Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии ҳосили сабзӣ идома дорад
Раиси ноҳияи Ҷайҳун Ализод Азизулло Муҳибулло бо мақсади шиносоӣ бо раванди ҷамъоварии ҳосили сабзӣ аз фаъолияти кишоварзон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия боздид ба амал овард.
Зимни боздид раиси ноҳия бо вазъи ҷамъоварии ҳосил шинос шуда, ба масъулини соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати сари вақт ҷамъоварӣ намудани маҳсулот, таъмини бозорҳои дохилӣ ва берунӣ бо сабзии тару тозаи истеҳсоли ватанӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фурӯши маҳсулоти кишоварзон дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Таъкид гардид, ки истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷудаи соҳаи кишоварзӣ, ба бозор баровардани маҳсулоти тару тоза ва танзими пешниҳоди он метавонад ба таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифат ва дастрас намудани нархи он мусоидат намояд.
Айни замон нархи як килограмм сабзӣ дар бозор 6,5 сомониро ташкил медиҳад. Бо мақсади мусоидат ба коҳиш ёфтани нархи маҳсулот ва таъмини мунтазами бозорҳои дохилию берунӣ бо сабзии тару тоза, раиси ноҳия ба масъулини соҳа дастур дод, ки барои ба фурӯш баровардани маҳсулоти кишоварзони ноҳия ва расонидани он ба бозорҳои истеъмолӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Кишоварзони ноҳияи Ҷайҳун бо истифода аз имкониятҳои мусоиди истеҳсолӣ дар таъмини бозорҳо бо маҳсулоти кишоварзии ватанӣ саҳми арзанда мегузоранд. Тақвияти ин раванд ба дастгирии истеҳсолкунандагони маҳаллӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва фаровонии маҳсулоти тару тоза дар бозорҳо мусоидат хоҳад кард.
С. СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11ДАР НОҲИЯИ ЁВОН 10 ИНШООТИ ТОМАКТАБӢ БУНЁД МЕШАВАД 12:07ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД 12:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
МАРДИ МЕҲНАТ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР



