Бойгонӣ
Октябрь 2026 (23)
Сентябрь 2026 (26)
Июль 2026 (25)
Июнь 2026 (33)
Май 2026 (43)
Апрель 2026 (27)

Гулҳои Гулсара

Воқеаҳои солҳои навадумро ҳоҷати шарҳу баён нест. Мехоҳам он ҳама ҳодисаҳои мудҳишро чун хоби даҳшатборе ба дасти фаромӯшӣ супорам. Аммо намешавад, гаштаву баргашта чун саҳфаи китобе варақгардон мегардад.
Ману ҳамсарам молу амвол, рӯзгори чандсола ва ҳавличаи нозанини худро, ки аз меҳнати фарзандон ба гулзоре шабоҳат дошт, бо амри тақдир вогузошта, рахти сафар бастем. Рахти сафар куҷо? Ҳама танҳо сари худро аз ҷанҷолу ваҳшат раҳонидем.
Исфара, ки сӯи он ҳар сол бо ҳазорон умеду орзу ба рухсатии меҳнатӣ меомадем ва моро гарм ба оғӯш мегирифт, имсол гӯё сарду соқит буд. Ин тавр маро итоб мекард.
- Ҷавон рафтӣ. Имрӯз, ки миллаҳоят сапеду чашмонат камнуранд, ту омадӣ?
Рӯзҳои аввал аз ҳар садои ногаҳоние меҳаросидем, садои тараққоси дар, афтодани чизе чун садои тир ба гӯшамон мерасид. Баъди ҳафтае ба ҳаёти ором одат кардем. Зиндагии сахту сангин оғоз гардид. Хумори дӯстони қадрдон, хумори манзил мегирифт. Дар зодгоҳамон худро бегона мепиндоштем. Гуреза, гуреза. Куҷое равем, моро гӯё ин вожа таъқиб мекард…
Ҳеҷ кас парвои моро надошт. Ҳама бо ташвишҳои зиндагии хеш овора буданд ин ҳолатҳо мақоли «ҳар кас аз худаш намонад» -ро зуд- зуд ба ёдамон меовард».
Моро на ҷой кореву на муттакое буд. Дар чорсӯи зиндагӣ лолу ҳайрон мондем. Зимистон торафт наздик мешуд, сардиҳои онро мо бештар эҳсос мекардем.
Ба замми ин ҳар рӯз хабарҳои аз якдигар машуштаре ба гӯш мерасиданд: «ҷиҳози хонаро дуздидаанд. Хонаро яроқбадастон ғасб кардаанд. Бароятон дигар роҳи бозгашт нест». Ин ҳамаро шунида, боз моро яъсу ноумедӣ фаро мегирифт. Акнун дигар ба гуфтори бузургон аз қабили «Поёни шаби сияҳ сафед аст», бовар намекардем, зеро шоми моро гӯё поёне набуд.
Зимистон меғурриду мешӯрид. Абрҳои сияҳ чун селаи зоғон ба як ҷо ҷамъ омада, «таҳдид» мекарданд…
Рӯзе дари ҳавлии моро кӯфтанд. Бо баробари кушодани дар овози шиносу меҳрборе шунида шуд.
- Канӣ шумоён?
Сар аз хона бароварда, чеҳраи хандону ошно, дӯсти деринаам – Гулсараро, ки солиёни дароз дар Қӯрғонтеппа ҳамкорӣ мекардем, дидам. Дар як он ҳама яъсу ноумедӣ чун абри баҳорон пароканда шуду даричаи дилҳоямон сӯи дӯстони ҷонӣ кушода гардид ва мо гарм суҳбате доштем. Ҳамин тавр шаб рӯз шуду рӯз бегоҳ.
Тамоми шаб бо ҳамдигар ғами дил гуфтем, саҳфаҳои гузаштаи рӯзгор варақагардон шуданд. Гиристему хандидем, хандидему гиристем. Вақти бошгашти дӯстон ҳам фаро расид . – Ҳоло Гулсара мераваду бо ғамҳои худ танҳо мемонам, - андешидам ман.
Гулсара ба рӯям синчакорона нигоҳ карда, авзои маро фаҳмид магар, кӣ:
- Муаллима, мо бояд аз ҳоли ҳамдигар бохабар бошем. Ин ҳама мушкилот мегузаранду рӯзҳои нав мерасанд. Хонаи дилҳоямон боз чароғон мешавад. Вале Шумо ҳаргиз таслим нашавед. Охир Шумо аз душвориҳо наметарсед, ҷасуред. Мо дастаҷамъона ин ҳама мушкилотро бартараф месозем. Муҳимаш, аз назди ҳамдигар бепарво нагузарем, - гуфту бастаеро, ки бо худ оварда буд, аз лаби тоқчаи хона гирифта кушод. Аз он гулбаргҳои коғазӣ рӯи хона рехтанд.
Гӯё рӯи хонаи ман баякбора баҳореро мемонд, ки дар фарши он гулҳои мехак, лола, бунафша, раъно, садбарг шукуфта буданд. Ман дар оғӯши баҳор ва чамани гулҳои аз якдигар зеботар ба рӯи Гулсара суоломез чашм дӯхтам.
- Ман ин гулбаргҳоро аз коғази махсус буридам, - гуфт ӯ. – Ин гулбаргҳоро ба ана ин шохаҳои сабз ҳамоил кунед, гулдастаи зебое ҳосил мешавад. Гулҳоро фурӯшед барои зиндагӣ харҷ кунед. Охир «зиндагии чароғ ва равған аст», мегӯянд. Баъд занг занед, боз меорам.
Гулсара дар чиллаи зимистон ба хонаи ман баҳор оварду худ рафт. Ман сӯи гулҳо дуру дароз дида дӯхтам: чӣ зебову нотакрор!
Рӯи ҳавлӣ зимистон тахти салтанат ба даст гирифта, селоби шӯру қиёми худро ба сари долу дарахтон мерехт. Аммо хоначаи хурдакаки ман дар оғӯши баҳор буд. Ин лаҳзаҳо беихтиёр ба хотирам байте расид.
Гар набошад шаб ба қадри рӯз кай мо мерасем,
Ҳам ба қадри шамъи худафрӯз кай мо мерасем.
Гар набошад одамиро душманӣ дар зиндагӣ,
Ҳам ба қадри дӯстони ҷонсӯз кай мо мерасем?
Ман рӯи хона байни гулҳо нишаста, ба сохтани дастагулҳо шурӯъ кардам. Хотираҳо варақгардон гардиданд. Саҳифаҳои рангини он беихтиёр пеши назар омад.
Гулсара Бобоеваи ҳанӯз ҷавон дар мактаби миёнаи рақами №29-и собиқ ноҳияи Коммунистӣ (ҳоло Бохтар) мактабе, ки сарварии онро ман ба ӯҳда доштам, аз фанни кимиё дарс мегуфт. Бо кӯдакони хурдсолаш ба ҳама кор вақт меёфт.
Обчакории вай аз ҳама пеш ҳосил медод. Бодирингу картошка, помидору карами барвақтӣ барвақт мерасид. Тамоми зимистон гашничу пиёз дар обчакории Гулсара нашъунамо мекард. Лимӯву афлесун бошад дар гармхонааш нашъунамо доштанд. Ҳунарҳои ӯ ҳадду канор надоштанд. Дар хонадорӣ низ мумтоз буд. Мо, омӯзгорон ҳамеша аз Гулсара илҳом мегирифтем. Ана бубинед, дар давраи ҷангу ҷидолҳои шаҳрвандӣ низ дар муҳоҷират (Гулсара муваққатан ба Хуҷанд кӯчида буд) ҳисобашро ёфтааст.
Ҳаққонӣ вай ба исмаш мувофиқ аст. Ман дастагулҳоро тайёр мекардаму хаёлан дар Қӯрғонтеппа сайр доштам ва чеҳраҳои дӯстони ҷонӣ- Раъно, Ашӯрбӣ, Нина, Муҳаррама, Гулнора пеши назар меомад.
Дастагулҳо тайёр шуданд. Онҳоро ба тубакҳои пласмасӣ васл карда, рӯи токҳо гузоштам.
Ҳар гоҳ меҳмоне аз дар дарояд, бо баробари дидани гулҳо ба дасти сеҳрофарини созандаи он аҳсант мехонд. Ҳамсояҳои дуру наздик бошад, ҳангоми тӯю маъракаҳояшон бархе аз онҳоро мебурданду баъди анҷоми корҳояшон бармегардониданд. Ҳар замон баъзе дӯстон нархи гулҳоро аз ман мепурсиданд:
- Гули бисёрро чӣ мекунед?
- Ба мо мефурӯшед, - илтимос мекарданд онҳо.
Ман бошам ҳарчанд бечораҳолона умр ба сар мебурдам, гулҳоро нафурӯхтам. Кайҳост бо Гулсара вонахӯрдаам. Мегӯянд, ки ҳоло ӯ бо пайвандонаш боз дар Қӯрғонтеппа зиндагӣ дорад. Намедонам вай аз назди ҳавличаи нозанини ман мегузашта бошад? Манзили ҷавонии ман дар чӣ ҳол бошад? Мехоҳам ӯро бубинам ва бигӯям: – Гулсараи азиз, дар душвортарин марҳилаҳо гулҳоят бо ман буданд. Ҳанӯз ҳам онҳо хонаи моро оро медиҳанд. Ман дар лабханди гулҳо чеҳраи малеҳи ту ва рӯи фариштахисоли дӯстони худро мебинам. Бо онҳо чун бо ҷисми зинда гуфтугӯ мекунам. Гулҳои ту маро бо гузаштаи дур ниҳоят наздик мепайванданд. Онҳо дар душвортарин лаҳзаҳо бо ман буданд. Зебоии нотакрори онҳо дар гӯшаҳои ториктарини ниҳонхонаи дил чароғаке меафрӯхтанд ва ин чароғак раҳнамо шуду даричаи дили маро ба пешвози тулӯи офтоб кушод.
Дӯсти азизам, ин қиссаро тирамоҳи соли 2006 дар дашти лабташнаи «шаҳрак»-и Сомониён рӯи коғаз овардам. Воқеан ту ҳанӯз ин манзили моро медонӣ. Ману ҳамсарам аз дашти лабташна (барои он лабташна меноманд, ки ин ҷо оби равон нест) каме хонаҷо гирифта, рисолати инсонии хеш ба ҷо овардем. Ҳар ду бо фарзандон дастӣ об кашонида, ҳавлӣ бунёд кардем, ҳоло ин ҷо дарахтони навбари зардолу, чормағз, анор, шафтолу, олу нашъунамо доранд. Ҳар як дарахти мо номи яке аз дӯстонро дорад, медонӣ? Яке аз он дарахтони боғи мо, ки ба гармову сармо тобовар аст, дорад, Гулсара! Ана ҳамин тавр моҳи октябр фарҷоми ин қиссаро менавиштам. Аз шамолаки форами тирамоҳ навниҳолони ман маҳин –маҳин баргҳои ба сурхӣ ҳамоили худро ҷунбонида мерақсиданд. Ман ҳар замон аз навиштан боз истода, мафтуни ҷамолашон, аз паси оинаи тиреза онҳоро тамошо мекардам. Ҳамин лаҳза дарвоза кӯфта шуд. Онро кушодам. Боварам немеояд.
- Хайриддин! Рӯ ба рӯи ман дӯсти қадрдон аз Қӯрғонтеппа, ҳамкасбу ҳамкори содиқ меистод. Вай ҳоло мансаби баланд дорад, ниҳоят серкор аст. Вале гузораш чун ба Исфара расид, маро фаромӯш накард. Дидорбинӣ омад ва ман дар сӯҳбати ӯ гӯё боз ба Қӯрғонтеппа баргаштам, аз чеҳраи он шаҳри дилоро ёди дӯстони ҷонӣ хумори дил шикастам. Ҳаққо, ки шоир мегӯяд:
Обро аз рӯшноӣ кун қиёс.
Дӯстонро бо нигоҳи дил шинос.

САБОҲАТ САТТОРОВА
Похожие новости:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Варзиш / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019