ГУЛ НИҲАМ БАР РӮИ ГӮРИ ҲАР ҶАВОН…
Ба озмуни “Нерӯи сухан”
Ба истиқболи 80-солагии зодрӯзи шоири ватандӯсту ҷавонмарги тоҷик Ҳабибулло Файзулло
Нигоҳи ҳарду ба илму адаб монанд. Истеъдоди ҳар ду модарзод.
Устод Улуғзода Ҳабибуллоро чун шогирди наздик дастгирӣ намуда, ба олами адаб дуо дод. Шоҳин бо устодаш Аҳмад Махдуми Дониш низ ҳамин тавр буд. Ҳабибулло Файзулло (1945-1980), Шамсиддин Шоҳин (1859-1894), ҳарду дар синни 35-солагӣ аз дунё гузаштаанд.
Шунидан кай бувад монанди дидан?
Чанд сол қабл бо якчанд нафар дӯстон тӯли ду ҳафта ба ноҳияи зебоманзари Ховалинги вилояти Хатлон рафта, бо мардуми меҳмоннавозу табиати нотакрори як гӯшаи биҳиштосои кишвар аз наздик ошно шудем. Бешак, табиати фусункори Ховалинг ба дидаҳо нуру ба дилҳо сурур бахшида, хастагиро рафъу руҳи касро болида месозад.
Бобоҷон ном шахсро маҳз ҳамин манзараҳои хушоянду дилкушои ин гӯшаи дурдасти диёрамон илҳом бахшида, ба эҷоди сатрҳои зерин водор намудааст:
Бӯи ҷаннат мекунад обу ҳавои Ховалинг,
Ҳамчу фирдавси барин бошад фазои Ховалинг.
Ман ба поси эҳтироми ҳазрати Қайси Қаран,
Саҷда кардам, бӯса кардам обу хоки Ховалинг.
Дар таърихи илму адабу фарҳанги тоҷик соҳибистеъдодҳои зиёдеро медонем, ки дар соҳаҳои гуногун ба ҳадди эъҷоз расидаанд. Бо иншои матлаби мазкур тасмим гирифтем ёде аз шоири дардошною ватандӯст Ҳабибулло Файзулло ва назаре ба паҳлуҳои зиндагию фаъолияти эҷодии ӯ карда, бардоштҳои хешро аз сафар ба зодгоҳ ва суҳбат бо ақрабою ҳамдиёрони адиби ҷавонмарг рӯйи коғаз орем.
Воқеан, истеъдоди нодиру шеърҳои рангини адиби ҷавон Ҳабибулло Файзулло таваҷҷуҳи ин ҷонибро ҳанӯз аз айёми донишҷӯӣ ба худ ҷалб карда буд. Дар он айём мо аз он ифтихор мекардем, ки як идда адибони соҳибном, аз қабили устод Лоиқ, Ҳабибулло Файзулло дастпарварони факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон (ҳоло ба номи устод Садриддин Айнӣ)-анду дар синни ҷавонӣ (21, 24-солагӣ) ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шуда, аз маҳбубияти хонандагони сершумор бархурдор шудаанд. Ҳақиқати ҳол ин аст, ки дар он солҳо мо аз файзи суҳбати устод Лоиқ борҳо бархурдор шуда, ба саволҳои зиёди худ посухҳои мушаххасу қонеъкунанда ҳам гирифта будем. Аммо бо адиби рангинбаёну шӯридадил Ҳабибулло дар Хонаи адибони Тоҷикистон ба номи устод Мирзо Турсунзода якчанд маротиба рӯ ба рӯ шуда бошем ҳам, мутаассифона суҳбати ӯ муяссарамон нагашта, дар дил ба дидору суҳбати қарибулвуқуаш умеду боварӣ доштем. Бадбахтона, соли 1980 риштаи ҳаёти адиби писандида Ҳабибулло Файзулло ба таври фоҷиавӣ канда шуда, даричаи умеди мулоқот бо ҳаводорони дидораш барои ҳамешагӣ баста шуд.
Бо лутфи Худованд ҳангоми сафар ба зодгоҳи шоир имкон даст дод, ки бо шахсияти шоир хубтар ошно гашта, савту садои каломи меҳрборашро бо гӯши дил амиқтар бишнавем. Барои пайдо кардану дарёфти маълумоти зарурӣ М. Сайтоҷов амалан кумак намуд. Ин марди фозилу инсони нексиришт баъди суҳбати самимонаю хотирмон аз мақсади инҷониб огоҳ шуда, ду дастаи бузурги аз китобу рӯзномаю маводҳои дигари чопию дастнависҳои гуногун фароҳам овардаашро, ки бештаринашон аз ҳаёту рӯзгор ва эҷоди адиби дардошно Ҳабибулло Файзулло ҳикоят мекарданд, дар хизмати муаллифи ин сатрҳо вогузор намуд. Маводи бастаҳои мазкур барои омодаю ба чоп расонидани ин матлаб ҳамчун сарчашмаи муътамад корбаст гардид.
Донишманди хушсалиқа ва пажўҳишгари таърихи ниёгон Амирхон Саидов аз ҳаёти бузургони илму адаби диёраш тариқи матбуот пайваста матлабҳо дарҷ менамояд. Ӯ дар «Ҳамтақдири Шоҳин» ном мақолааш, ки дар рӯзномаи ноҳивии «Ҳақиқати Ховалинг» чоп шудааст, шодравон Ҳабибулло Файзуллоро бо Шамсиддин Шоҳин ҳамтақдир дониста, бо роҳи қиёс шахсияти ҳардуро чунин арзёбӣ намудааст: «Падари ҳарду мулло Амону мулло Файзулло ном доштанд Нигоҳи ҳар ду ба илму адаб монанд.
Истеъдоди ҳарду модарзод.
Устод Улуғзода Ҳабибуллоро чун шогирди наздик дастгирӣ намуда, ба олами адаб дуо дод. Шоҳин бо устодаш Аҳмад Махдуми Дониш низ ҳамин тавр буд.
Ҳабибулло хеле барвақт ба шеъру шоирӣ рӯ оварда, онро мақсади ҳаёти наҷиб ва василаи хидмат ба халқу Ватан қарор додаст.
Нахустин чакидаи табъи гуҳарбори ӯ ҳанӯз дар синни 12-солагӣ, 2-юми сентябри соли 1957 дар рӯзномаи «Ҳақиқати Ховалинг» дарҷ гардидааст.
Воқеан, эҷодиёти адиби ҷавон таваҷҷуҳи пажўҳишгарони зиёди ватанию хориҷиро ба худ ҷалб намуда, онҳоро водор намудааст, ки доир ба ин ё он паҳлуи эҷодиёти шоир андеша ва нуқтаи назари хешро иброз доранд. Дар аксар хотироту ёдномаи дӯстону ҳамсабақони адиб таъкид гардидааст, ки шоири ҷавон Ҳабибулло Файзулло оромиро намеписандид.
Шабу рӯз шитоб дошт, меомӯхт, саховатпеша ва нисбат ба ёру дӯстон дилкушоду ҷоннисор буд.
Аз онҳо ҳеҷ чизро дареғ намедошт.
Ҳар маҳаллу водию ҳар қисмати Тоҷикистонро самимона дӯст медошт.
Ин адиби озодандешу меҳанпарвар дар тӯли ҳамагӣ 15 соли бо эҷод машғул гардиданаш шаш маҷмўаи шеърхояшро ба табъ расонидаасту аксар маҷмўаи осори шоир бо забонҳои русӣ, белорусӣ, арманию литвонӣ тарҷумаю нашр шудаанд.
Бо итминон гуфтан мумкин аст, агар ҳамдиёрони мо, бахусус ҷавонон, дар қатори осори безаволи адибони бузурги миллат маҷмӯаҳои ашъори баландмазмуни шодравон Ҳабибулло Файзулло - «Қатраи борон», «Дунёи ҷавонӣ», «Афсонаи дарё», «Достони роҳ», «Дидори орзуҳо», «Обшори офтоб», «Чил чанор», «Зи нав зинда шавем», «Куллиёт» ва «Паём»-ро мавриди мутолиаву баҳрабардорӣ қарор диҳанд, баробари дарки ҷаҳони ботинии суханвар, аз мазмуну мундариҷаи шеърҳои ӯ огоҳӣ пайдо намуда, ба ин васила ҳисси худшиносию инсонгароӣ ва ватандӯстиашонро рушду такомул дода, ба қадри худу дигарон бештару беҳтар мерасанд. Вақтро чун Ҳабибулло ғанимат медонанд, зеро гуфтаанд «Ҳар дам ғанимат аст, Одам ғанимат аст»!
Ҳар кӣ хайре карду мавқуфе гузошт
Роҳи хонаи падарии шоирро пеш гирифтем. Хушбахтона, дар назди ҳавлӣ моро махдуми Ҳадятулло - бародари бузурги Ҳабибулло Файзулло, ки ҳоло дар қайди ҳаёт нест, самимона истиқбол гирифт. Аз нақли ҳамсуҳбати мо маълум гардид, ки падари эшон Файзуллои Рауф баъди адои таҳсил дар яке аз мадрасаҳои Бухорои Шариф ба зодгоҳаш баргашта, ба фишору таъқиби болшевикон дучор шуда, ночор ба ҷои таълиму тадрис ба кори деҳқонӣ машғул мешавад.
Файзуллои Рауф соли 1947 дар синни 53-солагӣ олами фониро падруд гуфта, фарзандонаш Ҳадятуллои 13-сола, Ҳомидҷони 11-сола ва Ҳабибуллои 2-сола аз дидори шарифи падар абадӣ маҳрум мешаванд. Баъди даҳ соли вафоти қиблагоҳ бадбахтона модари меҳрубонашон низ хонадонро тарк намуд. Акнун бародари калонӣ Ҳадятулло барои аҳли хонавода саробон ва ҷойгузини волидон шуда, ташвиш ва ҳисси масъулияташ бештар гардид.
Бобои Ҳадятулло дар хусуси Ҳабибулло сухан ронда, иброз дошт, ки ӯ аз хурдсолӣ қобилияти фавқулодда доштаю майлу рағбаташ ба шеър ва каломи мавзун афзун будааст. Махдуми Ҳадятулло мулоқоту шиносоии Ҳабибуллоро бо адиби маъруф устод Сотим Улуғзода гардиши куллие дар ҳаёту рӯзгори бародараш меҳисобад.
- Ба вохӯрии онҳо ман сабаб шудам, -он рӯзҳоро ба ёд оварда , мегӯяд бобои Ҳадятулло ва меафзояд: -Яке аз рӯзҳои солҳои 60-уми асри гузашта буд. Баъди аз бозори Ховалинг баргаштан, хостам роҳи хонаро пеш гирам.
Дар саргаҳи кӯча адиби маъруф Сотим Улуғзодаро дидам, ки таом машғул буд. Нигоҳи ӯ ба чукриҳои дасти ман афтиду дарҳол аз ҷайбаш се сум бароварда, «Чукрӣ намефурӯшед?»-гӯён ба ман ҳамчун харидор муроҷиат кард. Бастаи чукриҳоро пешаш гузоштаму пулашро рад намудам. Нависанда 3-4 чукрӣ ҷудо карда гирифту боқимондаашро ба ман баргардонида, изҳори сипос намуд. Камина ба роҳам давом додам. Чун ба ҳавлӣ ворид шудам, таги пешдолон Ҳабибуллоро машғули шеърнависӣ дарёфтам.
- Ҳабибулло, медонӣ, чӣ?- бо суол ба ӯ рӯ овардам.
- Чӣ,- гӯён аз коғаз сар бардоштаву суоломез сӯям нигарист.
- Устод Сотим Улуғзода омадааст!
- Кӣ? Дар куҷо? - гӯён аз ҷо нимхез шуда, бо оҳанги нобоваронаю тааҷҷуби ошкоро пурсид Ҳабибулло.
- Дар саргаҳи кӯчаи назди бозори маркази ноҳия таом хӯрда истодааст. Мехоҳӣ ӯро бинӣ? ,-Гуфтам ба додарам.
Ҳабибулло гӯё болу пар бароварда бошад, коғазу қаламашро ба ҳоли худ гузошта, бе он ки ба суолам посух диҳад, дарҳол давида ба кӯча баромада, барои ба дидори адиби забардасти тоҷик мушарраф шудан шитобон сӯйи бозор роҳ пеш гирифт.
Сотим Улуғзода он рӯзҳо барои навиштани романи «Восеъ»-аш мавод ҷамъ мекард. Ҳабибулло, ки ҷавони қобилу дидадаро буд, бо устод вохӯрда, зуд унс мегирад ва ҳамчун роҳбалад нависандаро ба хонаи Бузургбобо ном шахс, ки синну солаш ба сад расида буд, мебарад. Ҳабибулло дар роҳ бо устод суҳбаткунон хатмкунандаи мактаби миёна буданашро гӯшрас намуда ҳунари шеърнависиашро ҳам ошкор менамояд. С. Улуғзода аз нигоҳи аввал шеъргӯии ӯро ҳавову ҳаваси як писарчаи деҳотӣ гумон мекунад, вале бо мурури замон пай мебарад, ки дар ниҳоди ин писарак истеъдоди худододе нуҳуфтаю ояндаи неку дурахшон ӯро дар пеш аст.
Ҳамин тариқ, адиби маъруф ба Ҳабибулло маслиҳат медиҳад, ки пас аз хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе супорад. Қобили қайд аст, ки нависандаи бузург дар интихоби кадри ҷавон ва роҳнамоии ӯ хато накарда будааст. Ҳабибулло Файзулло донишгоҳро бо баҳои аъло хатм карда, ҳанӯз дар давраи донишҷӯӣ бо пешгуфтори Сотим Улуғзода нахустин маҷмӯаи ашъорашро ба нашр расонидаву пешнињоди хонандагон намуд.
Бобои Ҳомидҷон, бародари дигари шоир дар суҳбат бо мо иброз дошт, ки ҷойи дӯстдоштаи Ҳабибулло дар Ховалинг мавзеи «Чашмаи Қазған» буд. Ӯ сари чанд вақт бо адибони соҳибноми кишвар устодон Ҷалол Икромӣ, Лоиқ Шералӣ, Гулрухсор, Бозор Собир, Саидалӣ Маъмур, Гулназар Келдӣ, Абдулҳамид Самадов ва дигарон ба зодгоҳаш омада, баъди тамошои Чилчанор дар мавзеи «Чашмаи Қазған» истироҳат мекарданд.
«Дафтари хотирот»-и Ҳабибулло
Аз ду бастаи бузурги китобу рӯзнома, маводи дигари чопию дастнависҳои дар ихтиёри мо вогузор намудаи М.Сайтоҷов таваҷҷуҳамонро аз ҳама бештар дафтарчаи киссагии аз адиби зиндаёд ба ёдгормонда ба худ ҷалб намуд, ки муқоваи кабудчатобаш бо мурури замон фарсуда шудаю дар муқовааш бо ҳуруфи чопи «Дафтари хотирот» сабт шуда буд.
Чун бо қайдҳои дохили дафтарча шинос мешудем, гумон мекардем, ки онҳоро Ҳабибулло ба тозагӣ иншо намудаасту худ кунун ба берун барои ҳавохӯрӣ баромадааст. Балки аз ҳар як сатри дафтарчаи қайду ёддоштҳо нафаси гарму ҳарорати дили меҳрпарвари шоир эҳсос мегардид. Воқеан дафтарчаи мазкур аз аҳамият холӣ набуда, ба хонандагон ва ҳаводорони ашъори адиб барои муайян кардани симои аслии эҷодкор, баҳрабардориаш аз адабиёти миллию ҷаҳон, тасвири табиати нотакрори диёр, майлу рағбаташ ба шеърҳои бачагона ва ғайра кумак мерасонад.
Шоири тоҷик ва удабои рус
Ҳ. Файзулло шеъри «Осень» («Тирамоҳ»)-и А.С.Пушкин ва боз як шеъри русиеро, ки муаллифаш А.Н.Майков ном шахс аст, дар дафтарчаи қайдҳояш сабт намудааст. Дар ҳарду шеър тасвири табиати зебо, абрҳои даргузару манзараи дилфиреби ҷангалзор, моҳи зебои шабгард ва тасвирҳои ба инҳо монандро мушоҳида кардан мумкин аст. Дар саҳифаҳои охири дафтарчааш адиб шеъри русии «Восход солнце»-ро, ки муаллифаш маълум нест, рӯбардору сабт намудааст, ки он ҳам аз тасвири табиат иборат мебошад. Аз қайдҳои мазкур ва мутолиаи ашъори эҷод намудаи шоири рангинбаёти тоҷик ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки ашъори ба тасвири табиат бахшидан удабои рус то андозае ба Ҳабибулло Файзулло илҳом бахшида, дар пайравӣ аз онҳо адиби тоҷик шеърҳои тасвирии хеш - «Яхрӯд», «Чанористон», «Мавҷ», «Дарёи Фон», «Дарёи куҳӣ», «Обшори Офтоб» ва ғайраро эҷод кардаю манзури хонандагон намудааст.
Назари шоирона ба табиат
Аз қайдҳои махсуси шоир маълум мегардад, ки ӯ қабл аз эҷоди шеърҳои манзаравӣ ё ба табиату ашё бахшидааш табиати атроф, дарахтон ё воқеаю ҳодисаю рӯйдодҳои дигарро дақиқ омӯхта, пас бо мазмуни баланду мантиқи қавӣ дар либоси зебои назм манзури ихлосмандону ҳаводорони ашъораш намудааст.
Поёнтари саҳифа шоир ҳашт мисраъ шеъре нигоштааст, ки бешак, маҳсули ҷустуҷӯю омӯзишҳои пайвастаи ӯ нисбати табиати нотакрор мебошад. 4 мисраи аввали он шеър чунин аст:
Абрҳои лоларанги осмон,
Ҳусни шаҳрамро дигаргун мекунад,
Рафтуову ҷилваҳояш бегумон,
Ёди рухи ёри мавзун мекунад.
Пасон Ҳабибулло Файзулло якчанд шеъри нотамомашро ки ба васфу тараннуми ишқу муҳаббати поки инсонӣ, баҳор, зебоиҳои олами атроф ва ҳамзамон тасвири ҳаёти беолоишу рангини кӯдакон эҷод кардааст, дар дафтарчаи ёддоштиаш сабт намудааст, ки намунааш ин аст:
Хоҳарчаи зебои ман,
Хушчақчақу яктои ман.
Бар мактабе донои ман,
Ҳар гоҳ ёдат мекунам,
Бо нома шодат мекунам.
Аз мутолиаи ҳар сатру вожаи ба ёдгор мондаи қаламкаши зиндаёд эҳсос мешавад, ки муаллиф шахсест соҳибдилу дардошно, фардест, ки ҷомеа дар ҳар давру замон ба чунин истеъдодҳои камназир ниёз дорад…
Таваҷҷуҳ фармоед ба шеъри дигари адиб, ки бо тасвирҳои нотакрори шоирона зеббахши дафтари қайдҳои адиб гардидааст:
Дидаам, ки модари фарроши ман,
Кӯчарӯбї мекунад дар нисфи шаб.
Мардумон хобанду лек то рӯз ӯ,
Менавозад савти ҷорӯбаш тараб.
Дар дафтарчаи ба ёдгор мондаи шоир Ҳабибулло Файзулло чанд қитъае аз адибони классики форсу тоҷик Муҳаммад Фахриддини Розӣ, Шайх Саъдии Шерозӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ рӯнавис карда шудааст, ки мазмуни баланди ахлоқӣ дошта, инсонро ба амалу корҳои нек ҳидоят месозанд. Яке аз он қитъаҳо ин шеъри машҳури Саъдист, ки шоири армонӣ дар интиҳои дафтарчаи ёддоштиаш гӯё барои ояндаи худу ҳушдори мо, ҳамзамононаш, ёдрас намудааст:
Ҳар кӣ хайре карду мавқуфе гузошт,
Расми хайраш ҳамчунон барҷой дор.
Номи неки рафтагон зоеъ макун,
То бимонад номи некат барқарор.
Пас аз сари ӯ мо ҳама дар сипосем
Рӯи ҳар як қабри мармар гул ниҳам,
Ман ба ёди ҳар ҷавонмарди шаҳид.
Гул ниҳам бар рӯи гӯри ҳар ҷавон,
К-аз баҳори умри худ серӣ надид.
Ҳабибулло Файзулло
Ҳабибулло соҳиби чор писари соҳибмаърифату ватандӯсту соҳибкасб буда, маҳз бо кӯшишу талоши онҳо ва мусоидату дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг дар назди қасри фарҳанги маркази ноҳияи мазкур нимпайкараи шоири меҳанпараст бо сабти ин шоҳбайти ӯ насб шудааст:
Аз соҳиле ба соҳиле танҳо гузаштаам,
Оташ ба дил ман аз дили дарё гузаштаам.
Дар сари турбати адиб
Қабристони Хоҷа Аюби Ансорӣ турбати шони оташниҳоду некзмир Ҳабибулло Файзуллоро дар оғӯш гирифтааст.
Дар санги мазораш сатрҳоеро ҳаккокӣ кардаанд, ки матни он ба қалами худи шоир тааллуқ дорад:
Баъди мо мерос дар рӯи ҷаҳон,
Одамию қадрдониҳои мост.
Ва дар анҷом бо манзури сатрҳои зерини адиби ҷавонмарг:
Ба ҳар як сатри шеърат
Дар варақҳои дили мардум,
Бимонад зинда номи ту.
Мақоми ту,
Умеди бардавоми ту
даст ба дуо мебардорем, ки гӯраш пурнуру хонаи охираташ обод бошад!
Азизи ФАТТОҲ, узви