Бойгонӣ
Октябрь 2026 (23)
Сентябрь 2026 (26)
Июль 2026 (25)
Июнь 2026 (33)
Май 2026 (43)
Апрель 2026 (27)

Як хиёбон дард

Ману ту як хиёбон дард дорем,
Ману ту қисмати номард дорем.
Ману ту чун ниҳоли зери соя
Парешонему ранги зард дорем.
Ману ту аз зимистони ҷудоӣ
Бакафоварда оҳи сард дорем.
Ману ту як алам, як сӯз, як оҳ,
Ману ту як хиёбон дард дорем.

Садриддин Ҳасанзод
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019