Бойгонӣ
Октябрь 2026 (19)
Сентябрь 2026 (26)
Июль 2026 (25)
Июнь 2026 (33)
Май 2026 (43)
Апрель 2026 (27)

ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД

ХАТЛОН, 7 октябр. Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо раисони шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Восеъ, Муъминобод, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Балҷувон, Ҷалолиддини Балхӣ, Данғара, Панҷ, Кӯшониён, Ёвон, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Қубодиён суҳбати телефонӣ анҷом дода, масъалаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодии вилоятро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зимни суҳбатҳо масъалаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз мавзӯъҳои асосӣ буд. Раиси вилоят ба роҳбарияти шаҳру ноҳияҳо дастур дод, ки ҷиҳати иҷрои пурраи нақшаи даъват корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташкилиро вусъат бахшида, бо ҷалби масъулони дахлдор раванди даъвати ҷавононро таҳти назорати доимӣ қарор диҳанд.
Таъкид гардид, ки иҷрои саривақтии нақшаи даъват аз масъулияти баланди роҳбарони шаҳру ноҳияҳо, сохторҳои дахлдор ва комиссияҳои даъватӣ вобастагӣ дошта, дар ин самт бояд тамоми чораҳои зарурӣ амалӣ карда шаванд.
Дар идомаи суҳбат масъалаи иҷрои дурнамои истеҳсоли пахта низ баррасӣ гардид. Бо назардошти аҳамияти соҳаи пахтакорӣ дар рушди иқтисоди вилоят, ба масъулон супориш дода шуд, ки барои ҷамъоварии саривақтӣ ва пурраи ҳосили пахта, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда ва иҷрои нишондиҳандаҳои пешбинишуда тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.
Раиси вилояти Хатлон аз роҳбарони шаҳру ноҳияҳо талаб намуданд, ки раванди ҷамъоварии ҳосили пахтаро зери назорати ҷиддӣ гирифта, барои истифодаи самараноки техника ва захираҳои мавҷуда, инчунин ташкили босифати корҳои саҳроӣ чораҳои амалӣ андешанд.
Ҳамчунин, дар суҳбатҳо масъалаи омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифт. Ба масъулон супориш дода шуд, ки барои таъмини фаъолияти муназзами соҳаҳои иҷтимоӣ, муассисаҳои маорифу тандурустӣ, корхонаҳо ва дигар иншооти ҳаётан муҳим дар давраи зимистон корҳои омодагиро сари вақт ба анҷом расонанд.
Аз ҷумла, таъмини муассисаҳо бо сӯзишворӣ ва маводи зарурӣ, омодасозии шабакаҳои барқу гармидиҳӣ, захираи маводи ғизоӣ ва дигар тадбирҳои марбут ба зимистонгузаронӣ бояд дар муҳлатҳои муқарраршуда иҷро карда шаванд.
Раиси вилояти Хатлон ба раисони шаҳру ноҳияҳо дастуру супоришҳои қатъӣ дода, таъкид намуданд, ки иҷрои масъалаҳои зикршуда бояд дар муҳлатҳои муайянгардида таъмин гардида, ҷараёни корҳои анҷомдодашуда мунтазам назорат карда шавад.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон
Похожие новости:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Варзиш / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019