Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
ҶОМӢ, 27 октябр. Зимни сафари корӣ ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бинои иловагии таълимиро дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23, воқеъ дар деҳаи Кӯшонободи ҷамоати деҳоти Хуррамдиёр, мавриди истифода қарор доданд.
Бинои нави таълимӣ аз чор синфхона иборат буда, барои фарогирии 200 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Иншооти мазкур бо саҳми сокинони маҳалла бунёд гардида, намунаи равшани ташаббускорӣ, масъулиятшиносӣ ва саҳмгузории аҳолӣ дар ободонии маҳал ва рушди соҳаи маориф мебошад.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни суҳбат бо сокинон ва ташаббускорони бунёди иншоот иқдоми онҳоро шоистаи дастгирӣ ва намунаи ибрат арзёбӣ карда, таъкид намуданд, ки саҳмгузорӣ дар бунёди муассисаҳои таълимӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи насли наврас нишонаи баланди ватандӯстӣ ва масъулият дар назди ҷомеа мебошад.
Таъкид гардид, ки беҳтар намудани шароити таълиму тарбия, фароҳам овардани имкониятҳои муносиб барои хонандагон ва ҷалби сокинон ба корҳои созандагӣ аз ҷумлаи омилҳои муҳими рушди соҳаи маориф ба ҳисоб мераванд.
Ифтитоҳи бинои нави таълимӣ имкон медиҳад, ки шароити таҳсили хонандагон беҳтар гардида, барои ташкили раванди таълим дар ду баст заминаи мусоид фароҳам оварда шавад.
Чунин иқдомҳои созандагӣ, ки бо ташаббуси сокинон амалӣ мегарданд, дар ободонии маҳал, рушди инфрасохтори иҷтимоӣ ва фароҳам овардани шароити беҳтар барои насли оянда нақши муҳим доранд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон
Добавить комментарий
Ахбор
ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11ДАР НОҲИЯИ ЁВОН 10 ИНШООТИ ТОМАКТАБӢ БУНЁД МЕШАВАД 12:07ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД 12:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
МАРДИ МЕҲНАТ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР




