НАВРӮЗ - ҶАШНИ СОЗАНДАВУ СУЛҲОВАР

Ҷашни миллӣ 


     Наврӯз ҷашни қадимӣ ва анъанавии мардумони ориёитабор аст, ки ба рӯзи аввали солшумории шамсӣ - 1-уми аввали ҳамал ё 21-уми марти солшумории мелодӣ рост меояд. Наврӯзро дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон «Иди сари сол» низ меноманд. Таърихи ташаккули Наврӯзро бо эҳё гардидани табиат дар баҳорон, ки пас аз зимистон фаро мерасад, вобаста медонанд. Он дар Суғду Хоразм ба гунаҳои Навасорд ва Навасорҷӣ, яъне ба маънои «Соли нав» омада, дар забони яғнобӣ «Навасол» мегӯянд. Бояд гуфт, ки маншаъ ва замони пайдоиши Наврӯз ба дурустӣ маълум нест. Аммо ин ҷашн таърихи беш аз 6000-сола дошта, куҳантарин оини миллӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад.

«Наврӯзро дар замони шӯравӣ то ҷое мамнӯъ карданд»

Таърихнигори шинохтаи тоҷик Ҷонибеки Асрориён дар такя ба суханони устод С. Айнӣ чунин андеша дорад, ки Наврӯз дар мардуми мо то андозае дар ҳудуди имрӯзаи кӯҳистони Тоҷикистон ва Самарқанду Бухоро аз даврони Амир Музаффар шурӯъ шуда, давоми як моҳ ҷашн гирифта мешудааст. Баъдан, дар давраи Амир Абдулаҳад 15 рӯз буд ва дар давраи Амир Олимхон низ ин ҷашнвора ба назар мерасид. Наврӯз дар Кармина, Бухоро, Самарқанд ва дар дигар ақсои олам ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз як ҳафтаи ҷашнгирӣ мардум ба сайру гашт мебаромаданд. Ба ғайр аз ин, дар замони шӯравӣ ба Наврӯз сифатҳои динӣ доданду њамзамон як андешаи сиёсие низ буд, ки мо - мардум таърихи қадима надорем, бесавод ҳастем ва барои ҳамин ҷашни Наврӯз, ки худ сарорсар савод асту донишу фарҳанг ва бузургиҳои зиёд дорад, онро то андозае мамнӯъ карданд. Дар баробари ин ҷашн бисёр намунаҳоеро, ки ба худшиносии миллӣ мебурд, аз байн бурдан хостанд. Масалан, дар давраи арабҳо Наврӯзу дигар ҷашнҳоро аз байн бурданд, ба хотире, ки одам гузаштаашро ба хотир наорад. Агар ҳар қавме, ки гузаштаашро то андозае дар хотир дошта бошад, албатта аз таъриху тамаддунаш ёд мекунад. Барои ҳамин ҳам ҷашни Садаву Наврӯз, ҳам Меҳргону дигар ҷашнҳое, ки хоси Наврӯз буданд, барҳам дода шуданд.

Ба гуфтаи Ҷ. Асрориён, ин ҷашнҳо ёдраскунандаи таърихи гузашта ҳастанд ва махсусан Наврӯз, ки як дарахти бисёр тануманди фарҳанг аст. Дар замони шӯравӣ барои мо дигар имконияти ҷашнгирӣ набуд, вале мардум дар кӯҳистон ба дигар тарз ҷашн мегирифтанд. Масалан, дар кӯҳистони ҷануб бо номи «Дарвешона» ид мешуд. Мардум ҷамъ меомаданд. Ҳар кадом чизе дошт, гирд меоварданд. Якҷоя қанду нон мехӯрданд ва бозиҳо ташкил мекарданд, аз қабили гӯштину бузкашӣ, тӯббозиву бозиҳои бачагона,- афзуд ӯ.


Дар китобҳои дарсӣ низ дар боби Наврӯз чизе набуд?

Ин таърихнигори тоҷик дар идома гуфт, солҳои 60-ум як идда бузургони мо - силсилаи занҷираи тиллоии интелегенсияи тоҷик тавлид шуданд, ки кӯшиш мекарданд, ба ҳар навъе аз Наврӯз ёд биёранд. ӯ мегӯяд, ҳарчанд дар солҳои 85-86-и қарни гузашта дар заминаи рӯҳияи баланди худшиносӣ Наврӯз аллакай ҷон гирифта буд, вале дар замони истиқлолият он расмият пайдо кард ва мақоми давлатӣ гирифт. «Мо масалан, дар мактабҳо солҳои 60-70-ум дар боби Наврӯз шеър бихонем, сухане бигӯем ё муаллимонамон дар бораи Наврӯз чизе бигӯяд, нест. Қариб ки дар китобҳои дарсӣ низ дар боби Наврӯз чизе набуд. Ҳатто олимонамон низ дар бораи Наврӯз кам менавиштанд. Натанҳо дар бораи ин ҷашн, балки дар бораи Меҳргону Сада низ наменавиштанд», - таъкид кард ӯ.

Муҳаббатшо Қобилов, як сокини ноҳияи Рӯшон дар суҳбат ба мо гуфт, ки ҷашни Наврӯзро аз 10-уми март пешвоз мегиранд ва онро ба забони рӯшонӣ «Остонихтайд» мегӯянд. Мардуми ин ноҳия ба ҳамдигар туҳфаҳо тақдим карда, якдигарро табрик менамоянд. Ҳамчунин, яке аз хусусиятҳои хоси ин ҷашн «тухмҷанг» мебошад, ки онро дар ноҳияи Рӯшон «тахмур таргент» мегӯянд. Яъне бачаҳо ба мурғҳояшон устухонро қима карда медиҳанд, то тухми онҳо сахт шуда, дар мусобиқа ғолиб оянд. Дар баробари ин, бевосита ба хонаи ҳамдигар ба меҳмонӣ меоянд.

Таҷлили Наврӯз дар ҳар минтақаи Бадахшон ба таври хос ҷашн гирифта мешавад. Маҳина ном ҷавондухтар аз Роштқалъа мегӯяд, ки яке аз анъанаҳои наврӯзӣ дар ин ноҳия хонагаштак аст, ки бо забони шуғнонӣ «килоузуз» мегӯянд. Инчунин, дар Наврӯз бачаҳо аз болои бом арғамчинро партофта, чизеро, ки аз соҳибхона талаб кунанд, бояд соҳиби хона ба онҳо туҳфа диҳад. Духтарон бошанд, арғунчакбозӣ мекунанду бачаҳо лахшбозӣ. Одамоне, ки дар дил кибру кин доранд, дар ин ҷашн дилҳои худро аз он тоза менамоянд,-афзуд ӯ.


«Наврӯз на ҷашни мазҳабӣ ва на ҷашни сиёсӣ аст»

- Наврӯз на ҷашни мазҳабӣ ва на ҷашни сиёсӣ, балки як ҷашни табиӣ аст, ки эътидоли баҳорӣ аз он шурӯъ мешавад. Наврӯз ин ҷашни табиат аст. Мо мехоҳем, мулло ё сиёсатмадор мехоҳад намехоҳад, он меояд, чун эътидоли табиӣ аст. Эътидоли табиӣ, яъне баробаршавии шабу рӯз аст. Дар Наврӯз тағйироти кайҳонӣ сурат мегирад, ки ба ин неруи касе намерасад, ба ҷуз аз Худованд, - меафзояд таърихнигор Ҷонибеки Асрориён.


Таҷлили ҷашни Наврӯз дар 13 кишвари ҷаҳон

Тибқи маълумоти расмӣ, Наврӯз ҳоло дар 13 кишвари ҷаҳон ҷашни расмии миллӣ бо рӯзҳои истироҳат ба шумор меравад. Ҳамасола аз 21-ум то 24-уми март дар Тоҷикистон Иди байналмилалии Наврӯз бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад. Истиқболи љашни Наврӯз баъд аз Ќатъномаи Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил мегардад.


Ривоят

Наврӯз яке аз қадимтарини идҳои ориёӣ буда, онро Ҷамшед асос гузоштааст. Ин ҷашн дар моҳи аввали баҳор, ки фарвардин ном дорад, баргузор мешавад. Дар ин рӯз офтоб ба хатти устувор меояд ва шабу рӯз баробар мешаванд. Рӯзи якуми фарвардинро рӯзи аввали баҳор - саршавии кишту кор, бедоршавии табиат, олами наботот, такмили дунёи нав медонистанд. Аз ин лиҳоз, Наврӯз фарорасии Иди баҳор, саршавии кишту кор мебошад. Тоҷикон дар ин рӯз хонаи худро сафед мекунанд ва ҳамаи касифиҳои соли гузаштаро берун месозанд. Сару либоси нав мепӯшанд ва орзуи то соли оянда беҳбудиҳои зиндагиро менамоянд. Ҳангоми таҷлили Наврӯз дар байни мардум оростани суфраи “Ҳафтсин” ва “Ҳафтшин” маъмул аст, ки ба он ҳафт ашёи сарҳарфи номашон “син” ва “шин” дохил мешуданд. 


Хулоса

      Наврӯз ҷашнест созандаву сулҳовар, муттаҳидкунандаи инсонҳо ва таблиғкунандаи дӯстию рафоқат, баробарӣ, адолату додгустарӣ ва ахлоқи ҳамидаи инсон. Ин ҷиҳати масъаларо ба эътибор гирифта, СММ 23-юми феврали соли 2010 дар Иҷлосияи 64 - уми Асамблеяи генералӣ қароре ба тасвиб расонд, ки тибқи он 21 - уми мартро Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон намуд. 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон 20 - уми марти соли 2019 дар шаҳри Норак таъкид кардаанд, ки “Мардуми тоҷик Наврӯзро дар давоми ҳазорсолаҳо ҳамчун яке аз оинҳои беҳтарини миллӣ аз насл ба насл мерос гузошта, то замони мо расонидаанд. Ин ҷашни бузург бо шарофати озодиву соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон на танҳо ба мақоми расмӣ соҳиб гардид, балки бо талошҳои Ҳукумати мамлакат ба ҳайси ҷашни эҳёи табиату зебоӣ мақоми байналмилалӣ касб кард ва имрӯз дар саросари олам таҷлил карда мешавад”.


Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий