Бойгонӣ
Октябрь 2026 (5)
Сентябрь 2026 (26)
Июль 2026 (25)
Июнь 2026 (33)
Май 2026 (43)
Апрель 2026 (27)

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД


БОХТАР, 2 октябр. Дар вилояти Хатлон маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, нақшаи даъват дар рӯзи аввали он 76 фоиз иҷро шуд.
Ба ин муносибат имрӯз дар маркази вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар — бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид чорабинии тантанавии «Рӯзи даъватшаванда» баргузор гардид.
Субҳи имрӯз дар саҳни комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон маросими гусели наваскарон баргузор шуда, сипас ҷавонони даъватшуда бо парчамҳои давлатӣ ва шиорҳои ватандӯстона ба варзишгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав омаданд.
Дар чорабинии асосӣ намояндагони мақомоти давлатӣ, сохторҳои қудратӣ, собиқадорони хизмати ҳарбӣ, падару модарон, ҷавонон ва фаъолони ҷомеа иштирок карданд.


Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни суханронӣ ҷавонони ба хизмати ҳарбӣ сафарбаршударо ба муносибати оғози марҳилаи нави ҳаёташон табрик намуда, таъкид карданд, ки ҳифзи Ватан яке аз вазифаҳои муҳими шаҳрвандӣ мебошад.
Ба гуфтаи раиси вилоят, хизмати ҳарбӣ барои ҷавон мактаби муҳими обутоби ҷисмонӣ ва маънавӣ буда, дар ташаккули интизом, масъулиятшиносӣ, ҷасорат ва садоқат ба давлату миллат нақши муҳим мегузорад.
Таъкид гардид, ки маъракаи имсолаи даъват дар соли таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Истиқлол, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ арзишҳое мебошанд, ки ҳифзи онҳо аз ҳар як шаҳрванди кишвар масъулияти баланд талаб менамояд.
Дар ин замина ба ҷавонон тавсия дода шуд, ки давраи хизмати ҳарбиро самаранок истифода бурда, донишҳои ҳарбӣ аз худ намоянд, интизоми хизматиро риоя кунанд ва бо рафтору фаъолияти шоиста номи неки хонавода ва зодгоҳи худро баланд бардоранд.
Зимни суханронӣ ба нақши падару модарон низ таъкид шуда, аз онҳо барои тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва омодагӣ ба иҷрои қарзи шаҳрвандӣ изҳори сипос карда шуд.
Ҳамзамон, ба масъулони шаҳру ноҳияҳо, комиссариатҳои ҳарбӣ ва сохторҳои дахлдор супориш дода шуд, ки раванди даъвати тирамоҳиро дар доираи қонунгузорӣ, бо риояи шаффофият ва эҳтироми ҳуқуқу шаъну шарафи шаҳрвандон идома диҳанд.
Дар идомаи чорабинӣ барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандону сарояндагони вилояти Хатлон баргузор гардид. Сурудҳои ватандӯстона ва саҳнаҳои театрикунонидашуда ба маросими гусели ҷавонон ҳусни дигар бахшиданд.


Сипас, бо риояи анъанаҳои миллӣ маросими «нонгазон» баргузор шуд. Модарон ва гулдухтарон ба наваскарон рӯймолча супорида, онҳоро бо дуои нек ба хизмати Ватан гусел карданд.
Ҷавонони сафарбаршуда акнун ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста, барои адои хизмати ҳарбӣ ва иҷрои содиқонаи вазифаи шаҳрвандии худ омодагӣ мегиранд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон
Похожие новости:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Варзиш / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019