Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
БОХТАР, 22 октябр. Дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Александр Фёдорович Худолеев мулоқот намуданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоратию иқтисодӣ, таҳкими робитаҳои байниминтақавӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштаракро дар соҳаҳои афзалиятнок баррасӣ карданд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид таъкид намуданд, ки муносибатҳои Тоҷикистону Беларус дар заминаи дӯстии анъанавӣ, эҳтироми ҳамдигарӣ ва эътимод рушд ёфта, вилояти Хатлон ба густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо шарикони беларусӣ манфиатдор мебошад. Дар ин замина, ба татбиқи Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Кумитаи иҷроияи вилояти Гомели Ҷумҳурии Беларус, ки соли 2017 ба имзо расида буд, инчунин Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2025–2026 таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Дар меҳвари суҳбат масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла тухмипарварӣ, чорводорӣ, табодули таҷриба ва ҳамкории мутахассисон, густариши содироту воридоти маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини хоҷагиҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир қарор гирифтанд. Ҳамчунин, имкониятҳои ҳамкорӣ дар самтҳои коркарду содироти меваҳои хушк, таъмини бозорҳо бо маҳсулоти хӯрокворӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва рушди соҳаи сохтмон баррасӣ шуданд.
Давлаталӣ Саид зикр намуданд, ки вилояти Хатлон яке аз минтақаҳои асосии аграрии кишвар буда, дар таъмини амнияти озуқавории Тоҷикистон саҳми назаррас мегузорад. Ба гуфтаи ӯ, беш аз 53 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии кишвар ба вилояти Хатлон рост омада, минтақа дорои имкониятҳои васеъ барои рушди истеҳсолот, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва тавсеаи содирот мебошад.
Сафири Беларус Александр Фёдорович Худолеев дар навбати худ изҳор дошт, ки бори нахуст ба Тоҷикистон ташриф овардааст ва аз ҳузур дар сарзамини тоҷикон изҳори хушнудӣ намуд. Ӯ омодагии худро барои густариши ҳамкориҳо бо вилояти Хатлон дар самтҳои гуногун, аз ҷумла содироту воридоти маҳсулоти кишоварзӣ ва хӯрокворӣ, меваҳои хушк, сохтмон ва таъмини бозор бо масолеҳи сохтмонӣ баён кард.
Ҳамчунин, ҷонибҳо масъалаи ба роҳ мондани робитаҳои мустақими соҳибкорон, барқарор намудани ҳамкориҳои амалӣ ва истифодаи имкониятҳои мавҷуда барои татбиқи ташаббусҳои муштаракро муҳокима намуданд. Дар ин замина, ба рушди ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзӣ, мубодилаи таҷриба ва густариши робитаҳо байни минтақаҳои ду кишвар аҳамияти хосса дода шуд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи муколамаи созанда, таҳкими муносибатҳои дӯстона ва рушди ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Беларус таъкид карданд.
Зикр гардид, ки густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак метавонад ба афзоиши ҳаҷми истеҳсолот, тавсеаи содирот, ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар вилояти Хатлон мусоидат намояд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон
Добавить комментарий
Ахбор
ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11ДАР НОҲИЯИ ЁВОН 10 ИНШООТИ ТОМАКТАБӢ БУНЁД МЕШАВАД 12:07ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД 12:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
МАРДИ МЕҲНАТ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР




