Бойгонӣ
Октябрь 2026 (3)
Сентябрь 2026 (26)
Июль 2026 (25)
Июнь 2026 (33)
Май 2026 (43)
Апрель 2026 (27)

МАРДИ МЕҲНАТ

Истиқлол гаронарзиштарин неъматест, ки тули таърих насиби миллати тоҷик гардидааст. Маҳз бо шарофати истиқлол тамоми гӯшаву канори Ватан, аз ҷумла ноҳияи Вахш, ободу зебо гардида, сатҳи рӯзгори ҳамватанон рӯ ба беҳбудӣ овард. Дар ҳамин ноҳияи шуҳратёр, дар деҳаи Рӯзободи Ҷамоати шаҳраки Зарнисор Қувваталӣ Файзов 10-уми марти соли 1960 чашм ба олами ҳастӣ кушод.
Агар зиндагиномаи ин марди равшанзамир ва меҳнатқаринро саҳифагардон намоем, аслан гузаштагони ӯ аз деҳаи Ҳашари мавзеи Сарихосори ноҳияи Балҷувон буданд. Ин диёр бо табиати афсункор, обҳои поку зулол, кӯҳҳои сарбаафлок, бахусус «Шаршараи Сарихосор», берун аз ҷумҳурӣ низ маълуму машҳур мебошад. Бошандагони деҳаи Ҳашари Сарихосор солҳои 50-уми асри ХХ ба водии Вахш муҳоҷир шуда, ин водиро бо заҳмати сангин аз чӯлистон ба гулистони ҳақиқӣ табдил доданд. Тули ин солҳо аз оби Вахши зарбахш ва меҳнати фидокоронаи мардум ин мавзеъ ба макони истеҳсоли пахтаи маҳиннаху миёнанах, меваҳои шаҳдбор ва сабзавоти тару тоза табдил ёфт. Дар истеҳсоли ин намуди маҳсулот саҳмдорони кооперативи истеҳсолии «Файз» аз Ҷамоати шаҳраки Зарнисор (собиқ ба номи Киров)-и ноҳияи Вахш ҳиссаи сазовор гузоштанд, ки дар ин пешравиҳо роҳбари хоҷагӣ, марди фидоии меҳнат Қувваталӣ Файзов мақоми арзанда дорад.
Падари Қувваталӣ Файзов Ҳайдаралӣ Файзов деҳқони асил ва паҳлавони номӣ буд. Дар маъракаҳои мардумӣ, ҷашни Наврӯз ва дигар чорабиниҳо мусобиқаи гӯштингирӣ сурат мегирифт, ки Ҳайдаралии паҳлавон аксаран пирӯз мегардид. Ин фазилати падар ва корномаи ӯ ба ҷавонон, хоса фарзандон, сабақомӯз буд. Модараш Мавҷигул Файзова зани ботамкин, ҳунарманд ва дастархондор буд.
– Соли 1976 мактаби миёнаи рақами 22-и ноҳияи Вахшро хатм кардам. Аз масофаи зиёда аз 3 километр пиёда ба мактаб меомадем. Дурии роҳ ва машаққати он бароямон сангин буд. Имрӯз мо бояд шукронаи мактабҳои замонавӣ, роҳҳои обод, зиндагии арзанда ва пеш аз ҳама, соҳибистиқлолии Ватан ва Президенти маҳбуби кишварро намоем.
Аз устодонам Акрам Суфиев, Лутфулло Маҳмадшоев, Маҳмадқул Муродов ва чанде дигарон миннатдорам. Онҳо, воқеан, муаллимони асил буданд. Дар дили мо шуълаи илму дониш ва меҳру муҳаббат ба меҳанро фурӯзон карданд, – бо эҳтиром ба устодон ва соҳибистиқлолии Тоҷикистон андеша баён кард Қувваталӣ Файзов.
Соли 1976 ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи агрономии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур супорид, вале дар имтиҳон холи умумии ӯ нарасид, зеро довталабон аз ҳад зиёд буданду интихоби донишҷӯён аз ҳисоби довталабон талаботи ҷиддиро тақозо дошт. Бо вуҷуди ин руҳафтода нашуд ва ҳуҷҷатҳояшро ба совхоз-техникуми ба номи Куйбишев (ҳоло ба номи Файзалӣ Саидов) супорида, соли 1980 факултаи агрономиро бомуваффақият хатм кард.
Солҳои 1980–1982 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ дар шаҳри Актюбински Ҷумҳурии Қазоқистон хизмати Ватан - Модарро содиқона иҷро намуд. Писари паҳлавони номӣ ҳангоми хизмат ҳам дар гӯштин ва ҳам дар вазнбардорӣ худро нишон дода тавонист. Ӯ дар яке аз мусобиқаҳои бонуфуз миёни аскарон вазни 120 килограммро бардошта, пирӯзӣ ба даст овард.
Аз соли 1999 то имрӯз 27 сол боз роҳбари кооперативи истеҳсолии «Файз» буда, ба нишондиҳандаҳои баланди меҳнатӣ ноил гардидааст. Имрӯз бошад, майдони умумии кооперативи истеҳсолӣ 70 гектарро ташкил медиҳад. 300 нафар саҳмдорон тули ин солҳо аз файзу баракати замин зиндагии худро ба сомон оварданд.
Аз ҷониби дигар, аз ҳисоби хоҷагидорӣ дар ободонии деҳа, бунёди мактаб, сангфаршу мумфарш кардани роҳҳо ва бунёди бинои чойхонаи замонавӣ саҳми арзанда гузошт.
Воқеан, ташрифи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Вахш ва гузоштани санги асоси муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 73, боздид аз корҳои хоҷагидорӣ, ҳидояту роҳнамоии Пешвои муаззами миллат ба дили сокинони маҳал, бахусус саҳмдорони кооперативи истеҳсолии «Файз»-и Ҷамоати шаҳраки Зарнисори ноҳияи Вахш неруи тоза бахшид.
Бунёди бинои нави мактаб иборат аз 12 синфхона (соли 2003), мумфарш кардани 2,5 километр роҳҳои байнидеҳаҳо, бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин кардани сокинони деҳаи Рӯзобод ва дар ин деҳа бунёд намудани чойхонаи замонавӣ бо дастгирии бародараш, соҳибкори муваффақ Муроди Файз ва дигар амалҳои нек барои беҳбудии рӯзгори ҳамватанон ва муҳайё намудани шароити кору зиндагӣ Қувваталӣ Файзовро миёни мардум соҳибэҳтиром гардонд.
Боиси сарфарозӣ мебошад, ки имрӯз дар дабистон 440 толибилм таҳсил карда, ба онҳо 36 нафар омӯзгорон сабақ медиҳанд. Имрӯз ҳам Қувваталӣ Файзов бо ҷонибдорӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дабистон омада, бо устодон суҳбату мулоқоти самимона анҷом медиҳад ва ёрию мадади хешро аз мактаб, устодону толибилмон дареғ намедорад.
Аз ҷониби дигар, марҳилаи бунёдкорӣ зина ба зина идома ёфта, мумфаршкунии роҳ ба 4 километр расонида шуд. Аз ин ҳама накукориҳо сокинони маҳал, пеш аз ҳама, аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосгузоранд, ки соҳибкорон, хоҷагидорон ва шахсони хайрхоҳу ватандор аз иқдомҳои бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат ҷонибдории комил менамоянд.
Кооперативи истеҳсолии «Файз» имрӯз низ ҳамчун мактаби таҷрибаи пешқадам эътироф гардида, дар рушди соҳаи кишоварзӣ саҳмгузор мебошад. Роҳбарии дурусту оқилона саҳмдоронро ба ҳадаф расонд ва нишондиҳандаҳо дар оянда боз ҳам беҳтар хоҳанд шуд. Ҳам бунёдкориҳо вусъат меёбанд, ҳам истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзун мегардад. Қувваталӣ Файзов ва саҳмдорони хоҷагиаш азми комил доранд, ки дар ободонии ин гӯшаи диёр ва таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми назаррас гузоранд.

Шералӣ Саидзода,
н. Вахш
Похожие новости:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Варзиш / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий