Бойгонӣ
Октябрь 2026 (23)
Сентябрь 2026 (26)
Июль 2026 (25)
Июнь 2026 (33)
Май 2026 (43)
Апрель 2026 (27)

Гавҳари зиндагӣ

Хонаро шуд зиннати шоҳона зан,
Баҳри дилро гавҳару дурдона зан.
Осмонро бошад ӯ хуршеди пок,
Марди танҳоро бувад ҷонона зан.
Зиндагиро бо нигоҳаш мекунад,
Дилкушо, чун олами афсона зан.
Бетамизонро ба дарси ишқи худ,
Бас намуда оқилу фарзона зан.
Мефарояд моҳ гӯйи з-осмон,
Мебарояд ҳар гаҳе аз хона зан.
Маст месозад туро бо лутфи худ,
Ончунон бе бодаву паймона зан.
Пеши пояш мебарам сарро фуруд,
Бори дунё мекашад мардона зан.
Бо ду дасти гулшинону гулпараст,
Мекунад обод ҳар вайрона зан.
Шоирӣ дард аст охир, дарди ишқ,
Садри моро мекунад девона зан.

Садриддин Ҳасанзод
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019