Бойгонӣ
Сентябрь 2026 (15)
Июль 2026 (25)
Июнь 2026 (33)
Май 2026 (43)
Апрель 2026 (27)
Март 2026 (12)

Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд

Дар шаҳри Бохтар ҷамъоварии ҳосили пахта вусъати тоза гирифта, нақшаи пешбинишудаи ҷамъоварии «тиллои сафед» иҷро гардид. Иҷрои дурнамои ҷамъоварии пахта дар шаҳри Бохтар миёни шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилояти Хатлон аввалин ба ҳисоб меравад.

Кишоварзони шаҳр бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ва ташкили дурусти корҳои саҳроӣ то имрӯз 480 тонна пахта ҷамъоварӣ намудаанд. Ин нишондиҳанда аз меҳнати софдилонаи пахтакорон, саҳми хоҷагиҳои деҳқонӣ ва фаъолияти муташаккилонаи масъулини соҳаи кишоварзӣ дарак медиҳад.

Мувофиқи иттилои масъулин, бо вуҷуди иҷро шудани нақша, ҷамъоварии пахта дар заминҳои кишоварзии шаҳр идома дорад. Айни ҳол дар саҳро ҳосили фаровон мавҷуд буда, пахтакорон ният доранд то пурра ҷамъоварӣ шудани кӯракҳои боқимонда корҳои саҳроиро бо суръати баланд идома диҳанд.

Барои беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили боқимонда тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида, масъулин ва кишоварзон саъй доранд ҳар килограмми пахтаи дар саҳро мавҷудбуда сари вақт ҷамъоварӣ карда шавад.

Ҷамъоварии ҳосили пахта яке аз самтҳои муҳими фаъолияти кишоварзӣ дар вилояти Хатлон ба шумор рафта, иҷрои пеш аз муҳлати дурнамо дар шаҳри Бохтар натиҷаи меҳнати кишоварзон ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои пешбурди корҳои саҳроӣ мебошад.

Пахтакорони шаҳри Бохтар тасмим доранд маъракаи ҷамъоварии ҳосилро то ҷамъоварии пурраи пахтаи боқимонда идома дода, саҳми худро дар рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ бештар намоянд.

С. СУЛТОНОВ
Похожие новости:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Варзиш / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019