Бойгонӣ
Октябрь 2026 (48)
Сентябрь 2026 (26)
Июль 2026 (25)
Июнь 2026 (33)
Май 2026 (43)
Апрель 2026 (27)

БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ


ЛЕВАКАНТ, 30 октябр. Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба шаҳри Левакант бо рафти корҳои сохтмонии бинои нави таълимӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6, воқеъ дар деҳаи Гурдондеҳ, шинос гардиданд.
Бо мақсади беҳтар намудани шароити таълиму тарбия, таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ ва таъмини хонандагон бо ҷойи нишасти иловагӣ дар назди муассисаи мазкур сохтмони бинои нави таълимӣ ба нақша гирифта шудааст.
Бинои нав дуошёна буда, аз 16 синфхона иборат мебошад ва барои 840 ҷойи нишаст дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Арзиши умумии лоиҳа 6,2 миллион сомониро ташкил дода, маблағгузории корҳои сохтмонӣ аз ҷониби сокинони ватандӯсти деҳа ва оилаи Икромовҳо ба зимма гирифта шудааст.
Лоиҳаи бино аз ҷониби ҶДММ «Хатлон лоиҳасоз» таҳия гардида, дар он тамоми шароити зарурӣ барои баргузории машғулиятҳои таълимӣ ва фароҳам овардани муҳити мусоиди омӯзишӣ ба назар гирифта шудааст.
Зимни боздид раиси вилояти Хатлон ба аҳаммияти бунёди чунин иншооти иҷтимоӣ дар рушди соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароити муносиб барои таҳсили насли наврас таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
Таъкид гардид, ки бунёди синфхонаҳои иловагӣ барои бартараф намудани норасоии ҷойи нишаст, зиёд намудани имконияти қабули хонандагон ва беҳтар гардидани шароити фаъолияти омӯзгорон мусоидат хоҳад кард.
Ҳамзамон, саҳми сокинони деҳаи Гурдондеҳ ва оилаи Икромовҳо дар бунёди иншооти таълимӣ намунаи ибратбахши ташаббусҳои созандаи аҳолӣ дар самти ободонии маҳал ва рушди соҳаи маориф арзёбӣ мегардад.
Бояд гуфт, ки ҷалби сокинон ва соҳибкорони ватандӯст ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, бахусус дар самти сохтмони муассисаҳои таълимӣ, барои фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил ва тарбияи насли донишманду соҳибмаърифат заминаи муҳим мегузорад.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон
Похожие новости:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Варзиш / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019