Бойгонӣ

АНҶИРШАФТОЛУ


                                                                                              =Маслиҳатҳои муфид=

Анҷиршафтолу аз меваҳои хушлаззате мебошад, ки ба мустаҳкамсозии иммунитет, бартарафсозии дилбеҳузурӣ (барои занони ҳомила), бартарафсозии вазни зиёдатӣ мусоидат менамояд. Ин меваи нодир барои табобати мӯйи сар, пӯст ва иллатҳои нохун фоидабахш аст. Истеъмоли шафтолу барои кӯдакони аз 2 сола боло тавсия дода мешавад.

Анҷиршафтолу дар баробари фоидабахши инчунин хусусияти аллергетикӣ низ дошта, баъзе одамон аз истеъмоли ин мева гирифтори варами лабу даҳон ва гулӯ мешаванд, ё ин ки дар баъзе одамон баъди истеъмоли анҷиршафтолу хориши бадан эҳсос мешавад. Истеъмоли ин мева ба беморони диабети қанд низ тавсия дода намешавад.


Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019