Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!
ЗАБОНИ МОДАРӢ
Эй забони тоҷикӣ, дурри дарӣ,
Порсиро порсоӣ гавҳарӣ,
Зинати девону зеби минбарӣ,
Нурафшон офтоби Ховарӣ,
Бо ту гӯяд, гар сухан гӯяд парӣ, *
Ҷовидон зӣ, эй забони модарӣ!
Реша дорӣ дар замини Усту Занд**,
Дар Бухоро, Балху Хатлону Хуҷанд,
Сарбасар андешаву андарзу панд,
“Парниёниву ҳаририву паранд”, ***
Гавҳари якдонаиву ном чанд,
Ҷовидон зӣ, эй забони модарӣ.
Рӯдакӣ асли туро пардоз кард,
Шеъри оламгирро оғоз кард,
Он ҳакими Тус сад эъҷоз кард,
Бо ту Мавлоно пари ҷон боз кард,
Саъдию Ҳофиз ба ҳуснат ноз кард.
Ҷовидон зӣ, эй забони модарӣ.
Зеби “Донишнома”-и Сино шуда,
Файзи Берунӣ зи ту дарё шуда,
Илми Хоразмӣ ба ту маъно шуда,
Чун даре бар рӯйи олам во шуда,
Ҷумла кайҳон дар вуҷудат ҷо шуда,
Ҷовидон зӣ, эй забони модарӣ!
Сад ситора дар фалак бо номи туст,
Боми гардун гӯиё худ боми туст,
Дар кафат Хуршеди гардон ҷоми туст,
Гардиши айём ҳам бар коми туст,
Дар Замони Бекарон ороми туст,
Ҷовидон зӣ, эй забони модарӣ!
“Хоки Ҳиндустон зи Бедил дил гирифт”, ****
Вориси ту минбару маҳфил гирифт,
Домани ту муршиди комил гирифт,
Тоҷ бар сар аз ту ҳар оқил гирифт,
Дар Сурайё шуҳратат манзил гирифт.
Ҷовидон зӣ, эй забони модарӣ.
“Гарчи ҳиндӣ дар узубат шаккар аст,
Тарзи гуфтори дарӣ ширинтар аст”*****
Ҳазрати Иқбол бар ин бовар аст,
Он ки сад эҳё ба шеъраш музмар аст,
Дар каломаш ҳикмати пайғамбар аст.
Ҷовидон зӣ, эй забони модарӣ!
Эй забони тоҷу аврангу ҳунар,
Эй забони донишу фарҳангу фар,
Эй забони ваҳдати аҳли башар,
Эй забони кору пайкору зафар,
Аз балоҳо ҳастии моро сипар.
Ҷовидон зӣ, эй забони модарӣ.
Бо ту Айнӣ “Марши озодӣ” суруд,
Гуфт Турсунзода бар олам дуруд,
Мавҷи Ому васл шуд бо Зиндарӯд,
Гаштаӣ фарҳанги навро тору пуд,
Эй нишони ҳастию рози вуҷуд,
Ҷовидон зӣ, эй забони модарӣ.
Дар ту бошад асли истиқлоли мо,
Бар фалакҳо шаҳпару шаҳболи мо,
Шоҳиди фардои некуфоли мо,
Ёвари иқболу истиқболи мо,
Саргузашти шашҳазоронсоли мо,
Ҷовидон зӣ, эй забони модарӣ.
--------------------------
*Чу бо одамӣ ҷуфт гардад парӣ,
Нагӯяд парӣ ҷуз ба лафзи дарӣ. (Абушакури Балхӣ)
**Авесто ва шарҳи он.
***Се нагардад бирешим, ар ӯро
Парниён хонию ҳариру паранд. (Ҳотифи Исфаҳонӣ)
****Мисраъ аз устод Лоиқ Шералӣ.
***** Байти Иқболи Лоҳурӣ.
Рустам Ваххоб
Добавить комментарий
Ахбор
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд



