( тақрибан 44,6 фоиз аз шумораи умумӣ) зери хатари нобудшавӣ қарор доранд. Сабабҳои фаношавии забонҳо зиёданд, аммо ҷаҳонишавӣ ва муҳоҷират омили асосӣ ба ҳисоб мераванд. Инчунин, бо сабабҳои воқеӣ тақрибан 60 фоизи одамони сайёра бо ду забон ва ё зиёда аз он гуфтугӯ менамоянд. Раванди билингвизм (дузабонӣ ва зиёда аз он) рӯ ба афзоиш буда, дар меҳвари он забони англисӣ қарор дорад.
Ин ҳолат аз он далолат менамояд, ки забон ҳимоя ва дастгирии ҷиддиро тақозо менамояд. Зеро шарри равандҳои ҷаҳони муосир ба забони ҳар миллате ва рушди он хатари ҷиддӣ дорад.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мавқеъ, моҳияту аҳамияти забон чунин баҳогузорӣ намудаанд: ”Забон неъмати бебаҳои зиндагии аҳли башар мебошад. Инсон фақат тавассути забон метавонад эҳсос ва фикру андешаҳои худро иброз намояд. Забони миллӣ ойинаи пурҷилои таърих, ҷаҳони маънавӣ ва хираду маърифати ҳар як халқу миллат ба шумор меравад”.
Ин рисолати таърихиро тули садсолаҳо забони тоҷикӣ ба ҷо оварда истодааст. Воқеан, он мероси ғании таърихӣ ва нишонаи ҳастии халқамон ҳисобида мешавад. Забони ноби тоҷикӣ марҳилаҳои гуногуни инкишофи худро дорад. Дар ин маврид Устод Бобоҷон Ғафуров дар асари пурарзиши худ- “Тоҷикон” чунин нигоштааст: ”Ин забон дар ҷойи холӣ ба вуҷуд наомадааст ва ба вуҷуд омада ҳам наметавонад. Таърихи он наинки аз давраи истилои араб, балки аз асри 6-уми пеш аз милод шурӯъ мегардад, ки ин иддаоро ёдгориҳои хаттӣ тасдиқ менамоянд”. (Бобоҷон Ғафуров.”Тоҷикон”. Душанбе-2020, саҳ.428)
Маълумоти овардаи аллома Бобоҷон Ғафуров далолат аз он дорад, ки забони тоҷикӣ аз ҷумлаи забонҳои қадим ба шумор меравад. Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ забони имрӯзаи тоҷикӣ аз забонҳои ғарбиэронӣ мебошад. Асоси он лаҳҷаҳои ҷанубу ғарбии Форс ба ҳисоб меравад, ки он баъдтар ба тарафи шимол ва шимолу шарқ паҳн мешавад. Дар ин маврид бояд хотирнишон сохт, ки ба гурӯҳи забонҳои ғарбиэронӣ забонҳои тоҷикӣ, курдӣ, белуҷӣ ва ғайра дохил мешаванд. Забонҳои бадахшонӣ, паштуи Афғонистон, осетинӣ ва як идда шеваю лаҳҷаҳо ба гурӯҳи забонҳои шарқиэронӣ мансубият доранд. Номи аслии осетинҳо дар хамосаи қадимии онҳо аллон ёдоварӣ мешавад, ки аз калимаи қадимии эронӣ- ориёно мебошад. Осетинҳо аз таърихи қадимаи халқи худ огаҳӣ доранд ва аз ин рӯ ҳоло номи Республикаи Осетияро ба номи қадимаи оллон - Республикаи Алания иваз намудаанд. Ба ҳамин тавр, “ Наздикӣ ва ягонагии аҷдоди қабилаҳои гуногуни эронии қадим аз номи умумии онҳо- орё низ пайдост. Эрони имрӯза ҳам аз ҳамин ном, яъне ориёно ба вуҷуд омадааст”. (Бобоҷон Ғафуров, ” Тоҷикон”. Саҳ. 54).
Донишмандон марҳалаҳои таърихии ташаккули забони модарии моро аз се давра иборат медонанд:
1. форсии бостон ё форсии ҳахоманишӣ, ки забони расмии даврони Ҳахоманишиён маҳсуб меёфт. Асосгузори ин давлат Куруши Кабир, ки эронитабор буд, ба ҳисоб меравад.
2. форсии миёна ё паҳлавӣ, ки асосан фарогири ду забон- портии паҳлавӣ ва паҳлавии сосонӣ мебошад.
3. форсии нав ё форсии дарӣ ( форсӣ-дарӣ- тоҷикӣ).
Аксар муҳаққиқони ҷомеаи илмии ҷаҳонӣ сарзаминҳои аҷдодии мо- Хуросон ва Фароруд, яъне Мовароуннаҳрро макони ташаккул ва такомули забони адабию китобии форсии тоҷикӣ медонанд. Дар қадим доираи истифодаи он хеле васеъ будааст. Тавре олими шинохта узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳасани Султон иброз медорад, доираи густариши ин забон дар рӯзгори пеш сарзаминҳои паҳновари дигар, аз ҷумла, Хоразму Ҳафтрӯд ва Кошғарро ҳам фаро мегирифт. Аз инҷост, ки Абурайҳони Берунӣ дар “Осор-ул боқия”-и асараш аҳли Хоразмро шохае аз дарахти азими порсиён ба шумор оварда, “Китоб-ут-тафҳим”-и худро, ё Саид Исмоили Ҷурҷонӣ донишномаи тиббии “Захираи Хоразмшоҳӣ”-ро ба хотири истифодаи хосу оми Хоразм ба ҳамин забон – яъне форсӣ-тоҷикӣ иншо намудаанд. Мир Иззатуллоҳи Ҳиндӣ дар “Сафарнома”- и худ, соли таълифаш 1813, забони аҳли шаҳри Хӯқандро тоҷикӣ медонад.
Мавриди зикр аст, ки забони тоҷикӣ-форсӣ ҳамчун забони давлатӣ дар сарзаминҳои Осиёи Ҷанубӣ аз соли 1203 то соли 1837 ба ҳайси забони гуфтугӯйи байни миллатҳо истифода мешуд. Дар асарҳои олимони асрҳои 8-10-ум забони тоҷикӣ ба Хуросон, аз ҷумла ба Балх мансуб дониста шудааст. Аз эҳтимол дур нест, ки маҳз дар ҳамин давра, яъне пеш аз истилои араб муҳимтарин хусусиятҳои ин забон ташаккул ёфта бошад.
Авҷи шукуфоии забони тоҷикӣ давраи аҳди давлатдории Сомониён шинохта шудааст. Исмоили Сомонӣ баъди шикаст додани бародараш Наср соли 892 ба тахт нишаст ва мулки хосаи ӯ- Бухоро пойтахти давлати Сомониён муқаррар гардид. Аллома Бобоҷон Ғафуров дар асари худ-“Тоҷикон” овардааст, ки давраи ҳокимият дар Мовароуннаҳру Хуросон дар дасти Сомониён будан, ташаккули халқи тоҷик анҷом меёбад. Дар асри 10-11-ум забони форсӣ, яъне тоҷикӣ ба чанд лаҳҷа-Самарқанд, Ҳирот, Нишопур, Марв, Балх ва ғайра тақсим мешуд. (Ҳамон асар.саҳ.419) Тавре мебинем, бо тадриҷ мардуми Осиёи Марказӣ ва Хуросон бо сабабҳо маълум аз маркази ибтидо гирифтани забони тоҷикӣ –ғарби Эрон дур шуда ва мустақиман мавриди истифода қарор мегирад. Маълум, ки дар ин маврид талафуз, шеваи гуфтугӯ нишонаҳои хоси худро пайдо мекунанд. Бахусус, давоми асрҳои 9-10-ум дар шаҳрҳои сераҳолии Самарқанд, Бухоро, Фарғона аҳолии ин минтақаҳо бештар бо забони тоҷикӣ гап мезаданд. Бо ин сабаб доираи забонҳои бохтарӣ, суғдӣ ва ғайра танг шуда, давоми асри 10-ум ҷойи онҳоро пурра забони тоҷикӣ иваз мекунад. ”Чунончӣ, забони суғдӣ аз забонҳои қадим буда, дар маркази давлати Суғд- Самарқанд, Бухоро ва ғ. он воситаи асосии муоширати мардуми маҳал буд... дар саргаҳи Зарафшон ва алалхусус дар ноҳияи шохобҳои саргаҳи он, лаҳҷаҳои забони суғдӣ дар тамоми асрҳои миёна вуҷуд доштанд ва яке аз онҳо бошад, дар водии Яғноб (шохаи чапи Зарафшон) дар рӯзҳои мо ҳам вуҷуд дорад”. (“Тоҷикон”- саҳ.419). Ҳоло чанд деҳоти ноҳияи Айнӣ номи суғдӣ доранд: Мадм, Қум, Пахут, Варзи манор (варз-баландӣ), Мартушкат-Мастчоҳ.
Асрҳои 9-10-ум дар Мовароуннаҳру Хуросон умумияти этникие ташаккул ёфт, ки он ба ҳайати давлатҳои Тоҳириён, Саффориён, бахусус, Сомониён дохил мешуданд. Ин умумияти этникӣ дар миёнаи асрҳои 10-11-ум соҳиби ном- тоҷик шуд. Дар ин хусус бисёр сарчашмаҳои таърихӣ маълумот додаанд. Чунончӣ, ”Ба қавли муаррих Байҳақӣ (1043-44) яке аз муқаррабони султон гуфтааст: ”Мо, ки тозик ҳастем.” Худи ҳамон Байҳақӣ ривоят мекунад, ки дар муборизаи назди Дандонакон (1040) ҳиндуву арабу курдҳо фирор карданд, танҳо сарбозони тоҷик бо ҷасорат ҷангиданд
Тақрибан ҳазор сол қабл дар асари яке аз нахустин донишманду муаллифи осори туркӣ Юсуфи Балосоғунӣ “Кутадғу билиғ”, яъне “Донишҳои файзбор” калимаи тоҷик ёдоварӣ мешавад. Ӯ хондани китобҳоро бо забонҳои арабию тоҷикӣ барои мардуми туркизабон оғози фаро гирифтани дониш донистааст:
Арабча, тоҷикча китоблар уқуш,
Бизнинг тилимизга бу юмғи уқуш.
(Ҳафтаномаи “ Адабиёт ва санъат” № 14, аз 8 апрели с.2026)
Аз ҷониби ин донишманди туркитабор ном бурдани забони тоҷикӣ аз мавҷудияти он далолат менамояд. Бо овардани ин ва дигар далелҳои боэътимод, ки аз сарчашмаҳои таърихӣ оварда шудаанд: “дар нимаи асри 11-ум истилоҳи тоҷик номи он халқе гардид, ки дар Осиёи Миёна ва Хуросон ташаккул ёфт” (“Тоҷикон”-саҳ. 420). Тавре дида шуд, барои ташкил ёфтан ва минбаъд мавриди истифодаи як халқу миллат қарор гирифтани забон протсесси тулонии таърихиро бояд аз сар гузаронад. Ҳамин тавр, барои ташаккул ёфтан ва эътирофу шинохта шудани забони тоҷикӣ на камтар аз 400 сол лозим омад.
Бунёдгузори давлати Сомониён- Исмоили Сомонӣ на танҳо девори Бухоро, балки девори забони модарии мо низ дониста мешуд. Дар аҳди Сомонӣ забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ эътироф шуда, девондории давлат бо ин забон сурат мегирифт. Доираи адабии қавие дар маркази давлат- Бухоро таъсис ёфт, адибони номдор чун Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, олимоне мисли Берунӣ, Сино ва ғайра дар ин муҳит фаъолият доштанд.
Сиёсати забонгустарии Исмоили Сомонӣ ва амирони дигари ин сулола чунон қавӣ буд, ки амирони баъдии ғайримаҳаллӣ ва забони ғайр- Салҷуқиён, Ғазнавиён, Темуриён ҳомии забони тоҷикӣ буданд. Дар давраи ҳукмронии онҳо забони тоҷикӣ ба сифати забони расмӣ ва коргузорӣ дар дарбори шоҳон истифода мешуд. Бахусус, адибон онро дар эҷодиёти худ ҳамчун василаи қавии баёни афкор истифода мебурданд. Ҳаким Фирдавсии бузург дар достони “Шоҳнома”-и худ бо 60 ҳазор байт оламиёнро бовар кунонд, ки бо ин забон ҳама масъалаҳоро –аз сиёсат то тиҷорат, аз иқтисод то фарҳанг, ойини хонадорӣ, лашкаркашиву дину анъанаҳои мардумӣ ва ғайра баён кардан мумкин аст.
Басе ранҷ бурдам дар ин сол сӣ,
Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ.
Дӯстии ду адиби шуҳрати ҷаҳонидошта- Ҷомӣ ва Навоӣ намунаи беҳтарин дар робитаи ду халқ- тоҷику ӯзбек ва робитаи аҳли эҷод ба шумор меравад. Туфайли ин дӯстӣ намунаи эҷод бо ду забон- ширу шакар дар адабиёти ду халқи боҳам дӯсту бародар- тоҷику ӯзбек мавқеи хоса дорад ва имрӯз ҳам адибон дар эҷоди худ аз он истифода мебаранд. Дар аҳди дусадсолаи амирони Бухоро, ки сулолаи манғитиён буданд, коргузории расмии давлатӣ ва таълим дар мактабҳо бо забони тоҷикӣ амалӣ мегашт. Тавре аз ин мисолҳо маълум мегардад, забони тоҷикӣ таърихи қадимӣ дошта, доираи истифодаи он низ хеле васеъ будааст.
Дар асрҳои минбаъда ҳам, бо вуҷуди он ки халқи тоҷик аз ҳамлаву ғорати аҷнабиён ва қабилаҳои бодиянишин зарари зиёд дид ва ё аз кишвари худ фирор намуда буданд, асолати миллӣ, забон ва анъанаҳои миллиро ҳифз карда тавонистанд. Чунончӣ, шаҳри Марв (ҳоло шаҳри Мари дар Туркманистон воқеъ аст) аслан тоҷикнишин буда, дар аҳди Саффориён ва Сомониён обод буда, бо ҳунармандӣ машҳур мегардад. Баъдан ин шаҳр аз дасти қабилаи ғузҳои бодиянишин ва соли 1785 туркманҳо хароб ва тасарруф мешавад. Мардуми ин шаҳр ба Эрону Афғонистон фирор мекунанд. Бо дастгирии амири Бухоро Шоҳмурод 70 ҳазор сокини шаҳри Марв аз чанголи туркманҳои ғосиб раҳо ёфта, дар гирду атрофи шаҳрҳои Бухоро ва Самарқанд ҷойгир кунонда мешаванд. Онҳо баробари аз аҷнабиён ҳифз намудани забон, дар ҷойи нави зист бо ҳамватанони худ касбу ҳунари қадимаашонро идома медиҳанд. Бахусус, маҳсулоти ғизоии мардуми Марв –панир, кунҷит, ҳалво, нону кулчақанд беҳамто буданд. Нонҳои машҳур, хушмазаву хушрангу серхаридори имрӯзаи Самарқанд аслан маҳсули дастони марвиёнанд, ки ин ҳунари волои миллӣ ва аҷдодиро инҷо ҳифз намуда, бо сад ранг такмил додаанд. Танҳо ин як далели қадимӣ ва косибу ҳунарманд будани халқамонро нишон медиҳад, ки дар ҳама давр забони тоҷикӣ нишонаи ҳастии он ба ҳисоб меравад. (Рӯзномаи “Ҷумҳурият”№ 104,аз 18 майи с.2023)
Ҳамин тариқ, тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд, забони тоҷикӣ бо захираи бойи луғавӣ, қудрати маъноӣ, дараҷаи суфтагии грамматикӣ, таровиши гуворои лафзӣ он аз марзҳои Осиёи Шарқӣ ва Ҳимолой то соҳили баҳри Миёназамин- нақши байналмилалӣ дошт. Забони мукотиба ва муоширати қавму миллатҳо буд.
Асарҳои дар аҳди Сомониён ва минбаъд бо забони тоҷикӣ эҷоднамудаи адибону олимони асрҳои оянда имрӯз ҳам манбаъ ва сарчашмаи нодиру боэътимод мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор доранд.
Забони тоҷикӣ бо чунин моҳияти ҷаҳонӣ доштан то ба имрӯз қавию побарҷост. Баъди қабули Эъломияи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон барои рушди забони тоҷикӣ заминаи мусоид муҳайё гашт. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини ба мақоми роҳбарӣ расидан, тақдири давлату миллат ва забони давлатиро бо ҳам тавъам шумурда, бақои давлатро дар паноҳи забон ва забонро дар паноҳи давлат эълом доштанд.
Агар дар асри даҳум Исмоили Сомониро девори Бухоро ва забони тоҷикӣ шуморанд, пас имрӯз бо камоли боварӣ ва эътимод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳомӣ ва кафили Истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ, тамомияти арзӣ ва забони тоҷикӣ медонанд.
Суханони ноби шевои тоҷикӣ бори нахуст дар баландтарин минбарҳои ҷаҳон, СММ ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ аз забони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садо дод ва ба ҷаҳониён аз ҳастии давлату миллати тоҷик мужда расонд.
Бо ибтикори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таърихи 5 октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ”Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул шуд. Бояд таъкид намуд, ки қабул шудани забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст. Тавре дар моддаи 2 Конститутсия омадааст: ”Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ мебошад. Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад”. Дар моддаи 3 қонуни мазкур зикр шудааст, ки забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. Ҳамзамон, дар моддаи 4 пешбинӣ мешавад, ки ҳамаи миллату халқиятҳои муқими Тоҷикистон ба истифодаи озоди забони модариашон ҳуқуқ доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳимоя ва инкишофи забонҳои бадахшонӣ ва забони яғнобӣ шароит фароҳам меорад.
Сарвари давлат ҳастии миллатро ба бақою пойдории забон вобаста медонанд. Онро чароғи раҳнамои худшиносии миллӣ меҳисобанд. Ҳифзи забони модарӣ, аз насл ба насл мерос мондани онро вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд меҳисобанд. Забони тоҷикӣ ҳамчун падидаи нодири ҷамъиятӣ ва натиҷаи ҷараёни таърихии шаклгирии миллати тоҷик тавсиф мешавад.
Масъалаи забони давлатӣ ва тақвияту таҳкими мақоми он дар таърихи давлатдории навини мо аз масъалаҳои аввалиндараҷа ба ҳисоб рафта, пайваста дар маркази диққати Сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар қарор дорад. Бо ин мақсад Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030 қабул гардид, ки амалӣ гаштани он ба нигоҳ доштани асолат ва ҳувияти забони тоҷикӣ нигаронда шудааст.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ забони тоҷикӣ ба сифати рукни муҳими давлатдории миллӣ таҳкими бештар ёфт ва мақоми воқеии расмию давлатӣ пайдо кардааст.

Аъзам Мӯсоев, Корманди шоистаи Тоҷикистон
Похожие новости:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Варзиш / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019